Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи норушани толибилмони бозгашта


Ахиран беш аз сад нафар толибилми тоҷик, ки дар мадрасаҳои мазҳабии ғайрирасмии Эрон таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд. Бисёре аз онҳо мегӯянд, дубора барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ, вале ба мадрасаҳои расмӣ хоҳанд рафт.

Фирадвси Саидаҳтам, сокини шаҳри Душанбе, чор сол қабл бо ҳадафи омӯзиши улуми исломӣ бо тавсияи дӯстон ба Зоҳидони Эрон сафар карда, то оғози ҳафтаи ҷорӣ дар яке аз мадрасаҳои он таҳсил мекард. Ӯ мегӯяд, ҷавонони зиёди тоҷикистонӣ дар мадрасаҳои вилояти Балуҷистон ва Сиистон таҳсил мекунанд. Сокинони ин манотиқи Эрон аслан суннимазҳаб мебошанд ва аз ҳамин хотир ҳам, ҷавонони тоҷик бештар барои таҳсил ба он ҷо мераванд. Вале дар бисёр ҳолатҳо, маҳз дигар будани мазҳаб ба онҳо дар гирифтани раводиди ин кишвар мушкил эҷод мекардааст.

Таҳсил бидуни раводид дар мадрасаҳои Эрон

Фирдавс гуфт, ки дар мадрасаи Эрон шумори донишҷӯёни хориҷӣ зиёд буда, маъмулан муҳассилини бидуни раводид мекӯшанд аз ҳудуди мадраса берун нараванд. Таҳсил дар мадраса ройгон аст, донишҷӯён бо лавозимоти таълим, ҷойи хоб ва ғизо таъмин ҳастанд.

Фирдавс афзуд: «Дар мадрасаҳои Зоҳидон риштаҳои мухталиф мавҷуд аст. Тафсир ва тарҷумаи Қуръон, улуми ҳадис ва улуми фиқ ва амсоли инҳо мавҷуд аст. Онҷо мегӯянд, шӯъбаи ҳифз асту шӯъбаи китобӣ — яъне масъала. Мо тайи чор сол дар ҳамин бахш таҳсил кардем. Уламое, ки онҷо буданд, ба мо хуб хизмат мекарданд. Аз мо ҳеҷ пул намегирифтанд».

Фирдавс мегӯяд, ӯ ва дигар муҳассилини тоҷики мадрасаҳои Зоҳидон баъди даъвати раисҷумҳур, ба вижа пас аз мулоқоти намояндаи вазорати умури хориҷа ва кумитаи дини кишвар бо онҳо, тасмим гирифтанд ба ватан баргарданд. Мақомоти Тоҷикистон барои таҳияи шароити бозгашт аз назари аснод ба донишҷӯён кӯмак кардаанд, гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, ҷавонон билети ҳавопайморо барои бозгашт ба Тоҷикистон бо маблағҳои худ харидорӣ кардаанд. Аммо масъулини кумитаи дини кишвар мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дархост кардаанд, ки баҳои билетро барои ин гурӯҳи ҷавонон панҷоҳ дарсад арзон кунанд.

"Мехоҳам боз ба хориҷа барои таҳсил равам"

Фирдавс мегӯяд: «Дар оянда мехоҳам дар донишкадаи исломӣ таҳсиламро идома бидиҳам ва баъдан ба хориҷи кишвар барои идомаи таҳсил биравам. Аммо ба мадрасае, ки расмӣ бошад».

Ҳоли ҳозир, ба гуфти Фирдавс, эҳтимолан аксари кулли муҳассилини тоҷики мадрасаҳои Зоҳидон ба ватан баргаштаанд. Вай гуфт, шунидааст, ки барои баргардонидани ҳудудан 40 донишҷӯи дигар, яъне гурӯҳи охирини муҳассилон мақомот кор мебарад.

Дар ҳамин замина Наҷмиддин Салимов, як масъули кумитаи дини Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, тибқи дастури раисҷумҳур, аз кишварҳои исломӣ танҳо донишҷӯёне баргардонида мешаванд, ки ба таври ғайрирасмӣ дар он ҷо зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Ҳукумати кишвар, бо зикри ин ки дар ҳодисаҳои нохуши ахир дар Тоҷикистон муҳассилини чунин мадрасаҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ даст доштанд, талош доранд толибилмонро ҳарчи зудтар ба ватан баргардонанд.

Наҷмиддин Салимов гуфт: «Ҳама ҳамин таркишҳое, ки ба вуқӯъ пайваст, дар онҳо ҳамин толибилмҳои мадрасаҳои ғайрирасмӣ даст доштанд. Барои ин мо худамон шароит дорем, дар ҳамин ҷо метавонанд таҳсили илм кунанд. Онҳо дар оянда метавонанд ба хориҷа барои идомаи таҳсил бираванд».

