Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви ҲИУ дар шимоли Тоҷикистон ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд


Таркиш дар бинои бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар Хуҷанд 4 куштаву 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд
Таркиш дар бинои бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар Хуҷанд 4 куштаву 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд

Додгоҳи Хуҷанд як сокини ноҳияи Истаравшанро дар ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистион (ҲИУ) гунаҳкор ва ба нуҳу ним соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Шуҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд, ки раисӣ дар ин мурофиаро бар уҳда доштааст, ба радиои «Озодӣ» гуфт, Ҷасур Қурбонов, ҷавони 27 сола, сокини деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшан аз ҷониби кормандони интизомӣ дар ҳоле дастгир шуд, ки баъд аз таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор гирифтани падар ва падарарӯсаш бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар таркиши интиҳории бинои бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта (РУБОП)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Хуҷанд дар тирамоҳи соли 2010, ҳамроҳи ҳамсар ва ду кӯдакаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар хонаи иҷора мезист ва ба тиҷорат машғул буд.

“Вай моҳи майи соли 2012 бо тавсияи падарарӯсаш - Абдумаҷид Нозиров ба Иброҳим Сатторов, сокини ноҳияи Қубодиён ва узви ҲИУ, ки таҳти пайгард қарор дошт, дар манзили як шиносаш дар Хуҷанд ҷойи хоб фароҳам карда, ба вай бо додани симкорти телефони ҳамроҳ ва раҳбаладӣ ёрӣ мерасонад. Сатторов бо шиносномаи қалбакӣ бо номи Ҳабибулло Турахонов аз Маскав ба Хуҷанд омада буд ва баъди муддате аз роҳи Суғд ба Қирғизистон меравад ва аз ҷониби кормандони амнияти ин кишвар дастгир мегардад. Баъди ин Ҷасур Қурбонов ба Қӯрғонтеппа ба хонаи аммааш рафта, қасд дошт ба Русия фирор кунад. Моҳи ноябри соли 2012 вай замони боздошт бо пешниҳоди 6 ҳазор сомонӣ ришва ба корманди масъули РУБОП мехост худро халос кунад, вале дастгир ва ба Хуҷанд интиқол шуд”, - афзуд додрас Аҳроров.

Ба гуфтаи додрас Аҳроров, маҳкумшуда Қурбонов дар мурофиа аз додгоҳ хоҳиш кардааст, ки вайро гунаҳкори сахт наҳисобад, зеро бо нафари паноҳгоҳдодааш - Сатторов шиносоии наздик надошт ва намедонист, ки вай узви ҲИУ аст. Аммо додгоҳ ин хоҳиши ӯро рад кард ва Қурбоновро мутобиқи 2 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, моддаи 187 - иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ва 307 - иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ гунаҳкор донист.

Дар ҳамин ҳол, дар додгоҳи Хуҷанд бозбинии парвандаи як нафари дигар бо иттиҳоми мансубият дар ҲИУ идома дорад. Ба гуфти додгоҳ, Фахридин Бозоров, сокини 40 солаи ноҳияи Панҷакент, замони зисти муваққатӣ дар Хуҷанд соли 2008 ба ин созмони террористӣ пайваста, то ҳол дар он фаъолият доштааст.

Зарафшони Тоҷикистон ҳарчанд бо Узбакистон ҳаммарз аст, вале ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳеҷ вақт дар ин минтақа ҲИУ фаъолияти чашмрас надоштааст. Сокинони камшумори ин минтақа замони иқомат дар қисмати марказии Суғд бо гумони ҳамроҳӣ бо ҲИУ боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG