Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқӣ сокинонро рустогурезу иҷоранишин кардааст


Аноргул бинобар бебарқӣ ҳоло дар Душанбе иҷоранишин аст.
Аноргул бинобар бебарқӣ ҳоло дар Душанбе иҷоранишин аст.

Бебарқӣ ва риоя нашудани лимити таъйиншудаи барқ, сокинони канораҳои Душанберо ба марказ мекашонад ва иҷоранишин мекунад.

Баробари сард шудани ҳаво, такопӯи мардуме, ки дар маҳалҳои гирду атрофи шаҳр ба сар мебаранд, барои дарёфти манзили иҷораи нисбатан арзонтар дар Душанбе ҳарчӣ бештар мешавад ва бо истифода аз ин фурсат, нархи манзилҳои иҷора ҳам торафт боло меравад.

Аноргул ва аҳли хонаводаи ӯ, тобистони имсол бо ҳадафи зиндагӣ дар ҳавлии барҳаво, хонаи 4-ҳуҷрагии худро фурӯхта, ба канораи Душанбе кӯч баста буданд. Вале ду ҳафта қабл Аноргул ҳамроҳ бо 3 фарзандаш маҷбур шуд манзилеро дар шаҳр иҷора гирад. Ӯ мегӯяд, ду моҳи охир онҳо аксаран танҳо як - якуним соат дар субҳ ва шом барқ доштанд, дар ҳоле, ки ба қавли ӯ интиқоли нерӯи барқ ба канораҳои Душанбе дар шабонарӯз бояд 5 то 6 соатро ташкил диҳад. Аноргул мегӯяд, пардохти иҷорапулӣ барои онҳо осон нест, вале барои гурез аз хонаи сарду торик, онҳо маҷбур шуданд, ин мушкилро қабул кунанд.

Мардуми атрофи шаҳр бинобар бебарқӣ дари хонаҳои худро қуфл зада дар шаҳр иҷоранишиниро ихтиёр мекунанд.
Мардуми атрофи шаҳр бинобар бебарқӣ дари хонаҳои худро қуфл зада дар шаҳр иҷоранишиниро ихтиёр мекунанд.
«Танҳо як ҳамсарам кор мекунад. Писарам донишҷӯ ва ду духтари хонанда дорам. Вале бо ин вуҷуд кӯшиш кардем дар 200 доллар иҷора гирем. Вале наравем ҳам намешуд, хонаҳо сарду торик, бемор мешуданд фарзандҳо. Масалан, ҳамин субҳ фақат якуним соат барқ доштем. Вақте кӯчидем, гуфтанд зимистон лимит ҳаст, вале ҳоло зимистони сард наомада барқро фақат 1-2 соат медиҳанд, ки бо он ҳеҷ кор карда намешавад. Қариб як ҳафта бо баҳонаи садама аслан барқ надоштем. Мардум мегӯянд муроҷиат кардем, вале ҳеҷ фоида надорад. Барои ҳамин касе каму беш имкон дорад шаҳр хонаи хешу табор ё иҷора меравад.»

Аммо Муродалӣ, сокини дигари кӯчаи Гулпарвари маҳаллаи Корвон мегӯяд, ӯ бо 7 фарзандаш маҷбур аст имсол ҳам чун солҳои дигар фасли сарморо дар манзили сарду торики худ сипарӣ кунад. Иҷорашинӣ дар шаҳр бо нархи гарон барояш имконнопазир аст: «Ҳамун чанд соате ҳам, ки барқ дода мешавад, қувааш хеле паст аст, ҳатто чой ҷӯшонда намешавад. Бо печка хонаҳоро гарм мекунем, нархи ангишт гарон аст. 2-3 моҳ кор кардем, як тонна ангишт харидем, аммо зимистон наомада қариб тамом шуд. Вале ҳамсояҳо бисёраш рафтанд, ана масалан ҳамин ҳамсояи наздиктаринам ҳар ҳафта омада як бор хонаашро хабар мегираду меравад. То ду соли пеш дар хонаҳои баландошёнаи шаҳр зиндагӣ мекардем, онҷо ҳадди аққал барқ буд.»

Бархе аз сокинони ин маҳалҳо мегӯянд, лимити худсарона аз сӯйи худи масъулони ин соҳа ҷорӣ мешавад, зеро ба қавли онҳо дар соатҳое, ки манзилҳои онҳо торик аст, бархе аз ҳамсояҳои онҳо дар хонаҳои боҳашамату зебои худ аз барқ камие надоранд. Афзоиши шикояти сокинони канораҳои шаҳр аз бебарқӣ ва риоя нашудани ҷадвали интиқоли барқ дар ҳолест, ки ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри телефони боварии худ аз мардум даъват кард, то дар бораи риоя нашудани лимит онҳоро огоҳ кунанд. Аммо зангҳои беисти мо бо рақамҳои боварие, ки аз сӯйи ин ширкат пешниҳод шудааст (378835511, 378835522, 446106050) бенатиҷа анҷом ёфт ва гӯширо касе набардошт.


