Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фазои Душанбе як рӯз пеш аз фарорасии Иди Қурбон


Сокинон барои пур кардани дастархони идона ба бозорҳо рафта, Душанбеи гоҳо сокитро ба маҳалли шӯру ғавғо табдил доданд.

Рӯзҳои пеш аз ид, махсусан идҳои мусалмонӣ, дар пойтахти Тоҷикистон бо шӯру ғавғо пушти сар мешавад. Зеро сокинон барои пур кардани дастархони идонаи худ ба бозорҳо рафта, Душанбеи баъзан сокиту хомӯшро ба маҳалли шӯру ғавғо табдил медиҳанд.

Дар чунин рӯзҳо кори аксар тоҷирон ҳам ба қавле "омад" мекунад. Як рӯз пеш аз Иди Қурбон дар пойтахт ҳатто дар роҳравҳои хориҷ аз бозор тоҷирони зиёде моли худро гузоштаву озодона савдо мекарданд. Харидорони ночор ҳам молу маҳсулотро ба ҳар қимате, ки тоҷир мегуфт, мехариданд.

Дар ин рӯз дар хиёбонҳои махсусан наздики бозорҳо ҳаракат тақрибан номумкин шуда буд. Роҳҳо зуд-зуд банд мегардид ва тӯлонӣ идома мекард. Ронандаҳо баъзан асабонӣ шуда, "сигнал"-и худравҳоро ба ҳаво сар медоданд. Гоҳо сар аз тирезаи мошин берун карда, ҷанҷол мебардоштанд. Касеро парвои қоидаи ҳаракати роҳ набуд.

Дар гузари дигар, дар канори роҳравҳо, мардуми талбанда ба фарқ аз рӯзҳои маъмулӣ хеле бештар ва ҳатто қатор нишаста, ризқҷӯӣ мекарданд. Онҳо хуб медонистанд, ки мардуми мусалмон дар чунин рӯзҳо дари хайрашон боз мекунанд.

Навор: Фазои як рӯз пеш аз Иди Қурбон дар пойтахт

Душанбе як рӯз пеш аз Иди Қурбон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
Линки мустақим

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG