Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгоҳи марказӣ "муҷаҳҳазтар" мешавад


Аз 25-ум то 30-юми сентябр дар Тоҷикистон, мусобиқоти Ҷоми президенти конфедератсияи футболи Осиё баргузор мегардад.

Дар ин сабқат шаш тим аз кишварҳои қора ширкат хоҳанд кард. Ин дастаҳои ғолиби кишварҳои Қирғизистон, Покистон, Фаластин, Камбоҷа ва Тайбйи Чин мебошанд.

Аз Тоҷикистон дар ин сабқат дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ширкат менамояд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани ин мусобиқот чароғҳои равшанидиҳандаи варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе нав карда шуданд. Ҳамакнун дар ин майдони варзишӣ имкони гузаронидани бозиҳои футбол ҳангоми шаб ҳам фароҳам омад, ки ин ба гуфтаи футболбозон барои беҳтар намудани сатҳи бозӣ ва зиёд шудани теъдоди мухлисон мусоидат хоҳад кард. Аммо баргузории бозиҳои футбол дар шаб то куҷо муассир хоҳад буд?

Ҷамшед Исмоилов, футболбози тими «Регар-ТадАЗ», ки 12 сол боз дар ин даста бозӣ мекунад, мегӯяд, азбаски мусобиқаҳо дар фасли гармо дар ҳарорати беш аз 40 дараҷа ва ин ҳам нисфирӯзӣ баргузор мешаванд, аз тасфи ҳаво футболбозҳо наметавонанд, маҳорати хешро пурра нишон диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамин далел бозиҳои футбол бо вуҷуди аксаран ройгон буданаш мухлисони зиёдро дар варзишгоҳҳо ҷамъ оварда наметавонанд: «Ҳарорати ҳаво агар 45 дараҷа бошад, мо медавем 90 дараҷа мешавад. Мо мисол ба наздикӣ аз
Олмон омадем, дар онҷо соати 7-и бегоҳ бозӣ кардем. Тими давлати Қатар сатҳаш аз мо баланд аст, аммо мо дар Олмон дар сатҳи онҳо бозӣ кардем, чунки ҳаво салқин буд ва онҳоро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохтем. Дар инҷо бошад, дирӯз мо дар соати 4-и нисфирӯзӣ бозӣ доштем, аллакай бозии мо аз бозии бо тими Қатар кардаамон фарқ мекард, зеро онҷо салқину инҷо гарм буд ва давидан ҳам мушкил буд».

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хотири ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохтани варзишгоҳи марказии Душанбе чанде пеш дар он таҷҳизоти равшанидиҳандаи олмонӣ насб кард. Ба гуфтаи Нуралӣ Хоркашев, мутахассиси шӯъбаи баргузории мусобиқоти федератсияи мазкур, ин иқдом метавонад дар рушду инкишофи футболи тоҷик мусоидат намояд. Ин таҷҳизот ахиран дар бозиҳои даври нимниҳоии ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Энергетик» ва «Истиқлол»-и Душанбе таҷруба карда шуд.

Оқои Хоркашев мегӯяд: «Мусобиқа аз рӯйи нақшаи пешакӣ бояд соати 4:30 дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардид, аз сабаби он, ки аз 25-ум то 30-юми моҳи сентябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ марҳилаи ниҳоии Ҷоми президенти конфедератсияи футболи Осиё гузаронида мешавад ва таҷҳизотҳои равшанидиҳии нав васл гардонида шудаанд, барои санҷидани онҳо ин бозӣ дар варзишгоҳи мазкур сурат гирифт ва боварӣ ҳосил кардем, ки акнун ин варзишгоҳ имконияти пурраи дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҳамагуна мусобиқаҳоро дорост».

Ин нахустин бозии футбол дар 20 соли охир дар Тоҷикистон аст, ки шом ва зери нури чароғҳо доир шуд. Чунки ба гуфтаи мухлисон, чароғҳои кӯҳнаи аксари варзишгоҳҳо кайҳо боз ба майнахона табдил ёфтаанд.

Дилшод Сафаров, як мухлиси футбол гуфт, ки теъдоди мухлисонро бо нав кардани чароғҳо ва муҳайё намудани шароити хуб дар варзишгоҳҳо, метавон то андозае бештар кард. Аммо боз ҳам ба таъкиди Дилшод мушкилии асосӣ дар ин нест, зеро: «Вақте ки одам мухлиси футбол бошад, агар дар биёбон ҳам бошад, фарқ надорад, борон бошад, барф бошад ӯ меравад тамошо мекунад. Ана барои дар барфу борон тамошо кардани мухлисон онҳоро аввал ҳавасманд кардан лозим. Ду-се бор, ки рафта дид, аллакай одат карда мухлис мешавад ва фарқ надорад дигар дар гармӣ ё дар сардӣ рафта мухлисиашро кардан мегирад».

Дилшод ҳамчунин афзуд, ки сатҳи футболи тоҷик паст рафтааст, аз ин рӯ, имрӯз мисли солҳои 80, ки тими «Помир» ҳазорон мухлисро дар варзишгоҳ гирд меовард, наметавонанд ҳаводорони зиёд пайдо кунанд. Аксари бозиҳо дар кишвар дар ҳузури шумори хеле ночизи тамошобинон мегузарад. Албатта, ба
истиснои «Равшан» ё «Регар ТадАЗ» барин тимҳои қавитар, ки мухлиси бештар доранд, вале шумори ҳаводорони онҳо низ бо солҳои 80 қобили қиёс нест.

Коршиноси масоил варзиш Музаффар Мадалиев мегӯяд, як иллати асосии таваҷҷӯҳи ками мухлисон ба бозиҳои тимҳои маҳаллӣ, сатҳи хеле пойини футболи тоҷик аст: «Он футболбозоне, ки имрӯз бозӣ мекунанд, инҳо меваи солҳои навадуманд, ки он вақт дар Тоҷикистон ҷанг буду на мураббӣ ва ба ягон кас футбол мефорид. Ҳозир инҳо калон шуда футболбоз шуданд, лекин мактаби вайҳо солҳои 92,93,95 буд. Ҳама чиз аз мактаб вобаста. Мактаб, ки нест, сад кӯшиш кун онҳо дигар аз ин зиёд намешаванд, чунки таҳкурсӣ надоранд».

Дар дунё таҷрубаҳои зиёди кишварҳое чун Ҷопон ё Туркия ҳаст, ки тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ ба кишварҳои пешгом дар ҷаҳони футбол табдил шаванд. Аммо ин пешрафт ба ин кишвар дар ивази сармоягузории хеле бузург ва ҷалби миллионҳо доллар ба ин ришта муяссар шудааст. Вале футболи тоҷик ҳанӯз чунин маблағгузориро ба истилоҳ «хоб» мебинад.

Соҳибаи Кароматуллоҳ, Радио Озодӣ
XS
SM
MD
LG