Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ гуфт, бинои омӯзшгоҳи мусиқиро тарк мекунад


Зоҳиран ба баҳси даҳсолаи миёни Коллеҷи мусиқии Кӯлоб ва намояндагии Оҷонси зидди маводи мухаддир нуқта гузошта шуд.

Донишҷӯёни Коллеҷ ё омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Кӯлоб бо дафу таблак ва дигар асбобҳои мусиқӣ аз ин пас метавонанд, дар саҳни бинои коллеҷ ба дарс омодагӣ бигиранд. Садои асбоби мусиқии онҳо дигар касеро озурда нахоҳад кард.

Қаблан, намояндагони Шӯъбаи Оҷонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, ки коргоҳашон дар паҳлуи ин коллеҷ ҷойгир буд, шеваи дарстайёркунии донишҷӯёнро барои худ "сарвайронкунанда" унвон медонистанд. Аммо масъулини коллеҷ бо шиква ба Радиои Озодӣ чанд моҳ пеш Шӯъбаи ин Оҷонсиро дар ғасби бинояшон муттаҳам дониста ва рафтори кормандони онро ба масали халқии "дузди зӯр соҳиби говро мебандад", ташбеҳ доданд.

Дар як посухи расмӣ намояндагони Оҷонсӣ навиштаанд, даҳ сол пеш бо қарори шаҳрдории вақт ва қонунан онҳо нисфи бинои коллеҷро аз худ карда буданд. Дар номаи Оҷонсӣ омадааст, онҳо ба фаъолияти коллеҷ ҳеҷ халал ворид намекарданд, вале бо ин вуҷуд ҳоло бо қарори шаҳрдорӣ барояшон қитъаи замин ҷудо шудааст ва бо анҷоми сохтмон бинои коллеҷро холӣ хоҳанд кард.

Тасмими Шӯъбаи оҷонсӣ, ки дар зудтарин фурсат бинои коллеҷро тарк хоҳад кард, донишҷӯён ва масъулини ин муасиссаи таълимиро шод кардааст. Фаттоҳ Файзуллоев, директори коллеҷи мусиқии Кӯлоб, мегӯяд, даҳҳо бор ба раиси шаҳр муроҷиат карда буд, вале мушкилаш ҳал нашуд, аммо пас аз нашри матлаб масъулини Оҷонсӣ ба наздаш омада ваъда додаанд, ки биноро тарк мекунанд.

Ӯ гуфт, "донишҷӯёни мо зиёданд ва бароямон синфхонаҳо намерасанд. Даҳҳо бор муроҷиат кардем, вале ба додамон касе нарасид. Вале пас аз нашри мақола дар торнамои "Озодӣ" масъулин дар паи ҷустуҷӯи замин шуданд. Ҳоло ваъда доданд, ки то анҷоми сохтмон сабр кунем ва онҳо ин биноро тарк мекунанд. Аз Радиои Озодӣ хеле миннатдорем, ки дар ҳалли мушкили мо саҳм гузошт."

Донишҷӯёни коллеҷ ҳам мегӯянд, пас аз нашри мақолаи интиқодӣ назари кормандони Оҷонсӣ дар нисбат ба онҳо комилан дигар шуд. Самад, яке аз донишҷӯёни коллеҷи мусиқӣ гуфт, "ҳар боре мо дафу таблак мезадем, баъзеашон дод мезаданд, ки хап кунед ва ба мо халал нарасонед. Ҳоло дигар кор надоранд, ки мо кадом асбоби мусиқиро менавозем."

Баҳси коллеҷи мусиқии ба номи Кароматуллоҳ Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб бо намояндагии Оҷонси мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бар сари нисфи бинои ин коллеҷ беш аз даҳ сол идома дошт. Пас аз нашри як матлаб дар Радиои Озодӣ ба гуфтаи масъулини коллеҷ ва вокуниши кормандони Оҷонсӣ баҳс ба манфитаи устодону донишҷӯёни коллеҷи мусиқӣ анҷом ёфтааст.
XS
SM
MD
LG