Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираи тилову асъор қариб 1 миллиард $ шудааст


Абдуҷаббор Ширинов
Абдуҷаббор Ширинов
Захираи тилову асъори Тоҷикистон дар соли 2012 170,4 миллион доллар афзуда, ба 972 миллион доллар расидааст. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар нишасти хабариаш гуфт, танҳо захираи тилои кишвар 11 тоннаро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи оқои Ширинов, Душанбе захираи тилову асъорашро дар Бонки миллӣ ва ҳам дар бонкҳои Олмону Швейтсария ва Амрико нигоҳ медорад. Бонки миллӣ танҳо дар як соли охир 1,1 тонна тило харидааст. Як сол пеш захираи тилову асъори Тоҷикистон 801,6 миллион доллар буд.
XS
SM
MD
LG