Ба ғайр аз Тоҷикистон, барои баргузории сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК Молдив, Филиппин ва Ҳиндустон дархост додаанд.
Сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК моҳи марти соли 2014-ум баргузор хоҳад шуд. Дастаи ғолиб соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё 2015 дар Австралия мешавад.
Тасмим дар бораи макони баргузории марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 моҳи ноябри соли равон дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти Ҷоми президент ва Ҷоми даъвати АФК гирифта мешавад.
Кишвари мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 ба марҳилаи ниҳоӣ бидуни ширкат дар бозиҳои интихобӣ роҳ дода мешавад.
Ёдовар мешавем, пештар АФК эълон карда буд, ки қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК 25-уми октябр дар қароргоҳи АФК, дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор мешавад. Акнун қуръакашӣ ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд.
Дар сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 бист даста, аз он ҷумла, тими миллии Тоҷикистон, ширкат мекунад. Дастаи мунтахаби ҷазоири Мариани Шимолӣ барои аввалин бор дар ин мусобиқа иштирок хоҳад кард.
Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар соли 2013-ум, инчунин, дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Бруней, Камбоҷа, Тайван, Гуам, Ҳиндустон, Қирғизистон, Лаос, Макао, Молдив, Муғулистон, Мянмар, Непал, Покистон, Фаластин, Филиппин, Шри-Ланка ва Туркманистон ширкат меварзанд.
Вале мунтахаби Кореяи Шимолӣ, ки барандаи феълии Ҷоми даъвати АФК мебошад ва ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат гирифтааст, дар мусобиқаи нав иштирок намекунад.
Мунтахаби Тоҷикистон аввалин барандаи Ҷоми даъвати АФК, ки соли 2006-ум дар Бангладеш баргузор шуда буд, ба шумор меравад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!