Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кетрин Эштон бо чӣ паёме ба Осиёи Марказӣ меравад?


Кетрин Эштон
Кетрин Эштон

Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният Кетрин Эштон рӯзи 26 ноябр ба сафари Осиёи Марказӣ меравад.

Тайи сафари нахустинаш ба ин минтақа, ки то 30 ноябр давом хоҳад кард, қарор аст, хонум Эштон аз Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Узбакистон боздид кунад. Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни ин силсиласафар дидори ӯ бо мақомоти аршади Туркманистон ҳам дар назар гирифта шудааст.

Дар пешорӯи сафари нахустин ва таърихии раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА ба Осиёи Марказӣ, Human Right Watch (HRW), аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, бо пахши як баёния гуфт, Кетрин Эштон бояд бо ҳомиёни ҳуқуқи башар низ мулоқот карда, ба раҳоии фаъолони боздоштшуда дар минтақа даъват кунад.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, “сафари Эштон имтиҳони тааҳҳуди ИА дар мавриди дар авлавияти сиёсаташ қарор додани масоили ҳуқуқи башар хоҳад шуд.” Ба бовари Human Right Watch, "ИА ваъдаи ҳимоят аз озодиву демократия ва ҳуқуқи инсон дар саросари дунёро додааст ва муомилоташ бо Осиёи Марказӣ дар бахшҳои тиҷориву энержӣ ва низомӣ набояд мушкилоти ҳуқуқи башарро дар соя биандозад.”

Бино бар ин баёния, сафари Кетрин Эштон ба минтақа дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дар ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ рӯ ба коҳиш оварда, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мухолифинро ба зиндон меафкананд, созмонҳои шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ба маҳдудияту таъқиб дучор шуда, ҳатто баста мешаванд.

Стив Свердлов, намояндаи Human Right Watch дар Вошингтон, ки ба тозагӣ аз сафари Тоҷикистон баргаштааст, рӯзи 22 ноябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, чанд масъалаи муҳим дар миён ҳаст, ки Кетрин Эштон бояд ҳатман дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе бо мақомоти
Стив Свердлов
Стив Свердлов
Тоҷикистон матраҳ кунад: “Кетрин Эштон имкони нодире дорад, ки дар Тоҷикистон мушкилотеро, ки ҳомиёни ҳуқуқ чандин сол боз гирифтораш ҳастанд, дар мазҳари омм гузорад. Яке аз чунин мушкилоти деринаи Тоҷикистон хушунати хонаводагист ва мо умедворем, ки хонум Эштон Душанберо ба таҳия ва тасвиби қонуни мубориза бо хушунати хонаводагӣ ташвиқ кунад. Мавзӯъи дигари хеле муҳим шиканҷа аст ва мо умедворем, Эштон мақомоти Тоҷикистонро ба иҷрои комили тамоми тавсияҳои гузоришгари вижаи СММ Хуан Мендес даъват хоҳад кард.”

Стив Свердлов афзуд, намояндаи ИА бояд ҳатман масъалаи саркӯбии созмонҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла қазияи созмони “Ампаро”-ро, ки дар бораи мавридҳои шиканҷа дар артиши Тоҷикистон гузориш медод ва ахиран аз сӯи додгоҳи Хуҷанд баста шуд, бо мақомоти Душанбе дар миён гузорад. Оқои Свердлов гуфт, сафари ахири ӯ ба Тоҷикистон низ ба қазияи "Ампаро" рабт дошт. Ин намояндаи Human Right Watch умедвор аст, ки Кетрин Эштон бо ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам мулоқот карда, ҳимояти худ аз онҳоро дар мазҳари омм изҳор хоҳад дошт.

Ба ақидаи оқои Свердлов, Тоҷикистон ба фарқ аз ҳамсояҳояш – Узбакистону Туркманистон – ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ ҳусни алоқа нишон медиҳад ва хонум Эштон бо истифода аз ин мавзеъи, ба гуфтаи ӯ, “нодир”-и Душанбе бояд ба сарони ин кишвар паёми рӯшан бидиҳад, ки ИА ҷараёни корзори интихоботи соли ояндаи раёсати ин ҷумҳурӣ, бахусус масоили марбут ба озодии матбуоту озодии Интернетро мӯшикофона пайгирӣ хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, сонсури интернету бо ҳар баҳона бастани сомонаҳо, аз ҷумла сомонаҳои “Азия Плюс” ва ҳатто “Фейсбук” мояи нигаронист.

Аммо оё боз ҳам мулоҳизоти сиёсӣ боло нахоҳанд гирифт ва мақомоти аврупоӣ мавзӯъҳои мушкиле, чун озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро қурбони муомилоти худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳоти дигар нахоҳанд кард?

Стив Свердлов мегӯяд, натиҷаҳои сафари нахустини Кетрин Эштон ба минтақа танҳо баъди анҷоми ин силсиласафари таърихӣ маълум хоҳанд шуд, вале ӯ, ба ҳар сурат, дар ин маврид то ҷое хушбин боқӣ мемонад: “Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки ин сафар ҳамагӣ чанд моҳ баъди аз ҷониби худи хонум Эштон муаррифӣ шудани стратегияи нави ИА сурат мегирад. Ва ин сиёсат, ки аз ҷониби ҳамаи 27 кишвари узви ИА пазируфта шуд, ҳуқуқи инсонро дар маркази манофеъи дигари тиҷориву энержӣ ё низомиаш қарор медиҳад. Ва ин сафар як фурсат ё имтиҳон аст, то Кетрин Эштон дар воқеъ собит кунад, ки ин тааҳҳудро амалӣ мекунад. Ва вақте ӯ ба Тоҷикистон меравад, албатта, вазъи Афғонистонро ҳам баҳс мекунад, албатта, як мавзӯъи муҳим қочоқи маводи мухаддир ва дигараш тиҷорат хоҳад буд, вале дар меҳвар ва дар садри барномаи сафараш бояд масоили ҳуқуқи инсон бошад.”

Human Right Watch, ҳамин тавр, фасоди саросарӣ ва ба таври афзоянда ба вартаи худкомагӣ фурӯ рафтани низоми ҳоким дар Тоҷикистонро аз мушкилоти дигари ин кишвар унвон мекунад.

ИА аз кӯмакрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар 20 соли гузашта ба Душанбе ба маблағи 500 миллион евро кӯмакҳои мухталиф расондааст.
XS
SM
MD
LG