Саидҷаъфар Исмонов рӯзи 2-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санадҳои лозимаи ҳизбро барои сабти ном рӯзи 31-уми декабр соли 2012 ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Ӯ изҳор дошт, ки муддати як моҳ Вазорати адлия санадҳои пешниҳодкардаи ин ҳизбро мавриди омӯзиш қарор дода, тасмими худро эълон хоҳад кард.
Кумитаи тадорукоти Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани 11-уми ғайринавбатии худ, рӯзи 23-юми декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси раиси нави ин ҳизб интихоб карда буд. Аммо ҳоло раиси расмии ҳизб Масъуд Собир аст, ки расман дар Вазорати адлия номнавис шудааст. Масъуд Собиров даъвати ин анҷуман ва қарорҳои қабулкардаи онро ғайриқонунӣ мехонад.
Ҷаноби Собиров ба дунболи анҷумани ғайрирасмии ҲДТ дар сӯҳбат ба РО гуфт, ӯ аз даъват шудани ин анҷуман хабар надорад: “Маро ба ин анҷуман даъват накардаанд ва ман намедонам, ки инҳо кистанд, ки анҷумани ғайринавбатиро баргузор кардаанд, дар ҳоле ки раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон фаъол аст.”
Узви собиқи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва мудири пешини маркази техникии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов, соли 2006 дар ҳоле ба Ҳизби демократ пайваста буд, ки ин ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуда буд. Як ҷиноҳро муовини раиси ҳизб Раҳматулло Валиев сарварӣ мекард ва тарафдорони ӯ мехостанд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки бо ҳукми додгоҳ ба сирқати амволи иттиҳодияи "Тоҷикгаз" айбдор ва зиндонӣ шуда буд, ба ҳайси раҳбари ҳизб боқӣ монад.
Мухолифони ин ақида бо номи "Ватан" ҷиноҳеро таъсис дода буданд, ки ба он Масъуд Собиров, раиси феълии ҳизб, раҳбарӣ мекард ва дар он рӯзҳо буд, ки Собиров Саидҷаъфар Исмоновро ба ҳизб ва ҷиноҳи "Ватан" овард.
Дар поёни соли 2006 ва моҳи январи 2007 Собиров ва Исмонов ҳар кадом бо баргузории ҳамоиши тарафдорони худ раиси ҲДТ интихоб шуданд, аммо Вазорати адлия анҷумани баргузоркардаи Собировро қонунӣ хонда, ӯро дар мақоми раиси ҳизб эътироф кард. Собиров дар соли 2008 Саидҷаъфар Исмоновро барои зарба ба эътибораш ҳамчун раиси ҳизб ба додгоҳ кашид ва пирӯз гашт.