Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блейк тавсияҳои БҶ-ро барои Тоҷикистон "олӣ" гуфтааст


Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷии Амрико
Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷии Амрико

Роберт Блейк, муовини вазири хориҷии Амрико тавсияҳои ахири Бонки ҷаҳониро барои ҳалли буҳрони энержии Тоҷикистон, қобили дастгирӣ хондааст.

Роберт Блейк бо пахши як баёнияе гуфтааст, «мардуми Тоҷикистон чандин зимистони сахтро бо камбуди манобеъ пушти сар карданд. Бо маҳдудияти кунунии энержӣ, ин кишвар дастикам 10 сол боз ба камбуди шадиди мавсимии барқ дучор мешавад.»

Ба ақидаи Роберт Блейк, таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ як харитаи роҳи, ба таъбири ӯ, «олӣ»-ро пешниҳод мекунад, ки «метавонад дар равона кардани манобеи молӣ ба тарҳҳои муассире, ки зиндагии мардуми Тоҷикистонро беҳбуд бахшад, кӯмак расонад.»

Муовини вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, ки "Амрико аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар амри расидан ба ҳалли мушкили камбуди энержӣ хушнуд хоҳад шуд."

Бонки ҷаҳонӣ ахиран дар гузориши вижае таҳти унвони «Бӯҳрони энержии Тоҷикистон дар фасли сармо: Таъмини барқ ва алтернативаҳои лозим» навиштааст, ки шабакаи нирӯи барқи Тоҷикистон дар вазъи буҳронӣ қарор дошта, тақрибан 70 дарсади мардумаш дар давоми зимистон ба камбуди шадиди барқ дучор мешаванд. Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, ин кишвар ба иллати камбуди барқ солона 200 миллион доллар, ё 3 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиашро гум мекунад.

Гузориш мегӯяд, ин буҳрон аз соли 2009, дар пайи аз байн рафтани шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ шадидтар шуд ва кӯҳнаву фарсуда шудани имконоти тавлидотии риштаи барқи худи Тоҷикистон вазъро сол то сол бадтар мекунад.

Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар фасли сармо тақрибан ба 2,7 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ ниёз дорад, вале агар иқдоми оҷиле андешида нашаванд, ҳаҷми эҳтиёҷи кишвар ба нирӯи барқ дар соли 2016 метавонад қариб 70 дарсад афзуда, ба 4,5 миллиард киловатт-соат наздик шавад.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, барқарор кардани шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ метавонист, ба Тоҷикистон дар амри рафъи камбуди барқ дар фасли зимистон кумаки қобили мулоҳиза расонда, ба кишварҳои ҳамсояаш низ фоидаи зиёди молӣ биорад. Ба ҳисоби ин ниҳоди молӣ, фоидаи кишварҳои минтақа аз эҳёи ин шабакаи воҳид метавонад дар сол то ба 2 миллиард доллар бирасад, вале меафзояд Бонки ҷаҳонӣ, «эътимод байни ин кишварҳои ҳамсоя аз даст рафта, дубора барқарор карданаш фурсат мехоҳад.»

Муаллифони гузориш ба ҳукумати Тоҷиикистон пешниҳод кардаанд, ки дар роҳи рафъи мушкили бебарқӣ дар фасли сармо ба 3 масъала тамаркуз кунад:

1) Барномаҳои пуриддаое, ки истифодаи ғайримуассири нирӯи барқро коҳиш диҳад.
2) Истифодаи бештари барқи тавлидотии марказҳои гармидиҳӣ ба манзури такмили захираи барқи мавҷуда, ки аз нирӯҳҳои обӣ ба даст меоянд.
3) Афзоиши воридоти барқ бо истифода аз нирӯи барқи изофии кишварҳои ҳамсоя.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузоришаш мегӯяд, иҷрои ин тавсияҳо метавонад камбуди нирӯи барқ дар Тоҷикистонро то соли 2016 тақрибан аз байн барад, вале расидан ба ин ҳадаф тааҳҳуди сареъу ҳадафмандонаи давлати Тоҷикистон ва ҳимояти шариконашро тақозо мекунад.
Ба ақидаи муаллифон, иҷрои ин стротежӣ анҷоми як силсила ислоҳот, ташвиқи тиҷорат ва ҳам сармоягузориро мехоҳад. Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, расидагӣ ба талабот, иваз кардани манбаи таъмини гармӣ, аз ҷумла бо истифода аз партовҳо, ва коҳиши талафоти энержӣ метавонад то соли 2016 то 40 дарсади камбуди нирӯи барқи Тоҷикистонро пӯшонад. Бино ба бароварди муаллифон, 24 дарсади дигари ин камбуд аз ҳисоби манбаъҳои нави таъмини барқ ва ҳудуди 37 дарсади дигараш аз ҳисоби воридоти нирӯи барқ пур хоҳад шуд.

Дар гузориш омодааст, барномаи муассирияти энержӣ бо тамаркуз ба бахши саноат, аз ҷумла ба нархи барқ барои корхонаҳои саноатӣ, метавонад то соли 2016 аз ин ҳисоб 1,635 миллиард киловатт-соат нирӯи барқро ҳифз кунад.

Таҳқиқоти бо кӯмаки мушовирони Бонки ҷаҳонӣ дар ТАЛКО анҷомшуда ба натиҷае расид, ки танҳо ин бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, ки феълан бахши аъзами нирӯи барқи кишварро бо қимати арзонтарин истифода мекунад, метавонад бо корбурди муассиртари барқ дар дувуним соли оянда қариб 1,2 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ, яъне 41 дарсад аз ҳаҷми камбуди кунунии кишвар дар фасли сарморо иқтисод кунад.

Пешниҳоди дигар аз 18 дарсади феълӣ ба 15 дарсад дар соли 2016 ва ба 12 фоиз дар соли 2020 расондани ҳаҷми барқест, ки дар роҳи интиқоли он талаф мешавад, яъне амалан ба ҳаво меравад.

Гузориш харҷи ин барномаҳоро дар 8 соли оянда 3,4 миллиард доллар ва солона 380 миллион доллар баровард мекунад, ки бояд аз ҳисоби кумакрасонҳо, ниҳодҳои байналмилалии молӣ, кишварҳои ҳамсоя ва бахши хусусӣ ҷамъ шавад. Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла то 50 дарсад боло бурдани нархи барқ дар кӯтоҳмуддатро тавсия додааст.

Гузориши Бонки ҷаҳонӣ сохтани нирӯгоҳҳо дар рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистонро тарҳҳои дарозмуддат меномад, вале ба тарҳи нирӯгоҳи Роғун ҳатто ишорае намекунад. Ин дар ҳолест ки давлати Тоҷикистон бунёди ҳамин нирӯгоҳи азимро тарҳи барояш «ҳаётан муҳим» ва роҳи асосии халосии кишвар аз буҳрони нирӯи барқ мешуморад. Вале кишварҳои поёноби минтақа, ба хусус Узбакистон, баръакс бар ин боваранд, ки Роғун дар сурати сохта шуданаш таъмини мазраъҳои кишоварзӣ дар манотиқи поёнобро дучори таҳдид хоҳад кард. Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир масъулияти анҷоми арзёбии фанниву иқтисодиии тарҳи Роғунро бар ӯҳда дорад, вале нашри хулосаҳояшро чанд дафъа ва бори охир то соли 2013 ба таъхир гузошт.
XS
SM
MD
LG