Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ҲИУ кушта шудааст


Усмон Одил, аз наздикони асосгузори ин ҷунбиш Тоҳир Юлдош ва аз собиқадорони ин ҳаракат маҳсуб мешуд
Усмон Одил, аз наздикони асосгузори ин ҷунбиш Тоҳир Юлдош ва аз собиқадорони ин ҳаракат маҳсуб мешуд

Торнамои Ҳаракати Исломии Узбакистон бо пахши як баёния марги раҳбари худ Усмон Одилро тасдиқ карда, аз таъйини раҳбари нави ҳаракат иттилоъ додааст.

Ба навиштаи пойгоҳи интернетии furqon.com, Усмон Ғозӣ ном нафари то ҳол ноошное раҳбари нави Ҳаракати Исломии Узбакистон интихоб шудааст.

Усмон Одил -- домоди асосгузори ин ҷунбиши мазҳабӣ Тоҳир Юлдош буд ва баъд аз кушта шудани ӯ дар соли 2009-ум раҳбарӣ дар Ҳаракати Исломии Узбакистонро бар ӯҳда гирифт. Вай ҳудуди 37 сол дошта, аз собиқадорони Ҳаракати Исломии Узбакистон муаррифӣ мешуд.

Мақомоти Покистон қаблан гуфта буданд, ки раҳбари исломгароҳои узбак дар натиҷаи ҳамлаи ҳанӯз моҳи апрели ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи қабиланишин кушта шудааст.

Аъзои ин ҷунбиш, ки барои сохтани "давлати исломӣ" мубориза мебарад, асосан дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурдаанд.

Хабари марги Усмон Одил ва таъйин шудани Усмон Ғозӣ ба унвони ҷойгузини ӯ дар айни дубора авҷ гирифтани ситезаҷӯӣ дар Осиёи Марказӣ ва фаъол шудани авзои ин ҳаракат дар шимоли Афғонистон, таъйид мешавад.

ТАЪРИХЧАИ МУХТАСАРИ ҲИУ

Тоҳир Юлдош, раҳбари қаблии ҲИУ дар аввали солҳои 1990, дар пайи як ошӯби худҷӯш дар Узбакистон алайҳи ҳукумати Ислом Каримов дар соли 1992-юм ба Тоҷикистон фирор кард. Дар он солҳо Тоҷикистон дучори нооромиҳо буд. Моҳи марти соли 1993-юм ӯ бо ҳамроҳонаш ба Афғонистон гузашт. Аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон бо сарварии Тоҳир Юлдош дар ҷангҳо муқобили ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷониби ИНОТ ширкат намуданд.

Раҳбарони мухолифини собиқи давлати Тоҷикистон мегӯянд, Тоҳир Юлдош дар соли 1994-1995-ум ҳамроҳи муҳоҷирони тоҷик дар урдугоҳи Сахӣ дар шимоли Афғонистон буд. Аммо пас аз он ки нерӯҳои Иттиҳодияи оппозитсиюни тоҷик, таҳти сарварии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳукумат талошҳо барои оштӣ шуданро оғоз карданд, Тоҳир Юлдош ин сулҳро напазируфт ва инҷоро тарк гуфт.

Тоҳир Юлдош пас аз кушта шудани Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи низомии Ҳаракати Исломии Узбакистон, дар Афғонистон дар соли 2001-ум тамоми умури ин ҳаракатро дар дасти худ гирифт. Ин гурӯҳ бо Толибон ва бо гурӯҳҳои Ал-Қоида ҳамкорӣ доранд ва ҳамин ҳамкориҳо заминаи мавҷудияти онҳо ва идомаи фаъолияти онҳоро таъмин мекунад.

Шумораи аъзои ин гурӯҳ то 2000 нафар тахмин зада мешавад. Баъзе аз аъзои он боздошт ва ё кушта шудаанд, вале аъзои нав низ ба суфуфи ин ҳаракат сафарбар шудаанд, ки шумораи онҳо номаълум боқӣ мемонад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта аз чанд маврид боздошт ва маҳкумияти аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон, махсусан дар вилояти Суғд хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG