Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи вакилони қирғизро ба таъхир андохтанд


Додгоҳи Қирғизистон муҳокимаи се вакили порлумонро ба таъхир андохт,ки аз ҷумла ба барангехтани бетартибиҳои оммавӣ муттаҳам мешаванд. Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамутов, пешвоёни Ҳизби Меҳани Қирғизистонро ҳамчунин ба талош барои сарнагун кардани ҳукумат муттаҳам мекунанд. Моҳи октябр ин се раҳбари мухолифини Қирғизистон дар назди порлумон як тазоҳурот баргузор карданд, ки дар ниҳоят ба хушунату бетартибӣ печид. Муҳокимаи онҳо рӯзи панҷшанбе дар додгоҳи шаҳри Бишкек оғоз шуд, вале вакилони дифоъи муттаҳамон бо изҳори нобоварӣ ба яке аз додрасон, хостанд, ки ӯро иваз кунанд. Додгоҳ ба ин дархост мувофиқа кард ва гуфт, то замони ёфтани додраси муносиб, муҳокима ба таъхир гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG