Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Раҳимов: “Сар бе тан намешавад”


Рашид Раҳимов
Рашид Раҳимов

Рӯзи 31-уми август давраи дувуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт.

Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои ҷумъаву шанбе баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 4-0.
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 2 (1:0). Дилшод Восиев, 9 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 21 (3:0). Фарҳод Тоҳиров, 28 (4:0).

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – 2-1.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”.

Голҳо: Руслан Таваккалов, 59 (0:1), Нодирбек Маъмиров, 68 (1:1), Раҳматулло Фузайлов, 39 (2:1)

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - 3-0.
Шаҳри Ваҳдат. Варзишгоҳи “Хайр”.
Голҳо: Мирзобек Мирзоев, 23 (1:0), Алишер Улмасов, 25 (2:0), Акмал Авазов, 45 (3:0).

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – 0-1.
Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”.
Гол: Аҳтам Ҳамроқулов, 75.

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) – 3-0.
Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.
Голҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов, 45 (1:0), Бенҷамин Аманква, 59 (2:0), Мауто, 89 (3:0).

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - 0:2. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Голҳо: Рустам Усмонов, 48 (1:0), Салим Умуров, 90+3 (2:0)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
"Регар-ТадАЗ"
13
11
2
0
34-9
35
2.
"Равшан"
13
11
1
1
21-5
34
3.
стиқлол"
13
9
2
2
32-8
29
4.
"Хайр"
13
7
3
3
24-18
24
5.
“Вахш”
13
7
1
5
19-8
22
6.
"Парвоз”
13
6
2
5
29-19
20
7.
“Хуҷанд”
13
5
1
7
18-21
16
8.
ССКА “Помир”
13
4
4
5
12-16
16
9.
"Истаравшан"
13
4
2
7
18-28
14
10.
“Энергетик”
13
3
4
6
17-18
13
11.
"Ҳосилот”
12
2
1
9
12-31
7
12.
“Зарафшон”
13
1
3
9
14-40
6
13.
"Гвардия”
13
1
0
11
8-37
3

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -11 гол, Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") - 9 гол, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Габриэл Донто (“Энергетик”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 8-голӣ, Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд"), Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 7-голӣ, Юсуф Рабиев, Иброҳим Рабимов (ҳарду - «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик») - 6-голӣ.

Даври 15-ум
7-уми сентябр (ҷумъа)
Оғози бозӣсоати 16.30
«Истаравшан» - «Ҳосилот»

8-уми сентябр (шанбе)
Оғози бозиҳосоати 16.30
ССКА «Помир» - «Гвардия»
«Хуҷанд» - «Хайр»
«Вахш» - «Энергетик»
«Зарафшон» - «Истиқлол» - ба мӯҳлати дертар гузошта шуд.

Бозии дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар дастпарвари футболи тоҷик, ҳимоятгари
собиқи тими “Помир”-и Душанбе Рашид Раҳимов тамошо кард. Ӯ солҳои ахир ба ҳайси сармураббии бошгоҳҳои футболи Премйер-лигаи Русия - “Амкар”-и Перм ва “Локомотив”-и Маскав кор кардааст.

Рашид Раҳимов 28-уми сентябри соли 2011-ум аз вазифаи сармураббии дастаи “Амкар”-и Перм истеъфо дод. Раҳбарони бошгоҳи “Перм” истеъфои Рашид Раҳимовро пазируфтанд ва қарордод миёни ҳарду ҷониб лағв гардид.

Геннадий Шилов, президенти бошгоҳи футболи “Амкар”, дар бораи истеъфои Рашид Раҳимов гуфтааст, “бо мақсади нигаҳ доштани даста дар Премйер-лига мо бо Рашид Раҳимов ба чунин хулоса омадем, ки қарордод пеш аз мӯҳлат лағв шавад. Бо Раҳимов барои он хайрухуш намудем, ки вазъ дар клуб беҳтар гардад. “

Ин футболбозу мураббии маъруфи 47-сола, ғолиби чемпионати лигаи якуми СССР (1988), қаҳрамони дукаратаи футболи Русия (1992 ва 1994), барандаи Ҷоми Русия ( 1991/992) ба зодгоҳаш – шаҳри Душанбе ба аёдати хешу ақрабо ва дӯстонаш омадааст. Ӯ гуфт, ки пеш аз ин соли 2005-ум ба Душанбе омада буд.

Баъди анҷоми бозии “Энергетик” ва “Регар-ТадАЗ”мо бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем ва хоҳиш кардем, ки пеш аз ҳама андешаҳои худро дар бораи ин бозӣ баён намояд. Рашид Раҳимов гуфт, “маълум буд, ки ҳарду даста барои пирӯзӣ хоҳиши зиёд доранд. Вале ман дидам, ки дар бисёр лаҳзаҳо футболбозон ҳангоми бозӣ ба хатоҳои оддитарин роҳ медиҳанд. Пас маълум мешавад, ки дар машқҳо хуб таълим нагирифтаанд. Албатта аз рӯи як бозӣ наметавон ба маҳорати дастаҳо баҳои ҳаққонӣ дод, барои ин якчанд бозиро бояд тамошо кард.”

Рашид Раҳимов оиладор аст ва чаҳор духтар дорад. Духтари бузургаш дар Лондон таҳсил менамояд. Ҳамсару се духтараш дар Австрия ба сар мебаранд. Рашид дар айни ҳол дар Маскав зиндагӣ мекунад, аммо бекор аст. Вай мегӯяд, “дар ҳаёти ҳар як мураббӣ давраи танаффус фаро мерасад ва ман ҳам истисно нестам. Вале бекор
нишаста наметавонам. Маро зуд-зуд ба телевизион даъват мекунанд ва ман ҳамчун коршинос бозиҳоро таҳлил мекунам. Инчунин ба кишварҳои дигар сафар менамоям ва дар бошгоҳҳои футбол таҷриба меомӯзам, аз навгониҳои бозии футбол воқиф мегардам. Ва умедворам, ки ба ман ягон пешниҳод мешавад.”

Рашид Раҳимов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки футболи тоҷик нисбат ба замони шӯравӣ хеле ақиб рафтааст. Ва аммо ӯ умедвор аст, ки роҳбарони нави Федератсияи футболи Тоҷикистон бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати кишвар ва сарпарастон дар ин намуди маъмултарини варзиш ба натоиҷи дилхоҳ ноил мешаванд.

Вай иброз дошт, “ман ҳам ба рушди футболи тоҷик завқмандам. Албатта баъзе пешравиҳо дар футболи тоҷик ба назар мерасад. Вале барои чӣ бошад, ҳама, аслан, ба он таваҷҷӯҳ медиҳанд, ки дастаи мунтахаби хуб дошта бошем. Мо бояд фаҳмем, ки сар бе тан намешавад. Бинобар ин мо қабл аз ҳама ба чемпионати кишвар, ба рақобатпазирии он диққат бидиҳем, то ки дар мо клубҳои хуби футбол пайдо шаванд. Барои ин инфрасохтор, майдонҳои хуби футбол, маблағгузории кофӣ, мактабҳои бачагонаву наврасон, омӯзиши мураббиён зарур аст. Ҳамаи ин масъалаҳо аз як-ду нафар вобаста нест. Барномаи давлатии рушди футбол, ки қабул шудааст, бояд дар амал татбиқ шавад.

Рашид Раҳимов бо мо ба забони русӣ сӯҳбат кард ва ба суолҳоямон посухҳои мушаххас дод ва ин мусоҳиба ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:50 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG