Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи душанбе, 3-юми декабр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мухолифи баргузории Анҷумани фавқулоддаи ҲДТ мебошад, зеро ба қавли вай, ин ҳамоиши ҷиноҳи демократҳо мухолиф ба оинномаи ҳизб ва қонунҳои ҷории кишвар мебошад.
Масъуд Собиров мегӯяд, таъсиси гурӯҳи тадорукот ва доман задан ба вазъи дохилии ҳизби демократӣ, кори дасти ниҳодҳои ҳукуматӣ мебошад, ки дар остонаи интихоботи 2013-и раёсати ҷумҳурӣ, мехоҳанд ин нерӯи сиёсии кишварро пароканда кунанд.
Қаблан, гурӯҳе аз аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хостори баргузории анҷумани фавқулодаи ин ҳизб шуда, зимни чунин даъват ба раҳбари кунунии худ -- Масъуд Собиров, изҳори нобоварӣ карданд.
Муаллифони баёния, ки наздик ба 20 нафаранд, мегӯянд, таҳти раҳбарии ҷаноби Собиров ин ҳизб ба парокандагии бештар рӯбарӯ шуд ва эътибори он на танҳо дар саҳнаи сиёсӣ, балки дар миёни сокинони кишвар коҳиш ёфт. Онҳо барои даъвати анҷумани фавқулодда, Кумитаи тадорукот таъсис додаанд ва ният доранд зимни ин ҳамоиш, раиси навро интихоб намоянд.
Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, узви гурӯҳи тадорукоти ҲДТ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз нишасти аъзои се ҷиноҳи ҳизби демократӣ сурат мегирад, ки яке аз вазоифи он даъвати Анҷумани изтирории ҲДТ мебошад. Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш, рӯз ва вақти баргузории Анҷумани фавқулодда муайян карда шавад. Ба дунболи ҳамоиш дар назар аст, ки барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардад.