Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунаҳкорони бегуноҳ. "Ваҳшат аст, вақте ҳама аз шумо ҳазар мекунанд"


Солҳои охир бемории СПИД дар Тоҷикистон симои занона гирифта, теъдоди хонумони мубталои ин маризӣ аз ҳадди 1100 нафар гузаштааст.

Бисёри бонувони мубталои СПИД дар Тоҷикистон мегӯянд ба ин беморӣ онҳоро шавҳаронашон гирифтор кардаанд. Хонумони бемор изҳор медоранд, ки шавҳарони аксарияташон фавтидаанд ва онҳо дар чорсӯи зиндагӣ танҳо монда, ҳатто дар оилаи худ ва хонаводаи шавҳар рӯзи хуше надоранд.

Мадинаи 28-сола, аз ҷумлаи ин беморон аст, ки чанд сол пеш мехост, фаҳмад ҳомиладории ӯ чӣ гуна ҷараён дорад ва кӯдакаш кай ба дунё хоҳад омад. Ба ҷои ин чизеро шунид, ки тамоми нақшаҳои ояндаашро ба хок яксон намудааст. Ба ӯ гуфтанд, ки дар ҷисмаш вируси СПИД дорад.

Мадина аз ин бемории худ дар як дармонгоҳи Русия, дар ҳоле хабар ёфт, ки дур аз пайвандон ба сар мебурд.

Ӯ мегӯяд баъди ин хабар аввалин фикре, ки ба сараш омад худкушӣ буд: "Ба утоқи хобам даромадам, тирезаро кушодам, хостам худро ба замин ҳаво бидиҳам, аммо фикри фарзанди дар батн буда ва волидайн маро боздошт. Баъд аз ин ҳар субҳи ман бо гиря оғоз мешуд. Номуайянии он, ки фарзандам солим ба дунё меояд ё не, бадтар аз ҳар дарди ҷонкоҳ буд."

Мадина мегӯяд хушхабар, ки фарзандаш солим ба дунё омадааст, ӯро дубора ба ин ҷаҳон дилбаста кард.

Акнун Мадина 3 сол боз бо вирус ё ангали “Ҳейч Ай Вӣ” зиндагӣ мекунад. Вай ин вирусро аз шавҳари мардикораш гирифтааст, ки пас аз сироят дидани Мадина фавтидааст. Волидайни шавҳар баробари фаҳмидани бемории Мадина аз ӯ ва наберагони худ рӯ тофтанд. Барои пешгирӣ аз хашму ғазаби падару модари худ, Мадина то охирин лаҳза талош кардааст, беморияшро аз онҳо пинҳон дорад. Вай мегӯяд, баъди мубталои ин беморӣ шудан, дар хонаводаи шавҳараш касе бо ӯ муносибати хуб надошт, "дар сари як дастархон наменишастанд, ҳазар мекарданд, гуё ин маризӣ ба онҳо мегузашта бошад."

Хонаводаи шавҳари Мадина, ӯро ба назди волидайнаш бурда, духтари шумо бемор ва ба мо лозим нест, гуфтаанд. Мадина мегӯяд, душвор аст, «вақте бо гуноҳи дигарон бемор мешавӣ ва ҷомеа туро қабул намекунад. Ҳатто духтурон низ нисбатат ҳарфҳои баду қабеҳро истифода мекунанд.»

Ин бонуи ҷавон суол мегузорад, ки «чаро атрофиён намефаҳманд, ки бероҳагард нестам ва аз шавҳарам сироят ёфтаам. Ман танҳо аз онҳо як сухани ширинро интизор дорам.»

Мадина бо алам, мегӯяд ҳар рӯз барояш мисли имтиҳон аст, ки бояд ба ҳар нафар бегуноҳии худро исбот кунад ва ин ҳам дар ҳоле, ки танҳо камтарини онҳо ба гуфтаҳояш бовар мекунанд. Ӯ ноумед аз он аст, ки дар муқобили ин ҳама дасти кӯтаҳ дорад

Аммо Фарзияи 37-сола, ки ӯ низ аз шавҳари нашъамандаш СПИД “ҳадя” гирифтааст, бештар аз тақдири минбаъдаи духтараш нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд худаш ба ин дард ва табъизи атрофиён тоқат мекунад, аз ояндаи фарзандаш нигарон аст, зеро ин бемории мудҳиш ба фарзандаш низ печидааст.

«Духтари сеюнимсолаи ман чӣ гуноҳе дошт, ки ба ин беморӣ гирифтор шуд? Ояндаи вай чи хоҳад шуд? Вақте ба бемористон меравӣ ва духтурон аз ин маризият огаҳ мешаванд, мегӯянд, ту ҳақ надорӣ, дар ин беморхона табобат бигирӣ, пас чӣ расад ба кӯдакистонҳову мактабу дигар муассисаҳо. Дар андешаи онам, ки фардо духтари ман бузург шавад, дар куҷо метавонад таҳсил кунад ва зиндагии ором дошта бошад. Ман намедонам фардо назди духтарам чӣ ҷавоб медиҳам, ки чаро ва чӣ гуна чунин шудааст.» - изҳори ташвиш кард Фарзия.

Сӯҳбати Мадина ва Фарзия дар ҳоле садо медиҳад, ки бемории СПИД дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар симои занона касб мекунад. Таври маълум зан дар ҷомеаи суннатии кишвар ҷойгоҳи баланд надорад ва ба гуфтаи ин мусоҳибони мо ва ҳам намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, агар зан гирифтори чунин беморӣ бошад, дигар ҷое дар ҷомеа барои ӯ боқӣ намемонад.

Иттифоқан ҳуқуқи онҳо пеш аз ҳама аз тарафи наздиконашон поймол мешавад, чӣ монад ба афроду ниҳодҳои дигар. Касе фикр намекунад, ки онҳо бештар аз ҳамаи дигарон ба меҳрубонӣ ва ҳамдардии атрофиён ниёз доранд.

Бино бар омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди занони мубталои ин беморӣ беш аз 1100 нафарро ташкил медиҳад, аммо созмонҳои ҷамъиятӣ ин шумораро 3 баробар зиёдтар тахмин мекунанд. Маҳзи табъизу тарси ангуштнамо шудан дар ҷомеа, бисёре аз гирифторони ин вирусро водор мекунад, дарди худро пинҳон доранд.

Таҳмина Ҳайдароваи 26-сола яке аз аввалин занони тоҷик аст, ки ошкоро аз беморияш сухан мегӯяд. Ба гуфтаи ӯ маҳз ноилоҷӣ ва чандин қасди ноком ба худкушӣ, ӯро водор кард, бо тамоми нерӯ садо баланд кунад. Ин маризӣ шавҳар ва ягона фарзандашро аз ӯ гирифт ва шунидани ҳарфҳои пасту баланди волидайну атрофиён хастааш кардааст ва Таҳмина шабакаи занҳои гирифтори Вич-ро дар Тоҷикистон таъсис дод.

Суҳбат бо бонуи тоҷике, ки мубталои СПИД аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00


Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфт, ҳоло дар ин шабака 68 зан сабт шудааст, ки аксарият синни аз 22 то 30-соларо доранд. Ҳамаи онҳо аз шавҳарҳояшон,ки ё муҳоҷир ва ё нашъаманд будаанд, сироят ёфтаанд. Таҳмина Ҳайдарова бо такя ба натиҷаҳои назарпурсияш мегӯяд, 80 дарсади хонумҳои мубталои СПИД қасди худкушӣ кардаанд. Илова кард, ки шавҳарони теъдоди зиёди онҳо аллакай аз ин беморӣ фавтидаанд ва ин занҳо бо як тарс зиндагӣ мекунанд.

Занҳо баъд аз фаҳмидани бемории худ новобаста ба он, ки дар синни репродуктивӣ қарор доранд, аз ҳаёти маҳрамона даст мекашанд ва ин ба гуфтаи Ҳайдарова ба маризии саратони бачадон оварда мерасонад. Аз сӯи дигар кӯдакони ин занҳо, ки низ ба вируси Ҳейч Ай Вӣ мубталоянд, дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо зери таҳқиранд. «Бештари ин кӯдакон ба боғча намераванд, бинобар ин наметавонанд барои таҳсил дар мактаб омода шаванд.» - илова намуд Таҳмина.

Ба гуфтаи Таҳмина, ба хотири он ки мушкилоти занони гирифтори СПИД ба гӯши мақомоти кишвар ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ расад, шабакаи онҳо бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҳамоиши минтақвиро баргузор намудааст.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Аъзам Мирзоев, мегӯяд, дар миёни кишварҳои минтақа, Тоҷикистон аз аввалин давлатҳост, ки барои пешгирӣ аз СПИД қонун қабул кардааст ва пайваста барои беҳбуди вазъи беморон талош мекунад.

«Ҳоло дар минтақа 35 дар сади беморони вичро занон ташкил медиҳанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон низ миёни занон ин маризӣ сол аз сол зиёд мешавад. Имсол ҳукумати кишвар барои мубориза бо ин маризӣ беш аз ним миллион доллар ихтисос додааст. Ҳоло ташхис ва табобати афроди олудаи Вич аз ҳисоби маблағҳои ҳукумат ва Хазинаи Глобалӣ ройгон пешниҳод карда мешавад.»-изҳор дошт ин масъули Вазорати беҳдошти Тоҷикистон.

Аммо Манижа Ҳайитова, раҳбари маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд дар қонун табобати ройгон пешниҳод шудааст, воқеият дигар аст: «Вақте занҳои олудаи ин вирус ба бемористонҳо мераванд, духтурон маблағи муолиҷаро талаб мекунанд. Инчунин, тибқи қонун кӯдакони бемор бояд кӯмакпулии иҷтимоӣ дарёфт кунанд, вале 8 моҳ инҷониб кӯдакон аз ин маблағ маҳруманд. Яъне дуруст аст, ки маблағҳои зиёд ҷудо мешавад, аммо назорат аз болои амалишавии қонун ва барномаҳо заиф аст.»

Дар ҳоли ҳозир арзиши як давраи табобати як бемори гирифтори Ҳеҷ ай вӣ наздик ба 8 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Аммо занҳое, ки олуда ба ин вирусанд, мегӯянд, барои онҳо беҳтарин даво муҳити солим ва пуштибонии ҷомеа аст. Дар ҳоле, ки бештари ин занҳо, дар синни ҷавонӣ, аллакай шавҳарони худро аз даст додаанд, орзуи барпо намудани оилаи нав ва ба дунё овардани фарзанди солимро доранд. Орзуе ки барои аксарияти онҳо мисли як афсонаи пушти кӯҳи Қоф боқӣ мемонад...
XS
SM
MD
LG