Эраҷ Холов, бозигари асосии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб мегӯяд, бо маблағи футболбозӣ натавонист, оила барпо кунад.
Ин ҷавони 24-сола аз маъруфтарин бозингарони даста буд, ки тарки бозии футбол намуда, рӯ ба тиҷорат овардааст. Эраҷ мегӯяд, даҳ сол бидуни гирифтани манфиати кофии молӣ дар дастаи «Равшан» бозӣ кардааст, аммо дигар наметавонад, танҳо «барои раҳмат шунидан» ба футбол машғул бошад.
Ин бозигар сабаби аслии аз дастаи «Равшан» рафтанашро «махфӣ» номид, аммо гуфт, ҳоло мехоҳад барои барпо кардани оила маблағ ҷамъоварӣ кунад: «Миёни ман ва масъулони даста чӣ гузаштааст, намехоҳам, бигӯям. Ба ҳар ҳол ман онҳоро эҳтиром мекунам. Дастаи «Равшан»-ро дӯст медорам, аммо бояд маблағ ҷамъ кунам. То кай аз ҳисоби волидайн зиндагӣ мекунӣ. Пешниҳодҳо то ҳол барои бозӣ дар дастаи «Регар-ТадАЗ» ҳаст, аммо он қадар розӣ нестам, ки аз шаҳри Кӯлоб берун равам».
Аммо Эраҷ танҳо бозингаре нест, ки тарки дастаи «Равшан» кардааст. Ба мисли ӯ, ҳоло панҷ тан аз бозингарони ба қавли коршиносон ҳирфаии даста дар бозиҳо намоён нестанд. Фозил Сатторов, аз ҷумлаи ин бозингарон аст, ки дар тамоси телефонӣ гуфт, ки ҳоло дар Хуҷанд қарор дорад ва дар садади бастани шартнома бо дастаи футболи «Хуҷанд» ҳаст.
Дар ҳамин ҳол, Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан» мегӯяд, расман онҳо ду бозингар, Фозил Сатторов ва Далер Шоҳмуродовро барои иҷро накардани вазифаҳои аслии худ дар чанд бозии ахир, аз даста хориҷ кардаанд. Аммо Рустамов мегӯяд, то ҳол Эраҷ расман бозингари онҳо ҳаст ва ин ду бозигари дигар ҳам пас аз тамрин метавонанд, дубора ба ҳайати даста баргарданд:
«Мо ҳатто ба ин ду нафар тавсия додем, ки ба дигар дастаҳо гузаранд. Инҳо дар бозиҳои охир натиҷаҳои хуб нишон надоданд. Ҳадафи мо чемпион шудан ҳаст ва бо чунин бозиҳои онҳо ин кор номумкин мегашт. Ба ин хотир ҳоло мо ба ҷои онҳо легионер даъват кардаем, ки дар бозиҳои навбатӣ худро нишон хоҳанд дод».
Ба гуфтаи сардори дастаи "Равшан", Ҳусайни Моҳрухӣ - легионери эронӣ, ки шикасти «Истиқлол» бо голҳои задаи ӯ имконпазир шудааст, ҳоло дар Эрон қарор дорад ва эҳтимол дубора ба сафи даста пайвандад. Эраҷ Холов ва Ҳикмат Расулов ба гуфтаи ӯ, бо сабабҳои номаълум ба бозиҳо ҳозир намешаванд:
«Инҳо бозигарони бад нестанд. Ҳоло ҳам ин се нафар бозигари мо ҳастанд. Ин ду нафар бо сабабҳои номаълум ба бозиҳо ҳозир намешаванд, аммо модари бозигари эронӣ бемор шудааст ва барои табобати модараш ба ватанаш рафтааст».
Аммо берун шудани панҷ нафар бозингар аз дастаи «Равшан»-ро коршиносон бар зарари ин даста медонанд. Дилшоди Назирмад, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, нафароне, ки аз сафи даста берун шудаанд, аз собиқадорон ва фаъолони даста буданд: «Инҳо сутуни мустаҳками даста буданд. Аз нигоҳи мо мухлисон ҷои онҳо холӣ ҳаст. Агар дар бозии навбатӣ легионерҳои қавӣ наоранд ба ҷои онҳо, эҳтимол даста ба шикаст рӯ ба рӯ шавад. Легионерҳо ҳам то одат мекунанд, ки вақт мегузарад. Хубтар мебуд, ки ақалан се нафар аз ин бозигарон дар даста мемонданд. Ҳарчанд, ҳоло дар даста бозигарони хуб вуҷуд дорад, аммо ҳар нафар ҷои худашро дорад».
Аммо як манбаъ, ки нахост, номаш ифшо шавад, гуфт, ҳамаи ин панҷ бозигар бинобар нагирифтани маош аз даста берун шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, тайи ду моҳи ахир сарпараст ба даста маблағ намедиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Эраҷ Холов мегӯяд, паи дарёфти маблағ бо роҳи тиҷорат аст ва то моҳи январ бояд маросими хонадоршавиашро баргузор кунад.
Баҳром Рустамов низ мегӯяд, ҳадафи ниҳоии онҳо то моҳи январ чемпиони Тоҷикистон шудан ҳаст. Дастаи футболи «Равшан» дар Тоҷикистон пас аз он маъруф шуд, ки ба яккатозии дастаи «Истиқлол», дастаи футболи Рустами Эмомалӣ, фарзанди президенти кишвар мухолифат кард. То фаъол шудани дастаи «Равшан», дастаи «Истиқлол» мағлубнопазир буд, аммо пас аз эътирози мухлисони «Равшан», ин даста дар чанд бозӣ «шикаст хӯрд».
Соли гузашта ин дастаро “Агроинвестбонк” маблағгузорӣ мекард, аммо пас аз боздошти Сафармад Рустамов, ба қавле мухлиси ашадии ин даста ва эътирози мухлисони он, ин бонк аз маблағгузорӣ даст кашид.
Гуфта мешавад, сарпарастии «Равшан»-ро акнун домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Муҳамммадзоҳир Соҳибов - молики ширкати "Фароз" ва бозори "ҲоҷӢ Шариф"-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба ӯҳда гирифтааст, вале бо далелҳои номаълум ду моҳ боз ба ин даста маблағ намедиҳад.
Дастаи «Равшан» аз сермухлистарин дастаи футбол дар Тоҷикистон аст, ки айни ҳол дар сабқати Лигаи олии кишвар дар мақоми дувум аст ва барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон талош дорад.