Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мехоҳад, ки сафари сокинони кишвар бо ҳадафи дарёфти ҷойи кор ба хориҷа дар асоси роҳхати ин ниҳоди расмӣ сурат бигирад.
Ин пешниҳод рӯзи 1-уми ноябр ҳангоми баррасии тарҳи қонун дар бораи муҳоҷират, ки бо ширкати вазоратҳои дахлдор ва созмонҳои ғайриҳукуматии масоили муҳоҷирати корӣ дар Душанбе сурат гирифт, садо додааст.
Сафиалло Девонаев, сардори Хадамот, доир ба танзими муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистон дар хориҷа пешниҳодҳояшро ироа карда, аз ҷумла гуфтааст, дар қонун банд ва ё фасли махсусе ҷой дода шавад, ки ҷараёни муҳоҷирати корӣ ба берун, танҳо тибқи роҳхати ҳамин хадамот сурат пазирад.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, гуфт, инчунин дар ин ҳамоиш таъкид шудааст, ки заминаи қонунии ҷилавгирӣ аз сафари ноболиғон, забономӯзию касбомӯзии муҳоҷирони корӣ ва зери назорати қатъӣ қарор гирифтани муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷа, фароҳам оварда шавад.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳудуди як миллион сокини кишвар дар Русия кору зиндагӣ доранд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро ҳудуди 2 миллион медонанд, ки танҳо дар соли гузашта бештар аз 3 миллиард доллар ба кишвар пул фиристодаанд. Яъне, пули фиристодаи онҳо дар соли 2011 беш аз 40 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил додааст.
Бонки марказии Русия мегӯяд, тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ бошад, тавассути бонкҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 500 миллион доллари амрикоӣ интиқол ёфтааст.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!