То се соли пеш компютерҳои маъмулӣ дар хонаи ҳар як нафар буд, аммо ҳоло ҷойи онҳоро ноутбук ва ё телефонҳои ҳушманду лавҳҳои электронӣ мегиранд.
Ширкатҳои маъруфи Ҳевлет Паккард ва Делл, ки бозори компютерҳо дар дасташон буд, ҳоло зӯр мезананд, то харидорони молашон камтар нашавад, чун ҳоло назар ба комютерҳои маъмулӣ талабот ба таблетҳо ва дигар абзорҳои электронӣ бештар шудааст.
Ширкати пажӯҳишии IDC мегӯяд, имсол мумкин аст, дар саросари ҷаҳон 367 миллион дона компютери маъмулӣ фурӯхта шавад, ки як ҳиссаи ночизи соли 2011 аст. Дигар муассисаи пажӯҳишӣ ABI пешбинӣ кардааст, ки шояд то соли 2016 мардуми дунё аз баҳри компютерҳои маъмулӣ гузашта ва таблетҳо ба мисли Айпад рӯ биёранд. Аммо, бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мегӯянд, компютерҳои маъмулӣ ба зудӣ аз байн нахоҳанд рафт ва ширкати Майкрософт, ширкати озмуда дар офаридани нармафзорҳо, ба зудӣ ба кумаки онҳо хоҳад расид.
Майкрософт, ки бо нармафзорҳояш нисфи зиёди бозорҳои ҷаҳониро аз худ карда буд, ба зудӣ нармафзори Виндовз 8-ро вориди бозор мекунад, ки барои таблетҳову телефонҳои ҳушманд ҳам мувофиқ карда шудааст. Ба ақидаи Роб Эндерле, як мушовири Эндерле Груп ва донандаи бозорҳои компютеру технологияҳои нав, компютерҳои маъмулӣ ба осонӣ ва зудӣ аз байн намераванд. Ба гуфтаи ӯ, “мардум ҳоло компютерҳои маъмулии худро дур намеандозанд, балки онҳоро бо лавҳҳои электронӣ ва телефонҳои ҳушманд комилтар мекунанд.”
Роҷер Кей аз ширкати Эндпойнт Текнолоҷис мегуяд, ки ҳанӯз ҳам “комютерҳои маъмулӣ ҷойи худро доранд, агарчӣ дигар дили технологияҳои нав” нестанд. Ӯ меафзояд, корбарон метавонанд, бо телефонҳои ҳушманд ва ё таблетҳои худ ба комютерҳои маъмулии худ васл бошанд. Як таҳқиқи маркази назарсанҷии Пю дар Амрико нишон додааст, ки ҳоло 85 дарсади мардуми калонсоли Иёлоти Муттаҳида телефони ҳамроҳ доранд, 45 дарсадашон соҳиби телефонҳои ҳушманд ҳастанд ва 18 дарсад лавҳҳои электронӣ доранд.
Назархоҳии Пю нишон додааст, ки 31 дарсади онҳое, ки телефонҳои ҳушманд доранд, асосан аз тариқи телефонҳояшон дар Интернет сайругашт мекунанд, на аз тариқи таблет ва ё компютерҳои маъмулӣ. Ҳоло бисёриҳо интизор доранд, ки бо вориди бозор шудани нармафзори Виндовз 8 навъи гуногуни комютерҳои маъмулӣ имконоти васеътару ҷолибтаре хоҳанд дошт, ки талабот ба онҳоро метавонад зиёд кунад.
Дигар ин ки таблети худи Майкрософт бо номи “Сурфейс”, ки ба наздикӣ ба бозор меояд, шояд авзоъ дар бозори фурӯши таблетҳоро тағйир диҳад, ки Самсунг ва Эппл дар он бозор ҷавлон мезананд. Сурфейс низ бо нармафзори Виндовз кор хоҳад кард, ки бо ангушт задан ба руи лавҳи шишаӣ фармони шуморо иҷро мекунад. Стив Клейҳанс, аз ширкати Гартнер, донандаи технологияҳои нав мегӯяд, нармафзори Виндовз 8 марҳилаи наверо барои ширкати Майкрософт боз хоҳад кард, ки замоне ширкати пешсафи бозори ҷаҳонӣ буд, аммо ҳоло аз Эппл ва Гугл ақиб мемонад. Ба гуфтаи таҳлилгарони ширкати Гартнер, чун аксарият ба нармафзорҳои Майкрософт одат кардаанд, мумкин аст, бо мутобиқ кардани Виндовз ба таблетҳо, ба он дигарбора ру биёранд.
Ба гуфтаи Роҷер Кей аз ширкати Эндпойнт Текнолоҷӣ мумкин аст, Майкрософт бо нармафзори наваш, ба муввафақияти ҳайратангезе ноил шавад, зеро ҳануз ҳам бисёриҳо аз истифодаи тавлидоти Эппл парҳез мекунанд, чун барои ширкатҳои бузург мувофиқ нест.