Тибқи пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти унвони “Калобаи абрешим: бозорҳои бидуни марз ва тиҷорати наздимарзӣ дар Осиёи Марказӣ” нашр шудааст, бозори “Дордой”-и Бишкек бо 2,8 миллиард доллар гардиши солона бузургтарин бозори минтақа шумурда мешавад.
Бозори “Барахолка”-и Алматӣ бо 1,7 миллиард доллар гардиши мол дар мақоми дувум қарор дошта, ҷои севумро бозори “Қаросӯ”-и Ӯш бо 684 миллион доллар ба худ ихтисос додааст.
Ин пажӯҳиш гардиши солонаи мол дар 5 бозори яклухтфурӯшии Тоҷикистонро низ баровард мекунад. Бино ба ин баровард, гардиши мол дар бозори “Корвон”-и Душанбе ба 106 миллион, бозори “Султони Кабир” дар пойтахти Тоҷикистон ба 71 миллион ва бозори Истаравшан ба 61 миллион доллар мерасад. Ҳаҷми хариду фурӯш дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд 13 миллион ва дар “Саховат”-и Душанбе 6 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҷамъи гардиши мол дар ин 5 бозори умдаи Тоҷикистон 256 миллион доллар ҳисоб шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми хариду фурӯши солона дар бозорҳои умдафурӯшӣ (оптовый)-и Бишкеку Ӯш беш аз 3,6 миллиард доллар ва дар 6 бозори умдаи Алмативу Остона қариб 2,2 миллиард доллар баровард мешавад.
Таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ аммо вазъи бозорҳои Узбакистону Туркманистон ва ҳамин тавр, бозорҳои дигари умдафурӯшии Тоҷикистон, аз қабили бузургтарин бозори фурӯши маводи сохтмон дар ноҳияи Ҳисорро дар бар намегирад. Таҳқиқот вале маълум карда, ки бозорҳои умдафурӯшӣ як манбаи аслии таъмини бозорҳои хурду реза дар саросари минтақа шудаанд ва агар бозорҳои Тоҷикистон як навъ дарвозаи вуруди фаровардаҳои Эрон ба бозорҳои Осиёи Марказӣ бошанд, тавассути бозорҳои умдафурӯшии Қирғизистону Қазоқистон асосан молҳои Чин ба бозорҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ҳатто Русия мерезанд. Дар ин таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ харитаи муфассали ҳаракати молу коло тавассути ин бозорҳо низ кашида шудааст.
Дар бозорҳои Тоҷикистон ҳоло либосе ҳам фурӯхта мешавад, ки дар Қирғизистон дӯхта шудааст. Ордро барои бозорҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз Қазоқистон меоранд ва либосҳои чармиро барои тамоми бозорҳои минтақа - асосан аз Туркия. Маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла чою шакар ва маҳсулоти макаронӣ ба Осиёи Марказӣ асосан аз Чину Эрон ва Русия ворид мешавад.
Исми “Корвон”, ки бузургтарин бозори Тоҷикистон шинохта мешавад, дар оғози моҳи сентябр дар пайи ба коми оташ рафтани қариб 2 ҳазор дӯкони бахши яклухтфурӯшиаш дигарбора вирди забонҳо шуд. Дар пайи ин сӯхтори бузург масъалаи номувофиқатии сохтмонҳои ин бозор ба меъёрҳои оддии амниятӣ ва қоидаҳои зиддисӯхтор матраҳ шуд.
Соҳибони бозор ваъда дода буданд, ки дар зарфи як моҳ тамоми дӯконҳои сӯхтаро барқарор хоҳанд кард, вале сохтани фурӯшгоҳҳои замонавӣ ба ҷои ин ҳама бозорҳои хурду бузурги, ба таъбири Бозори Собир, “шарқиёна” ҳанӯз дар дастури кори на мақомот ва на бозордорҳои тоҷик қарор надорад. Бино ба пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ, айни аҳволро метавона дар Қирғизистону Қазоқистон низ дид.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!