Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии пайвандони гумонбар дар қатли Х.Сафаров


Холмӯъмин Сафаров
Холмӯъмин Сафаров

Наздикони гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров мегӯянд, натавонистанд дар танҳоӣ бо Диловаршо Қосимов сӯҳбат кунанд.

Наздикони Диловаршо Қосимов, нафари гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров, мудири Сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, иттиҳоми ворида алайҳи ӯро “тӯҳмат” унвон карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар марҳилаи аввали бозрасӣ таҳти шиканҷа ва озори равонӣ Қосимов маҷбур шудааст, гуноҳи накардаро бар дӯш гирад, вале дар ин чанд гоҳи ахир даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кардааст.

Як нафар аз наздикони Қосимов мегӯяд, ӯ ба дурустии тафтишоти ин қазия аз ҷониби бозрасон тардид (шак) дорад, зеро онҳоро ҳатто барои як маротиба нагузоштанд, дар танҳоӣ сӯҳбат кунанд: “Рости гап, ба фикри ман, ин кор тӯҳмат аст. Нодуруст тафтиш карда истодаанд. Розӣ нестам аз кори тафтишот. Намонданд моро, ки ҳамроҳаш гап занем. Танҳо намондан гап занем, ки ӯ ин корро кардааст ё накардааст. Ҳеч чизро намефаҳмӣ.”

Норизоиятии наздикони нафари мазнун дар қатли Холмӯъмин Сафаров дар ҳолест, ки бар асоси тасмими Додситони кул мӯҳлати боздошти Диловаршо Қосимов дар боздоштгоҳ барои ду моҳи дигар тамдид (дароз) шудааст.

Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи тафтишоти ин қазия, иллати тамдиди мӯҳлати боздошти ҷаноби Қосимовро нахост шарҳ диҳад. Вай дар як тамоси хеле кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ин сирри бозрасист: “Ин сирри тафтишот аст. Ҳоло дар бораи он чизе гуфта наметавонам.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00
Линки мустақим


Аммо Ҷӯрабой Сӯфиев, яке аз ҳимоягарони Диловаршо Қосимов, гуфт, то кунун бозрасӣ натавонистааст, ҳама маълумоти ҷамъовардаашро натиҷагирӣ кунад. Зеро барои ниҳоӣ кардани санади иттиҳом хеле аз далелу ваҷҳҳо кофӣ ва эътимодбахш нестанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, аз ҷумла ҳанӯз силоҳеро, ки аз он Холмӯъмин Сафаров кушта шудааст, ташхиси баллистикӣ муайян накардааст: “Чанде аз ҳаракатҳои тафтишот ҳанӯз мондааст. Хулосаи экспертизаи баллистикӣ, рӯбарӯкунӣ бо нафари гумонбари дигар ва ташхиси биологӣ. Шояд то охири моҳ ин ҳама ба анҷом бирасад.”

Ҳодисаи куштори Холмӯъмин Сафаров, аз хешовандони наздики президент Эмомалӣ Раҳмон, шаби 13-уми июн дар наздикии хонааш дар маҳаллаи мавсум ба “Автовокзал”-и Душанбе рух дода буд. Мақомот барои дарёфти ҳарчи зудтари қотил як хонаи дуутоқа дар шаҳри Душанбе ҷоиза таъйин карданд. Вале танҳо пас аз як моҳи ҳодиса вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҷараёни як амалиёт қотили Сафаровро боздошт кардаанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ҷоиза барои боздошти шахси қотил ба як шаҳрванд дода шудааст. Аммо як манбаи огоҳ аз ин қазия гуфт, ин ҷоизаро на шаҳрванди оддӣ, балки як масъули баландмақоми вазорати умури дохилӣ соҳиб шудааст.

Дар ин миён ду бародар - Тоҳир ва Фозил Ҳакимовҳо, аз наздикони яке аз масъулони баланпояи ҲНИТ низ бо иттиҳоми шарикӣ дар ҳодисаи куштори Холмӯъмин Сафаров дастгир шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор доранд. Диловаршо Қосимов, дар гузашта корманди кони тиллои Шугнов буда, то замони боздошт ба тиҷорат машғул будааст. Бо ин ҳол, пайвандони ӯ бар ин боваранд, ки дар ниҳояти кор қазия дуруст тафтиш хоҳад шуд, зеро раисиҷумҳури Тоҷикистон онро зери назорати худ қарор додааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG