Ҷоизаи Камол, иборат аз диплому нишон ва 3 ҳазор сомонӣ, ҳар сол ба намояндагони аҳли адабу фарҳанги вилояти Суғд тақдим мегардад. Имсол ин ҷоиза барои поси ҳунари ниёгон ва эҳёи карнайҳои давраи Сомониён насиби Усто Мирзо Мансуров гардид.
Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир хонаводааш бо усули қадимӣ ба карнайсозӣ машғуланд: "Солҳои охир дар Тошканду Андиҷон ҳам чанд усто сари кор омаданд, аммо онҳо бо кафшер карнай месозанд. Мо бо ҳамон усули қадимӣ, бе кафшерзанӣ карнай месозем."
Озодӣ: Дар сол чанд карнай месозед?
Мирзо Мансуров: "Тахминан 20 ва гоҳо аз ин ҳам бештар. Аммо солҳои охир дар пайи сафарҳои президент барои иштирок дар ҷашну маъракаҳо ба мо ҳам фармоиш зиёд мешавад."
Озодӣ: Як карнай чӣ қадар нарх дорад?
Мирзо Мансуров: "Аз 1200 то 1400 сомонӣ."
Озодӣ: Аммо чаро ин касби қадимӣ қариб аз байн рафта ва аз устоёни карнайсоз як хонаводаи Шумо мондааст?
Мирзо Мансуров: "Давраи Шӯравӣ ба моли мо якбора талабот кам шуд. Чунки касбу кори мо аслан танҳо карнайсозӣ не, мисгарӣ ҳам ҳаст. Лаъливу офтобаву кӯзаву чизҳои дигар месозем. Корхонаҳои калони саноатӣ пайдо шуда ва ин чизҳо дар фурӯшгоҳҳо бисёр пайдо шуд. Ба ҷуз ин, Шӯравӣ косибонро дастгирӣ намекард. Аз ин рӯ, ҳамкасбонам маҷбур ба касбу корҳои дигар машғул шуда, мисгариву карнайсозиро тарк карданд. Домани ин пешаро танҳо падараму ману шогирдам маҳкам доштем ва ҳоло 50 сол аст давом медиҳем. Дастгирии раисиҷумҳуру раиси вилоят ва масъулони фарҳанг касбу кори моро дубора равнақ бахшид."
Озодӣ: Ғайр аз карнай боз чӣ асбобҳоро дастӣ месозед?
Мирзо Мансуров: "Офтоба, обдаст, лаганҳои мисӣ... Мо дар устохонаамон намунаҳои қадимии ин чизҳо ва сурату эскизҳои қадимиашро ҳифз мекунем, аз рӯи онҳо карнайҳои ҳазор сол пеш, давраи Сомониёнро барқарор медорем."
Озодӣ: Авлоди Шумо чанд пушт ин касбро ҳифз мекунанд?
Мирзо Мансуров: "То шаш-ҳафт пушти худро медонем, ки аз пайи касби мисгарию карнайсозӣ нон хӯрдаанд. Он тарафашро намедонам, аммо аз рӯйи ривоятҳои шунидаам, аз замони ҳосил кардани мис мисгарӣ пешаи мо будааст."
Озодӣ: Шогирдҳо ҳам доред?
Мирзо Мансуров: "Писарҳоям касбамро омӯхтаанд, боз се шогирди дигар дорам."