Бунёдгузори Фейсбук дар сафҳаи худ дар ин шабакаи иҷтимоӣ навишт, ки ин маблағро ба ҳисоби Silicon Valley Community Foundation гузаронд, ки барои тарҳҳои гуногуни омӯзишу парвариш ва беҳдошту муолиҷа грант медиҳад. Ҳамчунин ин бунёд сар аз соли 2011 мудирияти 2 миллиард доллари хайрияҳои гуногунро ба даст гирифтааст, ки асосан барои сармоягузории ширкатҳои навпои иттилоотӣ дар Калифорния харҷ мекунад.
Мудири кулли бунёд Эмметт Карсон гуфт, «тӯҳфаи олиҳимматонаи Марк метавонад ҳаёти биёср одамонро тағйир диҳад ва онҳоро ба кашфиёти наве водор намояд, ки ҳаёти моро иваз мекунанд.»
Ҷаноби Зукерберг дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт, «умедвор аст, ки барномаҳои ӯ самараи мусбат ва дарозмуддат хоҳанд дошт. Хайрияи ӯро дар давоми 8 соат аз зиёда аз 160 ҳазор корбари Фейсбук писандиданд ва чанд ҳазор нафар онро бознашр намуданд.
Марк Зукерберг ҳамроҳи ҳамсараш Пристсилла ҳанӯз ду сол пеш қарор карда буданд, ки бахши калони даромади шахсии худро ба корҳои хайр сарф кунанд.
Дар ҳоли ҳозир сарвати Зукерберг 14,1 миллиард доллар баровард мешавад, ки ӯро дар миёни бойтарин одамони ҷаҳон дар ҷои 59-уми қарор медиҳад. Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров 26-уми ноябри соли 2012 дар рӯзи бастани Фейсбук барои тоҷикистониён ба Радиои Озодӣ гуфта буд, мехоҳад Зукербергро даъват кунад ва аз ӯ пурсад, ки оё андоз месупорад ё не. Маблағе, ки Зукерберг имрӯз ҳадя кард (500 миллион доллар) аз андозҳои ӯ ба Иёлоти Муттаҳида кам карда хоҳад шуд.