Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ як маъмури пулисро барои "шиканҷа" ба зиндон фиристод


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як маъмури вазорати умури дохилии Тоҷикистонро ба иттиҳоми «шиканҷа», барои як сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Хусрав Ниёзқулов -- корманди Раёсати умури дохилии вилояти Суғдро, ки моҳи июни соли ҷорӣ як ҷавони дискфурӯшро ба гумони фурӯши дискҳои фаҳшо ё порнографӣ боздошт намуда, дар утоқи кориаш латту кӯб кардааст, барои як сол равонаи зиндон намуд. Бар асари латукӯб, гӯши ҷавон дарида, гурдааш зарар дидааст.

Мақомоти додситонӣ ба дунболи ин ҳодиса дар нисбати ин маъмури пулис мутобиқи банди 143 и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “шиканҷа”, иттиҳом пешниҳод карданд, вале Ниёзқулов дар ҷараёни бозбинии аввалияи парванда ин гуноҳро ба гардан нагирифта буд. Хусрав Ниёзқулов дар пайи ин қазия аз вазифа сабукдӯш шуда, замони баррасии парвандааш дар додгоҳ ба шарти берун нарафтан аз маҳали зист, дар озодӣ ба сар мебурд.

Банди “Шиканҷа” ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи марти соли равон ворид гардида, дар вилояти Суғд бо ин ҷурм бори аввал парванда боз шудааст. Барои аввалин бор дар дар шимоли Тоҷикистон як маъмури пулиси барои шиканҷа боздоштшудагон равонаи зиндон шуд.

Дар Тоҷикистон ин дуюмин парванда маҳсуб меёбад. Моҳи сентябри соли равон барои бори нахуст дар Тоҷикистон, додгоҳ як корманди милисаи ноҳияи Ёвон, Машраф Алиевро ба гуноҳи шиканҷа додани як навҷавон барои 7 соли ҳабс паси панҷара фиристода буд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябр дар мулоқот бо намояндагони мақомоти интизомӣ бахшида ба Рӯзи милиса, корбурди шиканҷаро маҳкум ва даст кашидан аз ин амали нангинро талаб кард. Вай таъкид кард, ҳеҷ як корманди интизомӣ дар ҳеҷ ҳолат ба шиканҷа додан ҳақ надорад.
XS
SM
MD
LG