Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нақлиёт: Мушкилот бо Узбакистон ҳал шуданд


Низом Ҳакимов
Низом Ҳакимов

Душанбе мегӯяд, монеаҳо зимни вуруди мошинҳои боркаш аз Эрону Туркия тавассути қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон, бартараф шудаанд.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки мушкилоти интиқоли молу коло аз Эрону Туркия тавассути қаламрави Узбакистон ҳал шудаанд.

Вай изҳор дошт, ки аввали моҳи равон боркашҳои Туркия ва Эрон зимни интиқоли бор ба Тоҷикистон мушкил доштанд, чун Узбакистон аз 1 уми январ убури мошинҳои ширкатҳои ҳамлу нақли Туркия ва Эронро тавассути қаламраваш манъ карда буд.

Ҷаноби Ҳакимов ин тасмими Тошкандро ба анҷоми муҳлати созишномаи ширкатҳои транзитии турку эронӣ бо Узбакистон рабт дод ва таъкид кард, ки айни ҳол ҳамаи монеаҳо бартараф шудаанд ва рафтуомади мошинҳо бемушкилӣ сурат мегирад.

Дар мавриди қарори дигари Узбакистон, ки аз аввали моҳи равон интиқоли гази моеъро бо автомобилҳо тавассути қаламраваш манъ кардааст, вазир гуфт, ки ба иқтисодиёт ва вазъи бозори маводи сӯхти Тоҷикистон таъсири калон нахоҳад дошт. Ба иттилои масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон беш аз 90 дарсади гази моеъ ба кишвар тавассути роҳи оҳан ворид мешавад.

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон Гулҷон Раҳимов, ронандаи яке аз мошинҳо борбар, ки дар хатти марзи минтақаи Турсунзода қарор дошт, дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷониби Узбакистон онҳоро барои убур аз қаламрави худ иҷоза намедиҳад ва тайи ду рӯзи ахир тақрибан 8 мошини ҳомили бору колоҳои мухталиф мунтазир истодаанд. Раҳимов илова кард, ки аз он тарафи марзи Узбакистон даҳҳо мошинҳои борбари Эрону Туркия низ наметавонанд ба воситаи қаламрави Узбакистон вориди Тоҷикистон шаванд.

Туркия ва Эрон ба қатори панҷгонаи калонтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон ворид шуда, додугирифти мол миёнашон асосан тавассути нақлиёти заминӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG