Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии Ҷоми даъвати АФК-2014


Рӯзи 11-уми декабр дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур қуръакашии Ҷоми даъвати АФК-2014 баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар соли 2013-ум дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ҷазоири Мариани Шимолӣ, Афғонистон, Бруней, Тайван, Гуам, Ҳиндустон, Қирғизистон, Лаос, Макао, Муғулистон, Мянмар, Непал, Покистон, Фаластин, Филиппин, Шри-Ланка ва Туркманистон ширкат мекунанд.
Вале мунтахаби Камбоҷа аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми АФК-2014 даст кашид. Чунон ки маълум аст, бозиҳои мусобиқаи интихобӣ дар Лаос, Мянмар, Непал, Қирғизистон ва Филиппин баргузор мешаванд.

Дар қуръакашие, ки 11-уми декабр барпо мегардад, тимҳои миллӣ ба панҷ гурӯҳ тақсим мешаванд. Панҷ дастаи ғолиб, инчунин, ду дастаи беҳтарин миёни тимҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мусобиқаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ба онҳо мизбони марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 – мунтахаби Ҷазоири Молдив ҳамроҳ мешавад.

Мусобиқаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК аз 8-ум то 23-юми марти соли 2014-ум баргузор мешавад ва дастаи ғолиб ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.

Ғолибони Ҷоми даъвати АФК дар солҳои 2016-ум ва 2018-ум ба таври мустақим ба Ҷоми Осиё-2019 роҳхат намегиранд, балки дар бозиҳои интихобӣ ё плей-офф бо ду дастаи беҳтарини мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии қора роҳ ёфта натавонистанд, рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG