Мегӯянд, эҳтиёҷ модари кашфиёт аст. Дар ҳоле, ки садҳо ҷавони тоҷик намедонад, аз куҷо кор пайдо кунад ва бо кадом роҳ “якашро ду” гардонанд, бархе сокинони таҳсилдида ва корчаллон роҳҳои ғайриоддии даромадро кашф кардаанд.
Як машғулияти фоидаовар – боз кардани саҳифа дар шабакаи интернетии Facebook будааст. Бо истифода аз он ки ҳанӯз доираҳои васеи шаҳрвандон ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар бораи ин шабакаи иҷтимоӣ маълумоти кофӣ надоранд, як ҷавони тоҷик бо пешниҳоди боз кардани саҳифа дар шабакаи иҷтимоӣ ва таблиғи молии ин гурӯҳҳо барои худ бизнес сохтааст. Ин ҷавони хабарнигор, ки Артем Гейвандов ном дорад мегӯяд, тайи се моҳи охир боз кардани саҳифа дар шабакаи иҷтимоӣ пешаи ҳамарӯзааш шудааст. Ӯ мегӯяд, бисёр ширкатҳои тиҷоратӣ ҳанӯз аз имконоти ройгоне, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи моли онҳо дар миён мегузорад, огаҳӣ надоранд.
Дар давоми се моҳи охир, мегӯяд Артем, ӯ ба 10 ширкат ва нафарони алоҳида дар боз кардани саҳифа, пахши аксу видео-навор ва дигар фаъолиятҳо кӯмак кардааст.
ДИГАР САМТҲОИ МУВАФФАҚУ СЕРДАРОМАД
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо рушди технологияву фанновариҳои интернетӣ, нафарони огоҳу фаҳмида, онҳое, ки назокатҳои фанниро назар ба дигарҳо беҳтар дарк мекунанд, бо истифода аз ҳунару дониши худ фоидаи хуб ба даст меоранд. Бархе дар хонаи худ Интернети Wi-Fi боз карда, ба ҳамсояҳои дуру наздик пешниҳод мекунанд, ки барои истифода аз шабакаи ҷаҳонӣ пул пардохт кунанд. Дар натиҷа, ин нафар на фақат пули истифода аз интернетро “мебарорад”, балки амалан аз “ҳаво” пул мекунад.
Онҳое, ки имконоти телефонҳои ҳамроҳро намедонанд ва ё, намехоҳанд майна “об кунанд” то аз роҳи download мусиқӣ, ринг-тонҳои интернетӣ, барномаҳои муфиди дигар, мисли луғатҳои онлайни интернетиро вориди телефони худ кунанд, маҷбур мешаванд, ба нафарони огоҳу корозмуда пул диҳанд.
Мисли ин, солҳои охир мутахассисони зиёде пайдо шудаанд, ки ба шумо бар ивази маблағ дар компютер барномаҳои поккории вирусро ворид мекунанд. Донандагони компютер мегӯянд, ки дар асл чунин кор аз дасти ҳар фарди огоҳ меояд, фақат каме заҳмату дониш лозим аст.
“БИСЁР ҶАВОНҲО ИДЕЯ НАДОРАНД”
Артем мегӯяд, ки бисёр ҷавонҳое, ки дунболи кору даромад мегарданд, тафаккури яксон доранд ва фикр мекунанд, ки пулро мешавад танҳо аз роҳи хариду фурӯши мол дар бозор ба даст овард. “Ба атрофатон назар кунед, аз Интернет барои гирифтани идеяҳои хубу нав ва нодир барои Тоҷикистон истифода кунед”, - машварат медиҳад ӯ. “Масалан, як идеяи дастнохӯрда ин таъсиси ширкати иҷораи дучарха аст, ки ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон вуҷуд надорад”, мегӯяд ӯ.
Ба ҳамин тарз, бисёриҳо дар шароити сахти молӣ бечора нашуда, роҳи ба даст офардани фоидаро кашф мекунанд. Тавре мегӯянд, огаҳӣ аз ҳунару донишҳои замонавӣ ва фанновариҳои навин, эҳсоси бозор ва моли серхарид, ва муҳимтар аз ҳама, доштани як идеяи хубу ғайриоддӣ метавонад шахсро дар мушкилтарин лаҳзаҳо наҷот диҳад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

- Ман худам то як муддат чӣ будани Facebook-ро намедонистам, вале баъди он ки шинос шудам, фаҳмидам, ки ин як майдони хуби таблиғи молу ашё ва василаи хуби маъруф шудан дар байни корбарони бахши тоҷикии шабака буда метавонад, - мегӯяд А. Гейвандов.
- Ман ба ширкатҳо муроҷиат карда мепурсам, ки оё сайти интернетӣ доранд? Баъд барояшон мефаҳмонам, ки агар барояшон доштани сайти интернетӣ гаронӣ кунад, боз кардани саҳифаи интернетӣ корест содда, ройгон ва айни замон, ҳадафманду муфид. Аз ҷониби худи ман бошад, барои чунин кор харҷи зиёд талаб намешавад: як компютери laptop, ки ба интернет пайваст аст ва як дастгоҳи аксбардорӣ.