Он идда аз заноне, ки воқеан дар умури тиҷорат комёб шудаанд, нисбат ба мардон талоши бештар ва истироҳати камтар доранд. Зеро ба гуфтаи ин занон, фаъолият дар ду ҷабҳа - оила ва майдони пуррақобати соҳибкорӣ, онҳоро ҷазмтар кардааст.
Тибқи омори расмӣ, ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздики 40 ҳазор занон ба соҳибкорӣ машғуланд. Ба гуфтаи масъулони Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон, агар 80 дарсади ин занҳо аз ин тариқ мехоҳанд вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии хонаводаашонро беҳбуд бахшанд, боқимонда бо истифода аз имконияти мавҷуда, мехоҳанд дар тиҷорати калон аз ҳамтоёни дигарашон як қадам пеш бошанд.
Набот Додихудоева, яке аз чунин бонувони муваффақи соҳибкор аст. Ӯ мегӯяд, тасмими ба тиҷорат шурӯъ карданро замоне гирифт, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ноҳияи Ёвон манзил ва дигар дороиҳояшро аз даст дод. Ба гуфтаи хонум Додихудоева, ӯ ба Бадахшон рафта тиҷоратро аз майдафурӯшӣ шурӯъ кард ва ба сахтӣ “якашро ду” мекард. Сипас аз бонк қарз гирифт ва тиҷораташро калонтар намуд. Баъдан бо омӯзиши бозор ба хулосае омад, ки бояд ба содироти меваи хушк машғул шавад, зеро ҳам талабот дорад ҳам даромад.
«Ҳоли ҳозир ба ғайр аз он, ки ман соҳибкорам, инчунин раҳбари ташкилоти қарзидиҳии хурд мебошам, сехи коркарди тут дорам ва ҳамчунин як созмони амъиятиро низ таъсис додаам. Хулоса, 40 нафарро ман тавонистам бо кор таъмин намоям. Ва худо хоҳад мо аллакай аз хориҷи кишвар ҳам барои содироти меваи хушк, яъне, тут дархост гирифтем ва насиб бошад дар чанд моҳи дигар содиротро ба дигар кишварҳо ҳам оғоз хоҳем кард.»
Набот Додихудоева аз мушоҳидаҳои худ гуфт, ки чанд соли ахир фазои тиҷорат барои занҳо “ба таври чашмгир” дигар шудааст ва онҳо дар баробари мардон дар ин арса ҷойгоҳи худро соҳиб шудаанд. Ӯ, ки барои рушди кораш аз бунёди президент низ кӯмак гирифтааст, мегӯяд, ҳоло бояд соҳибкорони ҷавон чунин пуштибониву кӯмак бинанд, то ки дар кишвар масъалаи бекориву афсурагӣ ҳалли худро пайдо кунад.
Аксар хонумҳои соҳибкори тоҷик, ки тавонистанд кореро анҷом диҳанд, мегӯянд, дар Тоҷикистон ҷинси латиф то имрӯз ҳанӯз натавонистанд дар саноати калон бинобар камбуди озодӣ ва шароити иқтисодӣ ба муваффақияти бештаре даст ёбанд.
Санавбар Шарифова, раҳбари кулли ташкилоти қарзии хурди "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" мегӯяд, 20 соли пеш занон дар Тоҷикистон дар мавриди қадамҳои нахустини кори тиҷорат ҳеҷ тасаввуре надоштанд, ҳоло бошад, дар соҳаи нақлиёту сохтмон, хидматрсонии тиббӣ ва истеҳсоли ширу гӯшт ҳузур пайдо кардаанд. Зимнан, бо ташаббуси ҳамин созмон моҳи гузашта дар Душанбе беҳтарин соҳибкорзанони тоҷик дар доираи озмуни “Фараҳ” қадрдонӣ шуданд.
Санавбар Шарифова мегӯяд: «Ҳоли ҳозир як тамоюле ба назар мерасад, ки занҳо фаъолияти худро шурӯъ карда, баъдан аъзоҳои оилаи худ аз ҷумлаи ҳамсарон ва фарзандонашонро ба ин фаъолият ҷалб карда истодаанд. Яъне, ду даҳсола пеш агар дар пешорӯи зани соҳибкор аз сӯи ҷомеа ва оила нофаҳмӣ дар ин замина сар мезад, ҳоло бо ташкили бизнесҳои оилавӣ, ин масъала аз миён меравад.»
Аммо ба гуфтаи Санавбар Шарифова, ҳанӯз ҳам кори зиёде бояд анҷом шавад. Масалан, мегӯяд вай, мавҷудияти баъзе мушкилот дар қонунҳои марбут ба танзими соҳибкорӣ то андозае барои муваффақ шудани занони соҳибкор монеа эҷод мекунад: «Масалан, мушкилоти зиёде вобаста ба кодекси андоз, гумрук, Қонун дар мавриди фаъолияти соҳибкорӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои мухталиф аст, ки дар сурати соддатар кардани онҳо проблемаҳои зиёд аз байн мерафт. Бисёри занҳо фаъолияти худро бар пояи сафар ва рафтуомад ба кишварҳои дуру наздик ба роҳ мемонанд ва ҳамин андозсупорӣ ва гузаштан аз гумрук ба онҳо дарди сар эҷод мекунад.»
Дар ҳамин ҳол Адолат Мирзокаримова, яке аз дигар соҳибкорони комёби тоҷик ки 100 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудааст, талош дорад домани соҳибкории худро рушди бештар бидиҳад. Ин бону 20 сол пеш фаъолияти соҳибкории худро бо ворид намудан ва фурӯши масолеҳи бинокорӣ шурӯъ карда ҳоло раҳбарии як ширкати бузургро дар дӯш дорад. Ӯ мегӯяд, тиҷорати худро бо маблағи худӣ, ки 15 ҳазор доллар будааст, оғоз намуд ва ҳоло гардиши сармояаш чанд миллион долларро ташкил медиҳад.
Адолат Мирзокаримова афзуд: «Аз солҳои 90 инҷониб ман корҳои зиёдеро анҷом додам. Барои сохтмонҳои кишвар ва аз ҷумла роҳи Кӯлоб-Қурғонтеппа масолеҳи сохтмониро ворид кардаам. Дарвоқеъ, занон хеле нозукбинанд ва маҳз ҳамин хислат барои пешрафти бизнес метавонад кӯмак кунад. Ҳарчанд ҳоли ҳозир барои занони соҳибкор ҳеҷ имтиёзе пешбинӣ нашудааст ва дар баробари дигарон ба онҳо бонкҳо бо фоизҳои баланд қарз пешниҳод мекунанд. Яъне, занону мардон барои муваффақ шудан дар ин росто аз имконияти якхела бархӯрдоранд. Аммо ба андешаи ман, занони тоҷик дар сурати такя кардан ба дониш ва ғайрат, дар баробари мардон имкони расидан ба комёбиро доранд.»
Дар ин баробар Адолат Мирзокаримова меафзояд, ба ҳар сурат нисбати занони соҳибкор дар ҷомеа шавқат бештар аст ва гоҳҳо ба ҳангоми санҷишҳо, барои онҳо ба истилоҳ «гузаштҳо» низ мешавад.
Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисодони тоҷик низ бар ин аст, ки ба фарқ аз мардон барои занони соҳибкор гоҳҳо сабукӣ медиҳанд. Вале ба гуфтаи ин таҳлилгар, ҷоди монеаҳои сунъии маъмурӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ сурат мегиранд, кори на танҳо занон, балки дар маҷмӯ соҳибкоронро сангин кардааст: «Аз ҷумла пардохтҳои ғайриқонунӣ, воситабозӣ ва кашолкорӣ дар додани иҷозатнома аз sониби мақомдорон фаъолитро мушкил мекнунад. Аммо аз ҷониби дигар ин кор наметавонад ба таври идеалӣ сурат бигирад. Зеро худи хислати иқтисоди бозоргонӣ ҳамин аст, ки ба ту ҳама имкониятро медиҳанд, фақат ибтикор, фаҳмишу дониш ва пуртоқатӣ талаб мешавад. Яъне, дар ин ҷо мубориза лозим аст, чун рақобат воқеан ҳам шадид аст. Ман мисолҳои зиёдеро медонам, аз ҷумла як занеро, ки тиҷорати худро аз фурӯши сақич шурӯъ кард. Яъне? кори вай аз 5 саҳар то 10-и шаб идома мекард ва аз ҳар сақич 10 ё 20 дирам фоида мегирифт. Ҳоло ӯ соҳиби тақрибан 10 мағоза ва чандин хонаву дар аст. Ва гардиши молаш ҳам мумкин аз миллион доллар гузашта бошад. Яъне, мақсад ва қобилият доштан ва ба мубориза омода будан, натиҷаи дилхоҳро ҳатман медиҳад. »
Як мусоҳиби мо аз Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон гуфт, барои он ки занони тоҷик дар тиҷоратҳои калон мувваффақ шаванд, бояд қабл аз ҳама дониши маркетингӣ ё ҳунари бозорёбии худро боло бибаранд. Ба қавли масъулин, як пурсиши миёни 300 зани соҳибкор нишон додааст, ки ағлаби онҳо дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ мушкилӣ мекашанд, ки қадами аввали муваффақияти кор ба шумор меравад.
Ин аст ки, ба таъкиди Санавбар Шарипова, ҳанӯз ҳам саҳми соҳибкорзанони тоҷикро дар иқтисоди кишвар намешавад “ҷиддӣ” арзёбӣ кард. Вале бо ин вуҷуд, дар муқоиса бо даҳ ва понздаҳ соли пеш, хонумҳои соҳибкори тоҷик тавонистанд, ки ҳунари худро дар бунёди манзил, тиҷорати меҳмондорӣ, истеҳсол ва содироти меваи хушк ва дигар ҳунарҳо намоиш диҳанд. Бархе коршиносон мегӯянд, танҳо пуштибониву ташвиқи пайваста метавонад барои кашфи истеъдодҳои зиёд дар миёни хонумҳои соҳибкор мусоидат кунад.