Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқ, хиёнат, рашк. Қатли ҳамсару худкушии муҳоҷир


Боз ҳам эҳсоси рашку нобоварӣ нисбат ба садоқати зан боиси сар задани ҳодисаи куштор дар вилояти Хатлон шуд.

Ҷавони 23-солае аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон пас аз чанд рӯзи бозгашт аз Русия, дар пайи муноқишаи оилавӣ ҳамсарашро куштаву худро ба дор овехтааст.

Ин хабарро дафтари матбуотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ тасдиқ карда гуфт, дар воқеъ, ин марди ҷавон пас аз ҳалокати ҳамсараш худкушӣ кардааст. Фарзияи пешакии сабаби ҳодиса "муноқишаи оилавӣ дар заминаи рашк" унвон мешавад. Мақомоти пулис ҳанӯз ҳуввияти афроди ҳалокшуда ва ҷузъиёти дигари ҳодисаро ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот ифшо намекунанд.

Қатли ҳамсар аз ҳиссиёти рашк нахустин ҳодисае нест, ки аз ҷониби муҳоҷирбачаи тоҷик сар задааст. Соли гузашта низ додгоҳи вилояти Хатлон Тағойалӣ Алиев, сокини ноҳияи Ёвонро ба қатли ҳамсараш ба 19 соли зиндон маҳкум карда буд. Алишо Қурбонов, додраси мурофиаи мазкур аз додгоҳи вилояти Хатлон, дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ дар мавриди ин қазия чунин гуфт: "Алиев дар як вақт бо ду зан ҳамзистӣ дошт. Вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегардад, ба ӯ хабар мерасад, ки ҳамсари дувумаш ба ӯ бо марди дигаре хиёнат мекунад. Дар заминаи рашку ғазаб Алиев ҳамсарашро бо зарби корд ба ҳалокат мерасонад. Гуноҳи ӯ дар додгоҳ тасдиқ шуда, ӯ барои бисёрникоҳӣ ва қатли ҳамсараш ба муҷозот кашида шуд."

Додгоҳ Тағойалӣ Алиевро ҳамчунин аз молу мулкаш из маҳрум сохт. Ба иддаои коршиносон, муҳоҷирати корӣ агар барои беҳшавии сатҳи зиндагии ҳазорон нафар дар Тоҷикистон мусоидат кардааст, ҳамзамон сабаби азҳампошии даҳҳо ва шояд садҳо хонавода ва содир шудани даҳҳо ҷиноят дар заминаи рашку нобоварӣ ба садоқати зану шавҳар низ гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз пизишкон бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, давоми соли ҷорӣ 4 зани ҷавон ба ӯ муроҷиат карда, хостори исқоти ҳамл шудаанд. Шавҳарони онҳо дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, яке аз тарафи хусур, дигарӣ аз ҷониби бародари ҳамсараш ва дуи дигар дар пайи "беэҳтиётӣ"-ашон дар ҳамхобагӣ бо марди бегона ҳомиладор шудаанд. Ба иддаои Маърифат Навкарова, коршиноси масоили гендерӣ, "куштори занҳо аз ҷониби ҳамсарони муҳоҷир, ё латукӯб кардану талоқ додани онҳо пеш аз ҳама дар ташаккули зеҳнию ахлоқии фарзандони онҳо, насли навраси тоҷик, асари манфӣ хоҳад гузошт."

Вале гурӯҳе дигар аз коршиносон бар ин андешаанд, ки занон ҳам ҳуқуқи маънавии талаби таваҷҷӯҳ аз ҳамсарони муҳоҷири худро доранд. Дар акси ҳол, онҳо ҳақ доранд, талоқ бигиранд ва дунболи зиндагии худ бираванд. Аммо солҳои охир талоқҳои "СМС"-ӣ афзудааст, ки маҳз ба сабаби рашк ва вуҷуди шубҳа дар садоқати хонаводагӣ мардон тавассути телефон ҳам аз кишвари муҳоҷират ҳамсарони худро раҳо мекунанд. Дар бадтарин ҳолат бошад, вуҷуди шакку гумон дар вафодорӣ баъзе шавҳарони муҳоҷирро ба қатл ё сӯиқасд ба куштори ҳамсар таҳрик медиҳад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG