Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 27 соли зиндон барои гумонбар дар қатли язнаи президент


Холмӯъмин Сафаров
Холмӯъмин Сафаров

Додситонӣ барои Диловаршоҳ Қосимов, ки дар куштори Холмӯъмин Сафаров, язнаи раисиҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам мешавад, 27 соли зиндон талаб кардааст.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Диловаршоҳ Қосимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки рӯзи 15-уми январ дар мурофиаи додгоҳӣ, ки пушти дарҳои баста ҷараён мегирад, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас талаб кардааст, Қосимовро ба 27 соли зиндон маҳкум кунад.

Қудратов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, ки додситонӣ иттиҳомот алайҳи зерҳимояаш, Диловаршоҳ Қосимовро собитшуда медонад ва талаб дорад, ки номбурда бо ҷурми куштор, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва бисёрзанӣ 27 соли ояндаро дар маҳбас сипарӣ кунад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи Қудратов, фарди зери ҳимояи ӯ фақат айбномаи бисёрзаниро эътироф кардааст, ки бар пояи он бояд ба маблағи якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима супорад.

Дар мавриди иттиҳом ба куштори Холмӯъмин Сафаров, Қудратов афзуд, ки айбнома алайҳи зерҳимояаш бар асоси тахмину фарзия таҳия шудааст ва дар парванда ягон шаҳодату далели қатъие нест. Ба гуфтаи вакили мудофеъ ҳеҷ кадоме аз шоҳидони дар ҷараёни мурофиа пурсидашуда бо чашмони худ қотилро надидаанд ва ё ин, ки аз дур танҳо суроби қотилро дидаанд, ки ӯро намешиносанд.

Ду тан аз ин шоҳидон гуфтаанд, ки аз дур 2 нафарро дидаанд, ки яке аз онҳо пеши роҳи Холмӯъмин Сафаров-язнаи президентро гирифт ва дигарӣ аз ҷайбаш туфангчаро бароварда, ӯро парронд. Аммо азбаски маҳалли ин ҳодиса тира буд, онҳо натавонистаанд чеҳраи қотилонро бубинанд. Далели дигаре, ки ҳамчун мавод дар ҷараёни додгоҳӣ истифода шудааст, як навори видеоӣ аст, ки ба қавли Шуҳрат Қудратов, тақрибан чизе дар он мушоҳида карда намешавад.

Хабаргузории “Азия плюс” навиштааст, ки додситонӣ ду муттаҳами дигар - бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳоро барои нарасонидани хабар дар бораи ҷиноят муттаҳам намуда, талаб кардааст, ки онҳо мутаносибан ба муддати 8 ва 3 сол аз озодӣ маҳрум шаванд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр мурофиаи афроди муттаҳам дар қатли раҳбари 57-солаи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” Холмӯъмин Сафаровро пушти дарҳои баста оғоз кард. Холмӯъмин Сафаров моҳи июн дар назди манзилаш дар маҳаллаи "Автовокзал"-и Душанбе кушта шуд.

Бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ӯ соҳибкор Диловаршоҳ Қосимов ва бародарон Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил бо иттиҳоми хабар нарасондан ба мақомот, ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Қосимов дар ибтидо ба даст доштанаш дар қатли домоди президент иқрор кард, вале баъдан гуфт, ки таҳти шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ шудааст.

Боздошти қотили эҳтимолии Холмӯъмин Сафаров (Навор аз бойгонӣ)

Боздошти қотили эҳтимолии Холмӯъмин Сафаров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00
XS
SM
MD
LG