Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Вена, оқои Юкия Амано гуфт, ки созиш миёни Эрон ва МАГАТЭ ба зудӣ имзо хоҳад шуд, ҳарчанд то ҳол баъзе ихтилофи назарҳои ҷузъӣ боқӣ мондаанд. Амано афзуд, ки мақомоти Эрон барои тафтиши корхонаи ҳастаии Порчин, воқеъ дар канори Теҳрон, низ иҷоза доданианд. Маҳз дар ин корхона, бар пояи хабарҳо, аз соли 2003 коркарди махфии силоҳи ҳастаӣ идома дорад. Теҳрон мехоҳад, ба ивази тафтиши муассисаҳои ҳастаияш аз сӯи нозирон лағви таҳримҳои байнулмилалиро талаб кунад.
Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед дар арафаи музокирот дар Бағдод изҳороти Юкия Аманоро “қадаме ба пеш” номид ва аммо гуфт, ки Амрико ба ниятҳои Теҳрон на аз рӯи ваъдаҳо, балки аз рӯи амалҳояш баҳо хоҳад дод ва аз ин рӯ алҳол имкони лағви таҳримҳоро баррасӣ карданӣ нест. Ӯ гуфт, ки “Эрон дар роҳи интихоб қарор дорад. Режим бояд интихоб кунад - вай метавонад иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро шурӯъ кунад ва ҷомеъаи байнулмилалӣ баргардад. Ё метавонад аз иҷрои онҳо сарпечӣ намуда бо паёмадҳои басо ногувор рӯ ба рӯ шавад”.
Ҷей Карнӣ афзуд, “дар бораи он ки ин паёмадҳо чӣ гуна метавонанд бошанд, аз рӯи он бастаи таҳримҳое метавон ҳукм кард, ки алайҳи Эрон ҷорӣ карда шудаанд”.
Изҳороти Юкия Амано дар ҳоле нашр шуд, ки қарор аст имрӯз дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, давраи навбатии музокирот миёни Эрон ва ҳайатҳои панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ - Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Амрико ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон баргузор шавад. Даври қаблии ин музокирот дар шаҳри Истамбул бидуни натиҷаи чашмрас поён ёфта буд.
Сайид Ҷалилӣ, раиси ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бағдод гуфт, ки ӯ ба шурӯи марҳалаи нави ҳамкории Эрон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ хушбин аст.
Дар ҳамин ҳол нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бори дигар изҳор намуд, ки Эрон ба хотири аз байн бурдани давлати яҳудиҳо мехоҳад соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад. Ӯ аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки дар гуфтушуниди Бағдод ба ягон хел гузашт дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон розӣ нашаванд.
Исроил ва ҳампаймонаш ИМА имкони амалиёти низомӣ алайҳи Теҳрон ба хотири ҷилавгирӣ аз сохтани силоҳи ҳастаии эрониро байид намедонанд.