Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даврони мушкили маориф. Камсаводӣ, бемутахассисӣ...


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

20 сол қабл маорифи Тоҷикистон бо даврони "тиллоӣ"-и хеш падруд гуфт ва баробари ҷомеа вориди ҷанги шаҳрвандӣ ва як марҳалаи пурчолиши худ шуд.

Ин давраи тағйири арзишҳои на фақат маориф, балки тамоми ҷомеа буд. Агар дар замони Шӯравӣ як нафар мекӯшид, ки тавассути таҳсил соҳиби касбе шуда, дар ҷое машғули кор шавад, акнун дар фикре афтод, ки аз куҷо қути лоямут пайдо кунад ва зиндагиашро чархонад.
Пеши роҳи бачаи босаводро касе гирифта наметавонад. Ин гапҳо дурӯғанд, ки онҳо ба донишгоҳҳо роҳ намеёбанд...


Онҳое ҳам, ки дипломҳои сурхи донишгоҳҳоро доштанд, дигар ба ҷомеа нолозим шуданд ва ҳам шароит ба афроде имтиёз қоил шуд, ки соҳиби сарватанд. Аммо сиёсатҳои ҳукумат дар соҳаи маориф дигаргуна тарҳрезӣ мешуданд.

ТАБАРАЛӢ ЗИЁЕВ, аз Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон мегӯяд, аз як сохтори идеологӣ ба инсонмеҳаварӣ табдил додани маориф пеш омад: "Дар замони Шӯравӣ инсон як мурвате дар локомотиви сиёсатҳои ҳизбӣ буд, ки гӯиё мардумро ба сӯи ҷомиаи коммунистӣ мебарад. Яъне дар маркази таваҷҷӯҳи сохтор инсон набуд. Аммо баробари дар роҳи ҷомиаи демократӣ равон шудани Тоҷикистон инсон дар меҳавари сиёсатҳо, аз ҷумла маориф қарор гирифт."

Қонуни аввалини маориф соли 1994 рӯи кор омад, дуруст дар даврае, ки маорифи Тоҷикистон рӯз ба рӯз суқут мекард ва дар асл дар барномаҳои ҳукумат низ ҷойгоҳи вижае надошт, ки масоили сиёсиву амниятӣ доштанд. Мушкилоте, назири тарки мактаб кардани омӯзгорон, камбуди китобҳои дарсӣ, хароб шудани биноҳои мактабу донишгоҳҳо ва ришватситонӣ дар соҳаи маориф маҳз он замон буруз карданд.

"МАКТАБ БА НОМ ВУҶУД ДОШТ..."

Яке аз мактбаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Ҷомӣ
АЗИЗИ АЗИЗ, аз собиқ омӯзгорони муваффақи синфҳои ибтидоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар даҳсолаи аввал мактабиён ва донишгоҳиёни кишвар аз рӯи дастур ва китобҳои замони Шӯравӣ таълим медоданду мегирифтанд, омӯзгорони касбӣ рӯ ба муҳоҷират оварданд ва ҷои онҳоро хатмкардагони мактабҳо гирифтанд. Ба қавли ӯ, ҳатто ба макотиби олӣ роҳ ёфтани омӯзгорони мактабҳои миёна низ мушоҳида мешуд: "Яъне дар даҳ соли аввали истиқлолият мактаб вуҷуд надошт. Ин бесарусомониҳо то соли 2000 идома дошт. Мактаб ба ном вуҷуд дошт. Тамоми шогирдоне, ки дар ин даҳа таълим гирифтаанд, қариб 90 дарсад бесавод буданд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:15 0:00
Линки мустақим


Таваҷҷӯҳи ҳукумат ба соҳаи маориф дар даҳаи дуввуми истиқлолият афзуд. Тайи ин муддат беш аз ду ҳазор мактаб тармиму аз нав сохта шуданд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 170 китоби дарсии нав барои макотиби миёна ва ҳамчунин садҳо дастури таълимӣ барои омӯзишгоҳҳову донишгоҳҳо ба нашр расиданд. Аксари кулли муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бар асоси як барномаи вижа компютерикунонӣ шуданд.

КИТОБҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

Ҷалолиддин АМИРОВ
ҶАЛОЛИДДИН АМИРОВ, аз Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, китобҳои дарсие низ нашр шудаанд, ки дар замони Шӯравӣ вуҷуд надоштанд ва ҳоло тамоми мактабҳои кишвар бо китоби дарсӣ таъмин шудаанд: "Вазорати маорифи Тоҷикистон дар баробари китобҳои дарсӣ шакли электронии онҳоро ҳам тариқи дискҳо нашр кардааст. Таври маълум, тамоми мактабҳои кишвар бо компютер таъминанд. Яъне хонанда метавонад ҳам дар мактаб ва ҳам дар хона аз ин шакли электронӣ истифода кунад."

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, китобҳои дарсӣ дар сатҳи паст омода шуда, компютерҳо ё ба хотири набудани мутахассисон ва ё камбуди барқ дар 6 моҳи таҳсил дуруст баҳрабардорӣ намешаванд. Гузашта аз ин, то ба ҳол муассисаҳои таълимӣ ба камбуди омӯзгорон ва ё устодони баландихтисос мувоҷеҳ аст. Тибқи иттилои расмӣ, то ба ҳол мактабҳои кишвар ба ҳудуди 5 ҳазор омӯзгор эҳтиёҷ доранд.

40 НАФАР ДАР 1 СИНФ?

Азизи Азиз мегӯяд: "Аксари тағйироти хубе, ки ба муассисаҳои таълимӣ ворид шудаанд, сохта ва ба табиату зеҳну одобу анъанаҳои мактаби мо мувофиқ нестанд. Аксар тағйирот бар пояи фармону супориш, ноилоҷ ва маҷбур ворид карданд. Яъне талабот ва эҳтиёҷҳо дуруст омӯхта намешаванд. Масалан, тақрибан 10 дарсади хонандагон дар литсею гимназияҳо, ки низ навигариянд, мехонанд. Аммо оддитарин шароит дар бархе онҳо вуҷуд надоранд. Масалан, дар як синф то 40 нафар таҳсил мекунанд, ки аслан қобили қабул нест."

Табаралӣ Зиёев аз Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, зоҳиран тағйирот ба таври кофӣ ворид шуданд, аммо моҳиятан мушкилоте вуҷуд доранд, ки ба як солу ду сол оноҳоро намешавад ислоҳ кард: "Мушкилотеро аз қабили камбуди китобу бинову омӯзгорро гуфтем, ки ҳал кардем. Мушкили он омӯзгорро чӣ тавр ҳал кунем, ки ҳанӯз бо тафаккури коммунистӣ зиндагӣ мекунад? Агар дар синф профессор ё дотсент аз назари методологияи кӯҳна сӯҳбат кунад, 80 дақиқаи ҳасади Шӯравиро хӯрад, таърифи онро кунад, чӣ кор кунем, ки тафаккури ӯро тағйир диҳем?"

"ПЕШИ РОҲИ БОСАВОДОНРО КАСЕ НАМЕГИРАД"

Абдуҷаббор РАҲМОНОВ
Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар макотиби миёнаи кишвар 1,7 миллион хонанда таҳсил мекунад ва дар замони истиқлол теъдоди макотиби олӣ аз 17 ба 36 адад афзуда, теъдоди донишҷӯён ба 150 ҳазор нафар расидааст. Аммо дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба 400 навъи тахассус эҳтиёҷ дорад ва фақат 265 намуди он дар ҳудуди кишвар омода мешаванд.

Ҳамчунин вазъ дар макотиби олии кишвар низ пеш омада, сатҳи ришва дар маъракаи қабули довталабон ба донишгоҳҳо дар соли 2011, бар пояи иттилои расонаҳо, то 10 ҳазор доллари амрикоӣ боло рафтааст. Аммо вазъ то ба ҷое расидааст, ки роҳ барои довталабони босавод боз шудааст. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон дар яке сӯҳбатҳояш чунин гуфт: "Пеши роҳи бачаи босаводро касе гирифта наметавонад. Ин гапҳо дурӯғанд, ки онҳо ба донишгоҳҳо роҳ намеёбанд. Даҳҳо нафарро медонам, ки бо саводи худ донишҷӯ шудаанд, падару модарашон ҳам ба мо изҳори ташаккур карданд."

МАКТАБҲОИ ХОРИҶӢ БЕҲТАРАНД?


Коршиносон мегӯянд, воқеан довталаби босавод барои мактабҳои олӣ як дастовард аст ва наметавон курсиҳои донишгоҳҳоро аз донишҷӯёни бесавод пур кард. Аммо Азизи Азиз мегӯяд, хонанда ё донишҷӯи босавод дастоварди дар кулл сохтори маорифи
Литсейи туркӣ дар шаҳри Душанбе

Тоҷикистон нест: "Инҳо истеъдод ҳастанд. Онҳо аз модар таваллуд шудаанд бо ин истеъдод. Вазифаи мактабу донишгоҳ ин аст, ки истеъдодро ошкор, завқҳоро бедор ва тарбия кунанд. Дар мо ин тур нест. Дар Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр воқеан Рӯзи Дониш аст. Ҳама шоду мамнунанд. Ҳазорҳо орзу дар дил мепарваранд. Аммо мутаассифона, аз 2 сентябр аллакай рӯзи дониш нест."

Яке аз воқеиятҳои дигари маорифи Тоҷикистон пайдо шудани литсею донишгоҳҳои хориҷӣ аст, ки теъдодашон рӯз ба рӯз меафзояд ва ҳам муваффақтарин муассисаҳои таълимӣ маҳсуб мешаванд. Таҷрибаи ба миён овардани ҳамчунин муассисаҳои миллӣ то ҳанӯз муваффақ набудааст. Коршиносон мегӯянд, муваффақияти муассисаҳои хориҷиасос танҳо дар он аст, ки бар пояи озмунҳо беҳтарин хонандагонро интихоб мекунанд ва аз ҳама муҳим барои онҳо шароити заруриро фароҳам меоранд. Маҳз он шароитеро, ки мактабҳои таҳти тобеи ҳукумати Тоҷикистон наметавонанд фароҳам созанд.
XS
SM
MD
LG