Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Беш аз дусад тан аз довталабони зиёрати хонаи Каъба субҳи рӯзи шанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Ҷидда парвоз карданд.

Парвози нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик тавассути ҳавопаймои ширкати “ТоҷикЭйр”, ки аз умдатарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аст, анҷом гирифт.

Имсол аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар ба сафари Хонаи Худо мераванд, ки назар ба солҳои пештара 500 нафар бештар аст.

Сафари зоирони тоҷик тавассути ҳавопаймои ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" аз фурудгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд то таърихи 19-уми октябр анҷом дода мешавад. Нархи сафари Ҳаҷ барои як нафар 3 ҳазору 546 доллар муқаррар шудааст, ки назар ба соли гузашта наздик ба сад доллар бештар мебошад.

Аз ду сол ба ин тараф довталабони зиёрати хонаи Каъба либоси ягона ба бар мекунанд ва дар либоси мардон ва кунҷи рӯймоли занон парчами Тоҷикистон ҷо дода шудааст. Зоирони тоҷик ҳамчунин борхалтаҳои яксон доранд, ки тавассути ширкати дӯзандагии "Ёқут-2000" омода шудааст.

Дар оғози солҳои 2000-ум, замоне ки теъдоди ба ҳаҷравандагон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, мақомоти Кумитаи дин талош кард, ки танзими сафари Ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон ба вуҷуд оварда буданд.

Зимнан, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кардааст, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 26-ум октябр таҷлил хоҳад шуд. Бозгашти зоирони Хонаи Худо аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон пас аз таҷлили Иди Қурбон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG