Дар шаҳри Душанбе конфронси минтақавии омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки рӯзи 29-уми октябр оғоз ёфта буд, ҷараён дорад. Азиз Солиев, масъули дафтари матбуоти Идораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии ин нишаст, тақким бахшидани нақши омбудсменҳои минтақа ва Русия дар масъалаи дифоъ аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ мебошад.
Масъулини дифои ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳудуди ИДМ бахши зиёди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон мебошанд, ки умдатан ба Русия ва Қазоқистон мераванд. Ба гуфтаи ҳимоягарони ҳуқуқи инсон, мушкили асосии муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, надоштани малакаи касбӣ ва дониши зарурии ҳуқуқӣ мебошад, ки метавонад муҳоҷиронро ба «ғулом» мубаддал кунад.
Дар ин ҳамоиш наҳваҳои ҳамкории ҳар чӣ бештари омбудсменҳо дар доираи санадҳои байналмиалии марбут ба ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо баррасӣ шуда, ҳадафаш тақкими масъулияти омбудсменҳо дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ мебошад.
Ваколатдорони ҳуқуқи инсон муайян мекунанд, ки бо кадом роҳҳо кишварҳои муҳоҷирпазирро водор созанд, ки санадҳои байналмилалиро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон риоя намоянд.
Аз ҷумла масъалаи нақзи ҳуқуқи занони муҳоҷир ва дастрасии онҳо ба марказҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, ва ҳамчунин дифоъ аз муҳоҷирони корӣ дар Русия аз Қазоқистон, аз мавзӯъҳои калидии ин конфронс ба шумор меояд.
Аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 1 миллион муҳоҷири корӣ фаъолият доранд, ки вазъи ҳуқуқияшон манфӣ арзёбӣ мегардад. Таҳлилгарон мегӯянд муҳоҷирони корӣ дар бисёри ҳолатҳо мавриди истисмори корфармоён қарор гирифта, ҳатто дастмуздашонро намегиранд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!