Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нармафзоре, ки корбарони Фейсбукро асабонӣ хоҳад кард


Як ширкати байналмилалии амниятӣ нармафзореро офаридааст, ки бо истифода аз иттилооти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаракати корбарони онҳоро пайгирӣ ва рафтори ояндаи онҳоро пешбинӣ мекунад.

Нашрияи бритониёии “Гордиан” менависад, ин нармафзори Raytheon, панҷумин ширкати бузурги низомӣ дар ҷаҳон, ба осонӣ метавонад, иттилооти зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Twitter and Foursquare-ро ҷамъоварӣ ва таҳлил кунад. Бо истифода аз ин нармафзор ва чанд клик, шумо метавонед, дар як лаҳза тасвири зиндагии шахс, дӯстонаш ва маконҳои саёҳати ӯро пайдо кунед. Ширкати Raytheon, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, мегӯяд, ин нармафзорро, ки Riot ном гузоштаанд, ба ҳеҷ яке аз мизоҷонаш нафурӯхтааст.

Дар видеое, ки рӯзномаи Гордиан ба даст овардааст, Брайан Юрк аз ширкати Raytheon шеваи кори ин нармафзорро шарҳ медиҳад. Райот бо дарёфти иттилоъ аз шабакаи иҷтимоӣ на танҳо аксҳои гузоштаи ин фард дар шабакаро нишон медиҳад, балки аён мекунад, ки ин аксҳо дар куҷо гирифта шудаанд. Дар ин видео, ки дар торнамои Гордиан гузошта шудааст, Брайан Юрк таърихи ҳаракатҳои яке аз кормандони ширкатро нишон медиҳад, ки пайваста ба Боғи марказии Вашингтон мерафтааст ва онҷо бо духтаре ҳам як акс гирифтааст.

Брайан Юрк дар ин видео мегӯяд, ки бо такя ба ин иттилоъ онҳо акнун медонанд, ки “Ник куҷо меравад, қиёфааш чӣ гуна аст ва аз ин баъд метавонанд, рафтори ӯ дар ояндаро пешбинӣ кунанд. Илова бар ин, нармафзори мазкур бо истифода аз иттилоот дар Твиттер нишон медиҳад, ки ягон корбари шабакаи иҷтимоӣ бештар бо кӣ бештар муносибат дорад, ба кадом гуруҳе шомил аст. Дар радёбии шахс ва пешбинии рафтори ӯ Форскуер, аппликейшни телефони ҳушманд низ кӯмак мекардааст, ки дӯстон ба якдигар аз тариқи он нишон медиҳанд, ки дар куҷо ҳастанд.

Айни замон аз Foursquare 25 миллион нафар истифода мекунанд. Брайан Юрк дар ин видео нишон медиҳад, ки чӣ гуна бо ин нармафзор метавонед, макони будубоши фарди дилхоҳро пайдо кунед. Ӯ Никро мисол меорад, ки ҳар рӯзи душанбе соати шаш ба толори варзишӣ меравад ва меафзояд, агар Ник ва ё лаптопи ӯро суроғ доред, аз ҳамон маҳал пайдояш мекунед.

Гирифтани иттилоъ аз торнамоҳои умумӣ барои мақомоти интизомӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қонунӣ аст ва моҳи феврали соли гузашта FBI - Хадамоти федеролии таҳқиқоти Амрико аз ҷумла хост, то як нармафзоре сохта шавад, ки бо истифода аз он тавонанд, “гуруҳҳо ва корбарони бад” дар шабакаҳои иҷтимоиро назорат кунанд.

Ҷинҷер Маккол, як вакили дифоъ аз Маркази иттилооти хусусии ёлектронӣ мегӯяд, нармафзори Raytheon мояи нигаронӣ аст, зеро метавонад, иттилооти хусусии корбаронро ғайриқонунӣ ҷамъ кунад. Аммо Ҷейрд Адамс, сухангӯи ширкати Raytheon, гуфтааст, ки офаридани чунин нармафзор барои таъмини амнияти Амрико муҳим аст, вале он ба иттилооти хусусӣ, ба мисли ҳисоби бонкиву рақами шиноснома, кор нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG