Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону МАГАТЭ боз бо ҳам "забон" наёфтаанд


Дар акс: Алӣ Асғар Султония (рост) бо Ҳерман Накартс (чап)
Дар акс: Алӣ Асғар Султония (рост) бо Ҳерман Накартс (чап)

Музокироти Эрон ва Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ бидуни дастёбӣ ба тавофуқе поён расидааст.

Ҳерман Накартс, раиси ҳайати музокиракунандаи МАГАТЭ, низ гуфтааст, ихтилофи миёни Эрону Оҷонс ҳамчунон пойбарҷост. Бино ба гузориши Ройтерз, Накартс, ки пас аз музокирот бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, "музокирот имрӯз бисёр фишурда буд, аммо ихтилофҳои асосӣ миёни Эрону Созмони Милал ҳамчунон боқӣ аст ва ҳамин масъала монеи дастёбӣ ба тавофуқе шуд." Ӯ изофа кардааст, “феълан мо барномае барои даври дигаре аз музокирот надорем.”

Ин дар ҳолест, ки Алӣ Асғар Султония, намояндаи доимии Эрон дар Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, музокироти намояндагони Эрон ва Оҷонсро мусбат ва коршиносӣ хонд. Ба гузориши ИРНА, Султония гуфтааст, "дар ин давра аз музокирот бархе аз ихтилофҳои миёни Эрону Оҷонс бар сари барномаи ҳастаии Эрон ҳаллу фасл шуд."

Ҳерман Накартс, муовини дабири кули МАГАТЭ ва раиси ҳайати музокиракунанда бо Эрон, пеш аз оғози музокирот гуфта буд, ҳадаф аз баргузории ин гуфтугӯҳо дастёбии тавофуқе бо Эрон бар сари шеваи шаффофсозии барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломист. Вай таъкид карда буд, ки ҳайати музокироакунандаи Оҷонс дар ҷараёни ин гуфтугӯ бори дигар дархости боздид аз корхонаи Порчинро матраҳ хоҳад кард.

Намояндагиҳои дипломатии Ғарб мегӯянд, Эрон дар таъсисоти ҳастаии худ дар Фурдо таҷҳизоти нави ғанисозии уран насб кардааст. Ин манобеъ ҳамчунин мегӯянд, Эрон дар корхонаи Порчини худ ҳар гуна нишонаи фаъолияти ҳастаиро аз байн мебарад, то фаъолиятҳои ҳастаиаш мушоҳида нашавад. То ҳол дар бораи ин иддаои дипломатҳои ғарбӣ Эрон чизе нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG