Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танҳо садост, ки мемонад... Ёде аз Зафар Нозимов


Шодравон Зафар Нозимов (акс аз бойгонӣ)
Шодравон Зафар Нозимов (акс аз бойгонӣ)

Дар толори Кохи Ҷомӣ ба муносибати мавлуди овозхони маъруф, Зафар Нозимов, маҳфили ҳунарӣ баргузор гардид.

Ширкатдорони ин маҳфил аз нақши носутурдании Зафар Нозимов дар арсаи ҳунар ва фарҳанги тоҷик ва заҳматҳои шоистаи ӯ ҳарф мезаданд.

Саидқул Билолов, овозхони тоҷик
Саидқул Билолов, овозхони тоҷик
Сайидқул Билолов, овозхони маъруфи тоҷик, Зафар Нозимовро баъд аз Акашариф Ҷӯраев яке аз сутунҳои санъати овозхонии тоҷик дар сад соли ахир хонда гуфт, ки устод Зафар ба унвони як ҳунарманди мардумӣ дар ҳама маҳал ва манотиқи Тоҷикистон бо истиқболи гарми мухлисон ва дӯсторони мусиқии асил рӯбарӯ мешуд. Ин ҳунарманди тоҷик эътироф мекунад, ки шӯҳрат ва мақомеро, ки Зафар Нозимов ба даст овард, самараи истеъдоди нодир ва худододии ӯст.

Сайидқул Билолов афзуд, ки овозхонҳое чун Зафар Нозимов шояд дар садсол як навбат ба дунё меоянд: «Устод Зафар бидуни садоафзо ҳам мехонд. Мо мактаби ӯро гузаштаем ва аз ӯ омӯхтаем. Устод боре гуфт, ки аз қуллаи 70 ба роҳи тайкардааш нигариста хеле хушҳол шудааст, ки чӣ қадар сурудҳо офарида ва бо ин васила дили мардумро ба Худо, ватан, модар, зиндагӣ, падару модар гарм кардааст. Ӯ рисолати як ҳунарманди асилро иҷро кардааст.»

Зафар Нозимов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон 2-юми июни соли 1940 дар хонаводаи як сокини оддии водии Рашти Тоҷикистон ба дунё омада ва зери сояи модари танҳо бузург шудааст. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе шӯҳрате ба даст овард, ки ҳунармандони собиқадор надоштанд. Таронаҳои “Эй сорбон, оҳиста рон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», “Модар” ба қавле дар ин 50 сол ҳамеша дар миёни насли
Сафаралӣ Қурбоналиев
Сафаралӣ Қурбоналиев
миёнасолу бузургсол хит буда ва ҳанӯз ҳам ҳаст. Зафар Нозимов ба унвонҳои мӯътабари Ҳунарманди мардумӣ ва шоистаи Тоҷикистон сарфароз шудааст ва нишонҳои дигари фахрии давлатӣ ҳам дорад. Ӯ дар гузашта раҳбари Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии “Ганҷина” ҳам будааст.

Сафаралӣ Қурбоналиев, муовини роҳбари дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ки худро яке аз шогирдони Зафар Нозимов меҳисобад, мегӯяд, Зафар Нозимов бо онки соҳиби сабку садои хоси худ буд, ҳамчунин як равия ва як мактаби наверо дар соҳаи овозхонии тоҷик ба вуҷуд овард. Ҷаноби Қурбоналиев афзуд, дар нимаҳои аввали солҳои 80-ум Зафар Нозимов бо ташкили дастаи ҳунари фолклории «Ганҷина» ва даври худ ҷамъ овардани овозхонҳо аз куллия манотиқи кишвар, тавонист беҳтарин савту сурудҳои мардумиро эҳё ва дубора тақдими худи ин мардум созад: «Мактаби устод Зафар Нозимов як мактаби бузург буд, ки садҳо нафарро тарбият кардааст. Зафар Нозимов як истеъдод ва овози худодод дошт. Ӯ санъаткори модарзод буд.»

Зафар Нозимов, аз ҳунармандоне буд, ки дар муқоиса ба овозхонҳои дигари маҳбуб дар маҳалҳои хоси Тоҷикистон, дар саросари кишвар ҳаводору шунаванда дошт. Оҳангҳои устод Зафар умумитоҷикист, ки ҳам оҳанги Кӯлоб, ҳам Дарвоз, ҳам Бадахшон ва ҳам Суғдро дорад.

Ҷовидон Нозимов
Ҷовидон Нозимов
Ҷовидон Нозимов, яке аз фарзандони Зафар Нозимов, ки ҳоло дар пайроҳаи падари худ қадам мезанад, гуфт, бо онки падараш дар маросимҳои мардумӣ ҳамеша ширкат мекард, ҳамеша талош менамуд, ки нафари ба суроғаш омадаро ноумед гусел накунад. Ҷовидон гуфт, ки ёд надорад падар қабл аз ширкат дар тӯйҳо бо соҳибҷашн савдо кунад ва аз худи ӯ низ хоста буд, ки бо мардум ҳамин тавр муомила кунад: «Умуман дар ин бора гап намезад. Ва барои ман насиҳат ҳам карда буд, ки писарам, касе, ки ба нияте ба умеде пушти дар хонаи ту меояд, ноумед накун. Дар бораи маблағ чизе ҳам нагӯ, нарху наво накун, шароит дорад надорад, баракс кӯшиш намо, ки одамон ноумед нараванд.»

Зафар Нозим ба унвонҳои мӯътабари Ҳунарманди мардумӣ ва шоистаи Тоҷикистон ва низ нишони давлатии «Ситораи Президент» сарфароз шудааст.
Вай дар моҳи августи соли 2010 дар синни ҳафтодсолагӣ ин ҷаҳонро тарк кардааст.
XS
SM
MD
LG