Хонаводаи Аноргул аз бебарқиҳо ба Душанбе кӯчидааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00



Вақте аз Нозирҷон Ёдгорӣ, сӯхангӯи ин ширкат сабаб пурсидем, гуфт, рақамро нодуруст чидаед шояд. Аммо дар шабакаҳои шаҳри Душанбе дар посух ба суоли мо, ки чаро маҳдудият ё лимити таиншуда риоя намешавад ва чаро ҳатто мардуми маҳалҳои наздик ва канораҳои шаҳр барқро танҳо як ё ду соат мебинанд, гуфтанд, сабаб дар афзоиши садамаҳо дар хатти барқ аст.

Диловар Одилов, як масъули шабакаи барқи Душанбе гуфт: «Лимити барқ ба сокинон аз соати 8 то 5 бегоҳ, боз аз 22-и шаб то 05 -и саҳар ҷорӣ шудааст. Аммо садама мешавад. Ана ҳоло соат панҷ аст ва бояд барқ дода шавад, аммо дар маҳалҳои Озодии занон, Гипрозем, барқ нест, садама рух додааст. Аз ҳисоби сардиву боронгариҳо, дар ин самт ҳам мушкилот зиёд мешавад ва садамаҳо зиёд рух медиҳанд.»

Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон наздик ба 20 сол аст, аз тирамоҳ то охири баҳор идома мекунад. Ҳар тобистон масъулон дили сокинонро бо ваъдаҳои он, ки зимистон имсол вазъ тағйир хоҳад кард, гарм мекунанд. Аммо ҳар зимистон ҳамоно мардум аз бебарқӣ азият мекашанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин маҳдудият ба коҳиши тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳо бастагӣ дорад. Тоҷикистон ҳамасола дар зимистон беш аз 3 миллиард киловат соат камбуди барқ дорад. Давлат Усмон, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, бо он вазъе, ки арсаи энержии тоҷик имрӯз рубарӯст, вазъ дар ояндаи наздик тағйир нахоҳад кард:

«Сол то сол биноҳои баландошёна ва сокинони кившар меафзояд, аммо
Давлат Усмон, иқтисоддони тоҷик
Давлат Усмон, иқтисоддони тоҷик
тавлидоти барқ дар ҳамон сатҳе мондааст, ки 5-10 соли пеш буд. Агарчанде Сангтӯда- 1 ва 2 ба кор даромад, аммо дар ин ду нерӯгоҳ ҳам саҳми Тоҷикистон ночиз аст ва ширкати Руссия, ки ин банди барқро дар даст дорад, онро бо нархи тақрибан 17- 18 дирам пешниҳод мекунад ва ҳукумат ин нерӯро бештар барои ба Афғонистон фурӯхтани барқ истифода мебарад. Аз ҳамин лиҳоз вазъ бадтар мешаваду беҳтар не. Агар то имрӯз ҳукумат ҳадди аққал ҳамон 3 стансияи ҳароратиеро аз мазуту гоз ба ангишт мегузаронд, имрӯз ин мушкилот амиқ намешуд. Муттаасифона дар солҳои наздик мо бояд интизори беҳбуд шудани вазъ нашавем.»

Давлат Усмон посухҳои масъулонро дар мавриди бебарқӣ ва риоя нашудани лимити барқ «гурез аз масъулият» меноманд ва мегӯяд, масъулон бояд аз қабл афзоиши аҳолиро пешбинӣ кардаву чораҳо меандешиданд.

Аммо Аноргул, модари 3 фарзанд ва сокини яке аз маҳаллаҳои канораи шаҳр мегӯяд, мутаассифона, дар ин мавсим хонааш ба фурӯш намеравад, аммо бо фаро расидани гармиҳо, ӯ дигар як рӯз ҳам интизор нашуда, манзили худро мефурӯшаду ба шаҳр бармегардад. Ин хонум, ки аз бебарқӣ азият кашидааст, мегӯяд, зиндагӣ дар манзили бигзор якҳуҷрагӣ ва тангу тори дохили шаҳр аз ҳавлии барҳаво, вале сарду торики канораи Душанбе барояш авлотар аст. Биноҳои серошёнаи пойтахт ҳадди аққал рӯшанӣ доранд.
XS
SM
MD
LG