Бозгашти толибилмон аз Эрон

Дар фурӯдгоҳи пойтахт шоми душанбе ба пешвози донишҷӯён волидону хешу наздикони зиёдашон ҷамъ омада буданд. Волидонро эҳсоси омехта фаро гирифта буд. Бархе аз онҳо аз бозгашти фарзандонашон, ки тӯли солҳои тулонӣ имкони дидорбиниашонро надоштанд, изҳори хушнудӣ мекарданд, аммо гурӯҳи дигар аз ояндаи ба андешаи худи онҳо норӯшани ҷигарбандонашон изҳори нигаронӣ мекарданд.

Зебунисо Абдуллоева, як сокини шаҳри Кулоб, мегӯяд, фарзандаш 21-сола буда, пеш аз сафар ба Эрон дар донишкадаи исломии кишвар таҳсил мекард. Вале чор сол пеш ӯ ба Эрон фиристода шуд. Хонум Абдуллоева эътироф мекунад, ки дар бораи таҳсили фарзандаш итилоъи комил надошт ва танҳо медонист, ки шароити зист ва омӯзиши ӯ дар Зоҳидон хуб мегузашт.

Ӯ афзуд: «Ҳамин дини исломро меомӯхт, дигар намедонам. Мегуфт, ки шароитам нағз, хонда истодаам. Мехоҳам, ки биёяд, ихтиёраш мехонад намехонад. Ба наздам ояд, шуд».

Мусоҳиби дигари мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард ва ба пешвози додараш омада буд, гуфт онҳо аз бозгашти бародараш шод нестанд. Зеро дар Тоҷикистон аксар ҷавонони оилаҳои камбизоат бекоранд ва имкони молии идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таълимии дохилӣ надоранд: «Ин қадар бачаро оварда чи кор мекунанд? Ҳамин қадар ҷавонон дар инҷо дар дискоклуб гаштаанд. Ҳамонҷо мехонданд, хуб буд».

"Фарзанди ман дарси ифротгароӣ намеомӯхт"

Тоҳир Авазов, сокини ноҳияи Нуробод, гуфт, ду сол аст, ки фарзанди 17-солааш дар Эрон таҳсил мекунад ва таъмини молии таҳсили ин наврас аз ҳисоби садақаи мардуми атрофи мадраса будааст. Ӯ мегӯяд, ба ин ақида розӣ нест, ки фарзандони онҳо дар мадрасаҳои хориҷӣ дарси ифротгароиву терроризмро меомӯзанд. Вай мегӯяд, зимни сафараш ба Зоҳидон мушоҳида накардааст, ки писараш бо омӯзиши маводи “шубҳаангез” машғул ва ё рафтори устодони мадрасаҳо ғайри маъмулӣ бошад.

Мусоҳиби навбатии ман, ки аз бурдани номаш худдори кард, гуфт, фарзанди 12-солаашро бо ҳамин роҳ шаш моҳи пеш бо худ ба Зоҳидон бурда, шомили яке аз ин мадрасаҳо кардааст. Ин падар дар ташвиш буд, ки баъди бозгашти писари ноболиғаш аз ҷониби мақомот мавриди фишор қарор нагирад: «Нав бурда будам ба Зоҳидон. Ба Афғонистон гузаронда меовардам хубтар буд. Ба ном мо демократему, лекин дар асл не».

Аксари волидон дар сӯҳбат бо мо таъйид карданд, ки воқеан ҳам ба хотири таҳсили ройгони фарзандашон дар кишварҳои исломӣ бо харҷи камтари маблағ гӯё бо ҳадафҳои ҷаҳонгардиву сайёҳӣ виза гирифта онҳоро ба таҳсил сафарбар кардаанд.

Бо расидани 137 толибилми тоҷик аз Эрон дар оғози ҳафтаи ҷорӣ, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, шумори куллии ҷавонҳои баргашта аз кишварҳои исломии Эрон, Покистон ва Миср акнун ҳудудан 1500 нафарро ташкил медиҳад.

Давлат Назриев, сухангӯи ин вазорат дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфтааст, ки ба Тоҷикистон танҳо он донишҷӯёне баргардонида шуданд, ки ба гуфтааш дар мактабҳои “шубҳанок, зеризаминӣ ва ё ғайриқонунӣ” таҳсил мекарданд. Айни замон, гуфт оқои Назрӣ, сухан дар бораи “бозгардони пурраи” донишҷӯёни тоҷик аз ин кишварҳо намеравад.
XS
SM
MD
LG