Аммо то ба ҳол дар коргузории расмӣ масъулини ягон ҳукумати шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аз хидматрасонии шабакаи ҷаҳонии интернет истифода намебарад.
Темуршоҳи Файзалӣ, мутахассиси шӯъбаи таҳлил ва иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз ҳам намояндагони ҳукумат барои ирсоли фаврии ҳуҷҷатҳо ба вилоят ва ҳукумати марказӣ аз хадамоти факс, ки дар қарни гузашта маъмул буд, истифода мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, борҳо ба мансабдорони маҳаллӣ истифода аз интернет омӯзонида шудааст, аммо онҳо ба таҷҳизоти кӯҳна одат кардаанд.
"ҲАМА КАДРҲОИ ШӮРАВИЯНД"
Ӯ афзуд: "Умуман, дар асри иттилоот зиндагӣ дорему аз пешрафтҳои интернет истифода намекунем. Вақте бо мудирони маориф сӯҳбат доштем, ки чаро компютерҳо бо интернет пайваст нестанд, дар посух мегуфтанд, ки ҳоло барои пайваст кардан ба интернет ба Вазорати маориф мактуб мекунем. Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам чунинанд. Дар ҳоле ки барои васл бо интернет ҳеҷ мушкилие ҷой надорад."
Аммо аксари мансабдорони ҷавон мегӯянд, барои васл бо интернет танҳо ҳавсалаи масъулин намерасад. Як корманди ҷавони ҳукумати маҳаллӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, тамоми шароит барои васл бо интернет вуҷуд дорад, аммо чун аксари кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ бузургсоланд, иҷрои ин амрро ҷиддӣ намегиранд.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, тамоми ҳукуматҳои маҳаллӣ ва макотиби таҳсилоти оливу миёна бо компютерҳо таъминанд, аммо ҳеҷ кадоми онҳо бо интерент васл нестанд. Вай мегӯяд, "Ҳамааш кадрҳои давраи Шӯравианд ва бо ҳамон факсу дигар таҷҳизотҳо одат кардаанд. Як хелаш бовар кун, ҳамон мошинкаи давраи советиро аз компютер боло медонад. Онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин, зеро нисфи умрашон бо ҳамин тариқ сипарӣ шудааст."
КОМПЮТЕР БАРОИ КОТИБА?
Дар ҳамин ҳол, Аҳмади Иброҳим як рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, борҳо мушоҳида кардааст, ки компютерҳо ҳамчун василаи бозии котибаҳои раисон истифода мегарданд.
Ҷаноби Иброҳим мегӯяд: "Ҳамон компютерҳо ҳам дар қабулгоҳҳо барои зебаш ҳаст. Дар асл тақрибан кам мансабдори маҳалли ҳаст, ки аз он истифода бурда тавонад. Ҳангоми интизори дар қабулгоҳи расион мушоҳида мешавад, ки котибаҳои онҳо картабозӣ ё блярд бозӣ доранд. Ҳанӯз ҳам шакли дурусти истифодаи компютер ва интерентро фикр мекунам мансабдорон дарк накардаанд. Ба ибораи дигар ҳоло масъулини мо дар асри факс қарор доранд."
"ДАР ХОНАҲО ИНТЕРНЕТ ДОРАНД"
Аммо намояндагони ширкатҳои таъминкунандаи интернет, аз ҷумла "Babilon-M" ва "Тоҷиктелеком" дар Кӯлоб мегӯянд, аксар мансабдорон дар хонаҳои худ интернет доранд.
Ба гуфтаи намояндагони ин ширкатҳо, аслан интернетро дар хонаҳои онҳо барои фарзандонашон васл кардаанд. Аммо намояндагони ин ширкатҳо бар инанд, ки ҳар муштарие барои васли интернет ба онҳо муроҷиат кунад, ин кор барои онҳо ҳеҷ мушкиле надорад.
Истифода набурдани коргузории расмӣ тариқи интерент дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон талоши таъсиси ҳукумати электрониро дорад.
Ҳамааш кадрҳои давраи Шӯравианд ва бо ҳамон факсу дигар таҷҳизотҳо одат кардаанд. Як хелаш бовар кун, ҳамон мошинкаи давраи советиро аз компютер боло медонад...
Темуршоҳи Файзалӣ, мутахассиси шӯъбаи таҳлил ва иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз ҳам намояндагони ҳукумат барои ирсоли фаврии ҳуҷҷатҳо ба вилоят ва ҳукумати марказӣ аз хадамоти факс, ки дар қарни гузашта маъмул буд, истифода мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, борҳо ба мансабдорони маҳаллӣ истифода аз интернет омӯзонида шудааст, аммо онҳо ба таҷҳизоти кӯҳна одат кардаанд.
"ҲАМА КАДРҲОИ ШӮРАВИЯНД"
Ӯ афзуд: "Умуман, дар асри иттилоот зиндагӣ дорему аз пешрафтҳои интернет истифода намекунем. Вақте бо мудирони маориф сӯҳбат доштем, ки чаро компютерҳо бо интернет пайваст нестанд, дар посух мегуфтанд, ки ҳоло барои пайваст кардан ба интернет ба Вазорати маориф мактуб мекунем. Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам чунинанд. Дар ҳоле ки барои васл бо интернет ҳеҷ мушкилие ҷой надорад."
Аммо аксари мансабдорони ҷавон мегӯянд, барои васл бо интернет танҳо ҳавсалаи масъулин намерасад. Як корманди ҷавони ҳукумати маҳаллӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, тамоми шароит барои васл бо интернет вуҷуд дорад, аммо чун аксари кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ бузургсоланд, иҷрои ин амрро ҷиддӣ намегиранд.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, тамоми ҳукуматҳои маҳаллӣ ва макотиби таҳсилоти оливу миёна бо компютерҳо таъминанд, аммо ҳеҷ кадоми онҳо бо интерент васл нестанд. Вай мегӯяд, "Ҳамааш кадрҳои давраи Шӯравианд ва бо ҳамон факсу дигар таҷҳизотҳо одат кардаанд. Як хелаш бовар кун, ҳамон мошинкаи давраи советиро аз компютер боло медонад. Онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин, зеро нисфи умрашон бо ҳамин тариқ сипарӣ шудааст."
КОМПЮТЕР БАРОИ КОТИБА?
Истифода набурдани коргузории расмӣ тариқи интерент дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон талоши таъсиси ҳукумати электрониро дорад...