Кумитаи тадорукоти Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабр, анҷумани 11-уми ғайринавбатии ин ҳизбро даъват кардааст.
Раҷаби Мирзо, узви Кумитаи тадорукоти Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Кумитаи тадорукот ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва намояндагони расонаҳои хабариро даъват кардааст, то дар ин анҷуман ширкат намоянд. Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, дар Анҷумани 11-уми ғайринавбатии демократҳо ду масъала, интихоби раиси нав ва тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб баррасӣ хоҳанд шуд
Ин дар ҳолест, ки раиси расмии Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, ки аз ин Анҷуман хабар надорад ва касе ҳар ӯро даъват накардааст. Вай мегӯяд, даъвати анҷумани ғайринавбатӣ, кори дасти Табаралӣ Зиёев, собиқ узви райёсати ҳизби демократӣ аст, ки "бо гуруҳбозиҳои худ мехоҳад обрӯи ҳизбро резонад ва демократҳоро дар ҷомеаи кишвар беэҳтиром кунад." Собиров меафзояд, ки ҳоло зарурати тағйири раиси ҳизбро намебинад.
Қаблан низ, Масъуд Собиров ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мухолифи баргузории Анҷумани фавқулоддаи ҲДТ мебошад, зеро ба қавли вай, ин ҳамоиши ҷиноҳи демократҳо мухолиф ба оинномаи ҳизб ва қонунҳои ҷории кишвар мебошад.
Масъуд Собиров таъкид карда буд, ки таъсиси гурӯҳи тадорукот ва доман задан ба вазъи дохилии ҳизби демократӣ, кори дасти ниҳодҳои ҳукуматӣ мебошад, ки дар остонаи интихоботи 2013-и раёсати ҷумҳурӣ, мехоҳанд ин нерӯи сиёсии кишварро пароканда кунанд.
Чанде пеш гурӯҳе аз аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хостори баргузории анҷумани фавқулодаи ин ҳизб шуда, зимни чунин даъват ба раҳбари кунунии худ -- Масъуд Собиров, изҳори нобоварӣ карданд. Муаллифони баёния, ки наздик ба 20 нафаранд, мегӯянд, таҳти раҳбарии ҷаноби Собиров ин ҳизб ба парокандагии бештар рӯбарӯ шуд ва эътибори он на танҳо дар саҳнаи сиёсӣ, балки дар миёни сокинони кишвар коҳиш ёфт.