Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо СПИД дар шаҳри Душанбе ташхисгоҳҳои сайёр ташкил шуда, хоҳишмандон аз муоина мегузаранд. Ихтиёриён дар пойтахти Тоҷикистон дар бораи бемории СПИД ва роҳҳои пешгирии он миёни мардум варақаҳои иттилоотӣ паҳн мекунанд.
Ин дар ҳолест, тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД, шумори гирифторони ин вирус сол аз сол афзоиш меёбад. Дар маҷмӯъ то ҳол дар кишвар ҳудуди 5 ҳазор сироятёфтагон сабт шудааст, ки бештар аз 600 нафари онҳо фавтидаанд.
Ба гуфтаи масъулони Марказ, афзоиши гирифторони ин беморӣ ба беҳтар шудани ташхис ва афзоиши шумораи муроҷиаткунандагон вобаста аст. Дар як соли ахир дар кишвар беш аз 400 ҳазор нафар аз ташхис гузаштаанд ва дар хуни 989 нафар аз онҳо вируси норасоии масъунияти бадан (HIV) ошкор шудааст.
Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, то кунун дар кишвар, аз ҷумла 123 тифли дорои вируси заъфи масъунияти бадан - СПИД, ба қайд гирифта шудаанд. Чӣ гуна ба ин вирус гирифтор шудани 78 кӯдак муайян шудааст, аммо маълум нест, HIV (Эйч Ай Ви) ба бадани 45 нафари дигар чӣ гуна ворид шудааст.
Намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз СПИД ва мубориза бо он мегӯянд, натиҷаи тафтишҳои кумиссиюни вижа рӯшан кардааст, ки ин кӯдакон аз хуни донорҳо сироят наёфтаанд, зеро афроди хунсупурда ҳамагӣ солим будаанд.
Ба гуфтаи масъулини Марказ, бархе аз ин кӯдакон аслан, дар ягон муассисаи тиббӣ бистарӣ набуданд ва эҳтимоли аз воситаҳои тиббӣ олуда шудани онҳо ба ВИЧ кам аст. Бинобар ин, тахмин меравад, ки ин кӯдакон дар берун аз муассисаҳои тиббӣ, эҳтимолан ҳангоми зода шудан ё хатна дар шароити хона сироят дидаанд.
Баробари ин дар Тоҷикистон ҳудуди 50 зани ҳомила дар ҷисми худ вирус доранд. Аммо ба гуфтаи табибон имкон дорад, ки фарзанди онҳо солим ба дунё ояд. То ҳол 69 кӯдаки солим аз модарони бемор таваллуд шудаанд. Мутахассисон мегӯянд, агар зани ҳомила сари вақт ба табобат фаро гирифта шавад, дар беш аз навад дарсади ҳолатҳо метавонад кӯдаки солим ба дунё оварад.
Дар маҷмӯъ тибқи иттилои СММ дар ҷаҳон 34 миллион нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан гирифторанд ва ҳамасола ҳудуди 2.5 миллион нафар мубталоёни нави СПИД сабт мешаванд. Созмони Милал мегӯяд айни ҳол 7 миллион беморони СПИД дар ҷаҳон ба дорувориҳои лозима дастрасӣ надоранд.