Манобеи огоҳ аз ҷараёни баҳсҳои Русияву Тоҷикистон ба ин боваранд, ки сафари Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия, ба Душанбе аз тақрибан ҳал шудани мушкили асосии ин ду кишвар дар масъалаи пойгоҳи 201 дарак медиҳад. Ҳоло барои Душанбе масъала ин аст, ки бар иваз чӣ имтиёзҳоеро аз Русия ба даст хоҳад овард.
Шувалов аз афроди наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба ҳисоб рафта, дар кобинаи он кишвар масъули бахши иқтисодист. Дар ин замина як манбаъ гуфт, дар ҷараёни сафари Шувалов бештар масоили иқтисодиву тиҷоратӣ баҳс шуда, ба ин далел масъулияти таҳияи асноди лозим ба вазорати иқтисод вогузор шудааст.
Аммо ин манбаъ ва мақомоти дигари Душанбе аз ифшои мавзӯъҳои мушаххаси баҳс худдорӣ мекунанд. Сафари Игор Шувалов ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми сентябр дар ҷараёни боздиди Путин аз Қирғизистон замони ҳузури пойгоҳҳои Русия дар ин кишвар то соли 2032-юм тамдид шуд ва Маскав дар иваз 489 миллион доллар қарзи ин кишварро бахшида, барои сохтани нерӯгоҳи Қамбар-Ота ва 3 нерӯгоҳи дигар дар рӯди Норин ваъдаи сармоя дод.
Ин тавофуқоти калидӣ байни Маскаву Бишкек зимни сафари дуруст як моҳ пеши Игор Шувалов ба Қирғизистон ба даст омад. Бисёриҳо ба ин далел Шуваловро як ҳамворкунандаи роҳ барои сафарҳои расмии Путин ва имзои қарордодҳои муҳим бо Русия унвон мекунанд.
Аркадий Дубнов, коршиноси масоили минтақа, ки бо Радиои Озодӣ аз Бишкек сӯҳбат мекард, гуфт, аснод барои тамдиди мӯҳлати пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон низ омода шудааст ва сафари Шувалов ин санадҳоро ба марҳилаи ниҳоӣ хоҳад расонд. Аз тарафи дигар, мегӯяд ҷаноби Дубнов, бо таваҷҷӯҳ ба рӯшан шудани мавқеи Русия дар мавриди баҳрабардорӣ аз захоири оби минтақа баид нест, агар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ дар ин сӯҳбатҳо матраҳ шавад.
Путин дар Бишкек роҷеъ ба мавзӯъҳои асосии баҳс дар минтақа изҳори назар карда, пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистонро "омили субот" дар ин ду кишвари ҳамсоя ва ҳам барои тамоми Осиёи Марказӣ номид ва ҷалби кишварҳои дигари минтақа Узбакистону Қазоқистон ба бунёди нерӯгоҳҳои бузургро ҳамчун василаи таъмини ҳусни эътимод дар минтақа пешниҳод кард.
Коршиносони тоҷик низ мувофиқанд, ки Русияу Тоҷикистон дар масъалаи пойгоҳ мавқеъҳои худро наздик кардаанд. Рустам Ҳайдаров, коршиноси тоҷик, мегӯяд, аз он ки сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маълум мешавад, ҷонибҳо масоили дигар, аз ҷумла нарх бар сари маводи сӯхтро низ имкон дорад ҳал кунанд.
Замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар соли 2014-ум ба поён мерасад. Баҳси шароити тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ байни Маскаву Душанбе камаш 4 сол боз идома дорад. Мақомот расман дар бораи шартҳои тарафҳо ва ҷараёни музокирот хеле кам маълумот медиҳанд, вале бино ба хабари расонаҳои русӣ, Душанбе барои ин пойгоҳ тақрибан 250 миллион доллар пули иҷора мехоҳад, ки Маскав қабул надорад.
Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов барои баҳси мавзӯи пойгоҳ фақат дар як моҳи охир ду бор аз Душанбе дидан кард. Баъд аз сафари ҳафтаи гузаштаи ӯ бархе манобеъ хабар доданд, ки ду кишвар бар сари тамдиди замони иҷораи пойгоҳи 201 ба тавофуқ наздик шудаанд ва сухан ғолибан дар бораи то 29 сол меравад, на 49 соле ки дар оғоз ҷониби Русия мехост.
Ба бовари манобеи огоҳ, сафари Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия, ба мушкилоти асосӣ дар равобити ин ду кишвар нуқта хоҳад гузошт ва ҳал шудани мушкили асосӣ дар равобити Тоҷикистону Русия роҳро барои ҳаллу фасли масоили дигар, аз ҷумла лағви боҷу хироҷи эъмолшуда ба маводи сӯхти Русия ва шояд ҳатто ба сохтани нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистони ташнаи нерӯи барқ бозтар кунад. Зимнан, ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқот бо ҷониби Русия Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, роҳбарӣ хоҳад кард.
Қарор аст, дар нимаи дувуми рӯзи 21-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷаноби Шуваловро ба ҳузур пазирад. Бо анҷоми ин сафар маълум хоҳад шуд, ки оё Путин ба Тоҷикистон кай хоҳад омад ва Душанбе аз ин муомилаҳо дар ивази пойгоҳи 201 аз Маскав чӣ хоҳад гирифт.