Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзилҳои нав, аммо маҳрум аз системаи гармидиҳӣ


Хонаҳои маҳрум аз системаи гармидиҳӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00
Линки мустақим

Танҳо 10-15 дарсади иншооте, ки солҳои охир дар шаҳри Душанбе бунёд ёфтаанд, ба системаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст шудаанд.

Хонаводаи Асал Сатторова, сокини шаҳри Душанбе, 3 моҳ қабл ба яке аз хонаҳои навсохти бисёрошёна, воқеъ дар маҳаллаи 102-юми пойтахт кӯчид. Бону Сатторова мегӯяд, агар баъзан 1-2 соат хомӯш шудани барқро ба назар нагирад, се моҳи иқомат дар хонаи навашон, алалхусус дар рӯзҳои сарди фасли зимистон, хеле роҳат гузашт. Чунки ба ҷуз аз ҳоҷатхона ва ҳаммом дар ҳамаи 3 ҳуҷра ва долону ошхонаи он фарши гарм насб карда шудааст, ки хонаро хеле гарм мекунад.

Аммо ба қавли ӯ, ин ҳаловати зиндагӣ барои онҳо гарон меафтад. "Зеро тамоми таҷҳизот аз тафдону яхдону мошини ҷомашӯӣ сар карда, то фарши хона бо қувваи барқ кор мекунанд. Ман, масалан, дар як рӯз ду бор либос мешӯям. Дар се моҳи иқомат дар ин хона намедонам барои чӣ, вале ҳоло аз мо маблағи истифодаи қувваи барқро пурсида наомадаанд. Аммо ҳамсояҳо шикоят доранд, ки онҳо дар 3 моҳ 500-600 сомонӣ пули барқ супоридаанд. Баъзе ҳамсояҳо мегӯянд, аз сабаби зиёд истифода шудани нерӯи барқ фаршҳои гармро гирён намекунанд ва ба ҷойи он бухориҳои барқии маъмулиро истифода мебаранд, зеро мегӯянд, ин бухориҳо каммасрафтаранд»,-мегӯяд Асал Сатторова.

Солҳои охир аксарияти иншоот, аз ҷумла хонаҳои истиқоматии баландошёнае, ки дар шаҳри Душанбе қомат афрохтаанд, бо истифодаи фаршҳои гарм ва ё кондитсионер сохта шудаанд. Ин биноҳо ба системаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 сиёсати сарфаи нерӯи барқро пеш гирифта, тибқи он воридоти фурӯзонакҳои «ленинӣ»-ро маҳдуд намуда, ба ҷойи онҳо истифодаи фурӯзонакҳои каммасрафро дар кишвар ҷорӣ кард.

Шавкат Саидов
Шавкат Саидов
Вале ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, "андешаҳое, ки гӯиё ин иншооти навбунёд ба ин шабакаҳои хизматрасон манзур ба оби гарму гармӣ пайваст буда наметавонанд, комилан нодуруст аст. Зеро имрӯз аз рӯйи ҳамаи он имкониятҳои мавҷуда лоиҳаҳо тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Бо сабабҳои маълум, ки имрӯз харидории гази табиӣ ва мазути моеъ, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, ин мушкилиҳо дар назди маркази барқу гармиистеҳсолкунии шаҳри Душанбе эҳсос карда мешавад. Чун ин ширкат агар тавонад, ки аз рӯйи имконоти худаш фаъолияташро дуруст ба роҳ монад, тамоми иншооти дар марзи шаҳри Душанбе мавҷуд буда, ҳамасола барои қабули гармӣ омода ҳастанд."

Аммо Файзалӣ Раҷабов, раиси Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло дар Душанбе ҳамагӣ 10-15 дарсади иншооти навбунёд ба системаи мутамаркази гармидиҳӣ пайвастанд. Ҷаноби Раҷабов мегӯяд, воқеан ҳам ин як мушкилӣ аст, ки бояд сари он ҷиддӣ андеша намуд. Ӯ афзуд, "як қисм пайваст мекунад, қисми зиёдаш пайваст намекунад, зеро хароҷоти зиёдро талаб мекунад, аз ҷумла аз хона то ба шабакаи гармӣ-барқӣ лӯлаи бузурги обро бурдан лозим меояд. Бар замми ин, фишор пасттар аст, аз се – чор ошёна боло қуввааш намерасад. Баъзе аз иншоот ба системаи гармии мутамарказ пайваст бошанд ҳам, қувват, ки нарасид, ба таври иловагӣ қувваи барқ низ истифода мебаранд. Дар Душанбеи мо як система коркард нашудаст ҳоло. Дегхонаи шимолӣ ба кор даромад, аммо аз сабабе, ки система фарсуда шудааст, онро дастрас кардан хеле душвор. Ғарбӣ ҳам кор ба медарояд, аммо расонидан то мардум мушкил аст. Нисфи гармӣ дар роҳ гум мешавад. Аксарияти иншоот бо қувваи барқ амал мекунанд, чунки дар ҳоли ҳозир алтернативаи дигар надорем."

Дар робита ба ин коршиносон мегӯянд, фурсати он расидааст, ки дар Тоҷикистон ҳангоми бунёди иншооти нав манбаъҳои дигари гармӣ низ истифода гардад. Сафовиддин Тағоев, мутахассиси таҷҳизоти гармидиҳӣ, гуфт, "истиқлолияти энергетикӣ мегӯянд, вале мо бо як энергия истиқлолиятро ба даст оварда наметавонем. Дигар энергияро ҳам истифода бурдан даркор, назири офтобу бод. Барои ин, захираҳои энергитикӣ дорем ангиштро истифода бурда, энергияро истеҳсол намоем. Офтоб ниҳоят зиёд, вале ниҳоят кам истифода бурда мешавад. Дар дигар давлатҳо технология ниҳоят пеш рафтааст. Дар онҷо ба ғайр аз турбинаҳои буғие, ки мо истифода мебарем, турбинаҳои газӣ истифода мешаванд."

Дар ҳамин ҳол, сол аз сол теъдоди иншоот дар Тоҷикистон, алалхусус дар шаҳри Душанбе афзоиш меёбад. Мувофиқи омор дар 11 моҳи соли 2012 дар пойтахти кишвар дар масоҳати 56 ҳазору 319 метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 28 ҳазору 543 метри мураббаъ зиёдтар мебошад. Соҳибназарон бар инанд, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши аҳолӣ ва иншоот дар Душанбе дар сурати бо тамоми тавоноӣ кор кардани дегхонаҳои марказ ҳам, он наметавонад, ба пуррагӣ шаҳрро бо гармиву оби гарм таъмин намояд. Барои ин, меафзоянд онҳо, шумораи дегхонаҳо бояд як баробар бештар шуда, истифода аз манбаъҳои алтернативии энергия низ густариш ёбад.
XS
SM
MD
LG