Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯш -"пойтахти маводи мухаддир"-и Осиёи Миёна?


Шаҳри Ӯш дар Қирғизистон бо номи “пойтахти ҷанубӣ” шӯҳратёр аст ва ҳам бо номи “пойтахти маводи мухаддир”, ки албатта мояи ифтихори шаҳр нест.

Ӯшро барои он чунин номи манфӣ гирифтааст, ки мушкили маводи мухаддир дар он бисёр ҷиддӣ аст, зеро ин шаҳр дар як роҳи асосии ин қочоқи ҳероину ҳашишу тарёк ба Афғонистон ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо воқеъ шудааст.

Маводи мухаддир, бахусус ҳероинро аввал аз Афғонистон ба Тоҷикистон меоранд ва сипас ба шаҳри Ӯш, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Баъдан ҳероин аз Ӯш ба шимол ба шаҳри Бишкек ҳаракат мекунад ва ба марзи Қазоқистон мерасаду то ба Русия меравад. Фақат мавқеъи ҷуғрофӣ ва марзи тӯлониву бепосбони Қирғизистон бо Тоҷикистон сабаби “пойтахти маводи мухаддир“ ном гирифтани Ӯш нест, балки чанд омили дигар низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла фасоду фақр.

Руслан Олтибоев, муовини сардори гурӯҳҳои зудамали Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Қирғизистон дар ин бора мегӯяд: “Сабаби аввали вуруди миқдори зиёди маводи мухаддир ба кишвари мо мавқеъи ҷуғрофии он аст, ки дар роҳи шимоли қочоқи маводи мухаддир ҷойгир шудааст. Сабаби дуввум вазъи бади иҷтимоӣ. Бо истифода аз ҳамин шароити бад, қочоқбарону ҷинояткорон мардумро ба қочоқ ва хариду фурӯши маводи мухаддир ҷалб мекунанд. “

Қирғизистон, ки хонаи панҷуним миллион нафар аст, мисли Тоҷикистон аз кишварҳои фақири шӯравии собиқ ба ҳисоб меравад ва сарчашмаи аслии даромади он истихроҷи тилло аз як кони бузург ва ҳам пули муҳоҷирони кории қирғиз аст. Фақри густурда, кори қочоқбаронро осон мекунад, ки барои интиқоли “моли кушандаи” худ, ба қадри кофӣ одам меёбанд. Бино ба гузоришҳо, чаҳоряки ҳероини тавлидшуда дар ҷаҳон аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузарад.

Токтомамат Мамашев, муовини раиси бахши Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Қирғизистон мегӯяд, танҳо дар соли гузашта онҳо, бештар аз 6 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 76 кило ҳероин кашфу забт кардаанд. Аммо ҳероину тарёку ҳашиши фаровон дар Ӯш, ранҷи мардум дар ин шаҳрро низ бештар кардааст, чун теъдоди мӯътодон дар он тайи солҳои ахир зиёду зиёдтар мешаванд.

Дилдор, яке аз сокинони Ӯш, борҳо саъй кардааст, ки аз ин одати бад даст кашад, вале бенатиҷа: “Кас ҳамеша орзу мекунад, ки ин одатро бас кунад ва аз он нашъамандӣ раҳо шавад. Ман се ва ё чаҳор бор кӯшиш кардам ва ҳатто ба Русия рафтам. Вале вақте бармегардӣ, медонӣ, ки ҳатто ба хона нарафта назди фурӯшандаи маводи мухаддир меравӣ ва ин заҳҳро ба хона мебариву истифода мекунӣ. Ҳамингуна боз сар мешавад. “

Бар асоси омори шифохонаи минтақавии муолиҷаи мӯътодон, дар шаҳри Ӯш 1400 мӯътоди маводи мухадир сабти ном шудаанд. Аммо ба гуфтаи сартабиби ин шифохона Айдул Саъдиева, теъдоди воқеъии онҳо шояд даҳ маротиба бештар бошад. Шаҳри Ӯш соли 2010 саҳнаи муноқишаҳои хунин миёни ӯзбаку қирғизҳо буд. Бовар меравад, ки мақомоти фосид ва гурӯҳҳои қочоқбар дар барангехтани ин низоъҳо даст доштанд, ки садҳо нафарро кушт ва ҳазорон нафарро бехонумон кард.

Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, соли 2009 Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро барҳам дод, аммо як сол баъд аз суқути ҳукумати ӯ, ин ниҳодро дигарбора барқарор карданд. Созмони Милал, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар мубориза бо қочоқ аз ҷумла барои посбонии марзҳо ба Тоҷикистону Ӯзбакистону Қирғизистон кӯмак мекунад, соли гузашта эълом кард, ки барои ин кор ба Бишкек 3,5 миллион доллар кӯмаки молӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG