Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон -- кишваре боз барои Созмони Милал


Намояндаи СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Намояндаи СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Тоҷикистон ягона кишвари минтақа аст, ки дар он 23 ниҳоди СММ бист сол боз фаъолият доранд.

Александр Зуев, раҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар даҳ соли охир барои Тоҷикистон ҳудуди 600 миллион доллар ихтисос додааанд.

Ин матлабро ҷаноби Зуев зимни як нишаст ба муносибати натиҷагирӣ аз фаъолияти бист солаи ин ниҳод дар Тоҷикистон баён дошт ва гуфт, ин маблағҳо аксаран барои роҳандозии тарҳҳои муҳиме дар коҳиши фақр, таъмини амнияти ғизоӣ, ташкили созмонҳои занону ҷавонон ва ворид кардани ислоҳот дар соҳаи беҳдоштиву маориф сарф шудаанд. Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир СММ аз рӯи барномаҳои инстиқлолияти энержӣ, бурунрафт аз муҳосираи коммункатсионӣ ва пуштибонӣ аз қишри осебпазири Тоҷикистон кор мекунад.

Дар баробари ин ҷаноби Зуев афзуд, ки «ҳоло барномаи махсуси дастрасӣ ба адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро таҳия дорем, ки ин хело муҳим аст. Ҳамчунин вобаста ба нафарони имкониятшон маҳдуд, иқдомеро дар назар гирифтаем. Дар ин баробар талошҳои мо барои ҷалби занону духтарон ба варзиш ва коҳиши хушунут дар нисбати онҳо равона шудааст. Яке аз самтҳои фаъолияти Дабири кулли СММ ин дастёбӣ ба нерӯи барқи устувор аст ва ин тасмим дар сатҳи олӣ баррасӣ шудааст. Бояд гуфт аллакай Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои озмоишӣ шомил карда шудааст.»

Дар ҳоле, масъулини СММ аз барномаҳои зиёдашон дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунад, бархе аз соҳибназарон ба таъсиргузор набудани ин барномаҳо таъкид
Султони Ҳамад, коршиноси тоҷик
Султони Ҳамад, коршиноси тоҷик
мекунанд. Султони Ҳамад, таҳлилгари тоҷик дар ин замина гуфт: «Ҳарчанд СММ барои ҳалли бархе аз мушкилот барномаҳои зиёдро амалӣ мекунад, вале гуфтан мумкин нест, ки ин масъалаҳо ҳалли худро пайдо кардаанд. Фарз кардем, дар мисоли меҳнати кӯдакон, мизони ҷалби онҳо ба кор то ҳанӯз хеле баланд аст. Дар робита ба занҳо ҳам хушунат кам нашудааст, ҳамин гуна дар соҳаҳои дигар низ мисолҳоро зиёд овардан мумкин аст. Аммо ба ҳар сурат наметавон гуфт, ки ҳузури онҳо дар ҷомеаи мо беманфиат аст, танҳо ин ки корро бояд беҳтар анҷом бидиҳанд. »

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи Султони Ҳамад, беҳтар мебуд агар СММ фаъолияти Дафтари мусоидат ба сулҳро дар Тоҷикистон мутаваққиф намекард. Ин таҳлилгари тоҷик бо ишора ба ҳодисаҳои ахири Рашт ва Хоруғ гуфт, намояндагии мазкур метавонист барои нигоҳ доштани субот дар ин минтақаҳо ва ба ҳам овардани гурӯҳҳои даргир, нақши муассир дошта бошад.

Вале, Рустами Маҷид, коршиноси ҷавон фаъолияти СММ-ро дар Тоҷикистон то ҷое муваффақ арзёбӣ мекунад. Вай бар ин аст, ки аксаран бо маблағгузории ин созмони бонуфуз Тоҷикистон имкони пиёда кардани барномаҳои зиёди иҷтимоиро дорад. Аммо аз сӯи дигар ба таъкиди ин мусоҳиби мо, дар баъзе ҳолатҳо маблағҳои зиёди ин созмон ба нишастҳое масраф мешавад, ки натиҷаи дилхоҳ намедиҳад: «Масалан дар конфронси байналмилалии СПИД, ки дар соли 2010 дар Вена ташкил карда шуд, ширкат доштам. Дар он ҳудуди 28 ҳазор нафар иштирок намуданд, ки на ҳамаи онҳо мутахассис буданду метавонистанд барои ҳалли мушкилот таъсиргузор бошанд. Ба монанди ин мисолҳои зиёд бисёранд, ки пули ҳангуфт ҷудо мешавад, вале натиҷаи он чӣ барои мардуми Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои ҷаҳон чандон хуб нест.»

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода
Зимнан, ба гуфтаи масъулони барномаи СММ, шумораи мубталоёни СПИД дар Тоҷикистон 25 дарсад боло рафта, беш аз 12 ҳазор нафар тахмин мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамин бахши СММ бештар аз 10 сол аст, ки алайҳи ин беморӣ дар кишвар мубориза мебарад.

Дар ҳамин ҳол Аҳмадшоҳи Комилзода яке аз дигар коршиносони тоҷик бар ин аст, СММ бояд дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошад. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Комилзода, ба вижа баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ ва ё НАТО аз Афғонистон, ин созмон барои муътадил нигоҳ доштани вазъ дар минтақа муҳим аст: «Як замина, ки метавонад боиси фаъолияти бештари СММ дар Тоҷикистон бошад, ин вазъи ноороми минтақа аст. Зеро ба ҳангоми берун шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, табиист, ки дар ин кишвар дубора нооромиҳо сар мезананд. Бинобар ин СММ ва ҳам кишварҳое, ки дар ин созмон ҳарфи аввалро мегӯянд, табиист, ки кӯшиш мекунанд, барои муътадил нигоҳ доштани вазъ дар минтақа аз табдирҳое кор бигиранд ва ҳам дар ин ҷо ҳузури худро бештар намоянд.»

Тоҷикистон аз соли 1992 узви СММ буда, нақши ин созмон дар сулҳи тоҷикон бузург баҳогузорӣ мешавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG