Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаҳои эҳтимолӣ дар интиқоли пули муҳоҷирони корӣ


Рӯзи сешанбе Бонки Ҷаҳонӣ изҳор намуд, ки сарфи назар аз бӯҳрони саросарии молӣ, даромади муҳоҷирони корӣ рӯ ба афзоиш аст ва эҳтимол ин раванд ба ҳамин минвол идома ёбад.

Дар айни замон Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки амиқрафти бӯҳрон метавонад тақозо ба нафту газро поин барад.

Табиби 38-солаи тоҷик Мардон Муҳаммадиев баъди се соли кор дар сохтмонҳои Русия муваффақ шуд, ки дипломи хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абу Алӣ ибни Синоро дар Маскав аз қайди расмӣ гузаронда, мутобиқ ба маълумоташ дар яке аз шифохонаҳои давлатии вилояти Кемеровои Русия дар вазифаи табиб кори доимӣ пайдо кунад.

“Дар навбати аввал вазифаи табиб табобат аст, ки ман ҳозир ҳастам. Барномаи ояндаи ман ин аст, ки бояд имтиҳон супурда, дараҷаи касбӣ-категорияамро боло бардорам. Ҳоло ба ҳамон имтиҳон тайёрӣ мебинам. Дар ин ҷо институти боло бардоштани савияи касбии табибон мавҷуд аст. Мехоҳам ҳамон ҷо барномаамро иҷро кунам."

Мардон моҳона 12 ҳазор рубли русӣ мегирад, ки тахминан ба 350 доллари амрикоӣ баробар аст. Ӯ нисфи пулро барои иҷораи хонаву ниёзмадиҳои авввалия ва нисфи боқимондаро барои таъмини рӯзгори оилаву чор фарзандаш дар Тоҷикистон ирсол менамояд.

Бар пояи омори ғайрирасмӣ, солона наздик ба як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини рӯзгорашон ба Русия сафар карда, вазнинтарин корҳоро иҷро мекунанд ва кам андари ками онҳо муваффақ мешаванд, ки мисли Мардон мутобиқ ба касбашон кор ёбанд. Мардон мегӯяд, ӯ аз ночорӣ ба Русия рафт, зеро дар Тоҷикистон 300-400 сомонӣ маоши табиб барои таъмини рӯзгори оилааш кифоят намекард.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, сарфи назар аз бӯҳрони молии саросарӣ, ки кишварҳои Аврупову Амрикоро ба коми худ кашидааст, ирсоли пули мардикорон ба ватанҳояшон рӯ ба афзоиш аст.

Рӯзи сешанбе Бонки ҷаҳонӣ дар замимаи гузориши солонааш илова кард, ки соли гузашта ирсоли пули мардикорон ба кишварҳояшон 12,1 дар сад бештар шуда, ба 372 миллиард доллар дакка хӯрдааст. Бонк пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2014-ум ин маблағ дар миқёси ҷаҳонӣ ба 467 миллиард доллар баробар хоҳад буд.

Ба қавли муаллифони гузориш, пули мардикорон имкон дод, ки таъсири манфии бӯҳрони молӣ дар кишварҳои содиркунандаи муҳоҷир заъифтар шавад, вале чанд омиле метавонад дар оянда ба ин раванд монеагузорӣ кунад: “Бекории давомдор дар Аврупо ва ИМА шароити таъмини шуғл барои муҳоҷирони кории мавҷуда дар ин кишварҳоро душвортар намуда, мухолифати сиёсӣ ва вуруди муҳоҷирони кории навро бештар мекунад.”

Ҳиндустон, Чин ва Мексика беш аз ҳар кишвари дигари олам аз ҳисоби муҳоҷирони кориашон пул ба даст меоранд, вале ба ақидаи Бонки Ҷаҳонӣ дар муқоиса бо маҷмуи маҳсулоти миллӣ пуле, ки мардикорони Тоҷикистон мефиристанд, дар ҷои аввал қарор дошта, ба тахминан сеяки буҷети солонаи ин кишвар баробар аст. Тибқи омори Русия, соли гузашта мардикорони тоҷик беш аз 3 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристода буданд.

Музаффар Зарифов-раиси Маркази муҳоҷират ва рушд, ки қароргоҳаш дар шаҳри Душанбе аст, тасдиқ мекунад, ки ирсоли пули муҳоҷирони корӣ афзоиш меёбад, вале ӯ мувофиқ нест, ки тамоми пули ирсолшуда аз они мардикорон мебошад: "Ин ҳама пули муҳоҷирон нест. Дар ин ҷо дигар маблағҳо низ ҳастанд. Масалан, пули тоҷирон, пули хариду фурӯшу ғайра. Ба ҳар ҳол, солҳои 2011-2012 интиқоли маблағ зиёд шудааст. Имсол ҳам фикр мекунам, аз 25 то 30 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Албатта ин аз ҳисоби беқурбшавии пул ҳам ҳаст. Аз ҳисоби зиёд шудани маблағи моҳонаи муҳоҷирони корӣ ҳам ҳаст. Бар илова системаи интиқоли пул хуб раҳандозӣ шудааст ва имрӯз мардикорон пулро бо дасти худ ба ватан намебаранд."

Зарифов меафзояд, ҳоло дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон марказҳои таълими касб барои мардуми калонсол ташкил шудааст, ки дар он мардикорони эҳтимолӣ қабл аз сафар ба хориҷ имтиҳон супурда, сертификат мегиранд. Ҳамчунон ӯ мегӯяд, дар ин марказҳо мардикорон имкон доранд, ки бо кордиҳандагони ояндаи худ ва маошу вазифаҳои эҳтимолиашон ошно шаванд.

Дар ҳамин ҳол Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки бо амиқрафти бӯҳрони молӣ дар Аврупо назорат дар марзҳо шадидтар мешавад. Бар илова, нархи номуназзами нафту газ ва қурби ноустувори пул метавонанд ба ҷараёни ирсоли пули муҳоҷирони корӣ ба ватанҳояшон таъсири манфӣ гузорад.
XS
SM
MD
LG