Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон дар даври 22-юми Лигаи олӣ


Бозиҳои даври 22-юми Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии пешсафони ҷадвали мусобиқа анҷом пазируфтанд.

Даври 22-юми мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 25-уми октябр бо бозии дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Энергетик”-и Душанбе шурӯъ шуда буд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Се голи “Хайр”-ро Мирзобек Мирзоев (дар дақиқаҳои 26-ум, 52-юм ва 73-юм) ва як голро Муҳаммад Гулипур (62), легионери эронӣ, ба самар расонданд. Як голи “Энергетик”-ро Аҳтам Назаров (36) зад.

Ду бозии дигари даври 22-юм рӯзи шанбе, 27-уми октябр баргузор шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ, дар варзишгоҳи "Металлург", бар дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 62-юм Комил Саидов ба ҳадаф расонд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод. Мизбонон дар нимаи аввали дидор се гол ва дар нимаи дувуми бозӣ чаҳор гол заданд.

Се голи "Истиқлол"-ро Давронҷон Эргашев (14, 22, 58) ба самар расонд ва хет-трик кард. Фарҳод Тоҳиров ду гол (52, 78), Юсуф Рабиев (43) ва Дилшод Восиев (80 аз пеналтӣ) якголӣ заданд. Дарвоқеъ, Дилшод Восиев, ки дар ин бозӣ дар нимаи дувум ба майдон омад, голи 19-уми худро дар мусобиқаи имсола аз ҷаримаи ёздаҳметра ба ҳадаф расонд. Ӯ дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷойи аввал аст.

Ду бозии охирини даври 22-юм рӯзи якшанбе, 28-уми октябр миёни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и «Хуҷанд» - ССКА «Помир»-и Душанбе баргузор шуд.

Бозии "Ҳосилот" ва "Равшан" ба иллати таъмири Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифт. Футболбозони «Равшан» ба дарвозаи «Ҳосилот» 5 голи беҷавоб заданд. Се гол дар нимаи аввал ва ду гол дар нимаи дувум зада шуд. Нуъмон Ҳакимов(як гол аз пеналтӣ) ва Ҳасан Рустамов дуголӣ ва як голро Девид Мауто, легионери африқоӣ, ба самар расонданд.

Бозии «Хуҷанд» ва ССКА «Помир», ки дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд барпо гашт , бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 22-юм байни дастаҳои "Истаравшан" (Истаравшан) - "Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров) аз 27-уми октябр ба 22-юми ноябр мавқуф гузошта шуд.

Дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ” бо 51 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан" бо 50 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Истиқлол” бо 42 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Ҳарсе даста барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Дастаи "Хайр" низ, ки бо 42 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст, барои ба даст овардани медалҳо талош дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 20 16 3 1 62-15 51
2. «Равшан» (Кӯлоб) 20 16 2 2 37-9 50
3. «Истиқлол» (Душанбе) 18 13 3 2 54-10 42
4. «Хайр» (Ваҳдат) 19 13 3 3 38-20 42
5. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 20 8 4 8 24-17 28
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 19 8 3 8 35-29 27
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 20 7 5 8 26-29 26
8. «Энергетик» (Душанбе) 20 6 6 8 26-27 24
9. КМВА “Помир” (Душанбе) 21 6 6 9 22-23 24
10. «Истаравшан” (Истаравшан) 19 6 4 9 27-35 22
11. «Ҳосилот» (Фархор) 20 4 2 14 18-51 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 20 2 0 18 10-56 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 20 1 3 16 20-78 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 12 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») – 11 гол.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 17-ум миёни дастаҳои "Вахш" - "Хайр" рӯзи 30-юми октябр (сешанбе) дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва "Регар-ТадАЗ" - "Истиқлол" рӯзи 31-уми октябр (чоршанбе) дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода барпо мегарданд. Ҳарду бозӣ соати 15:00 шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG