Дар ин бора ба радиои Озодӣ Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ ва раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми июл тавассути телефон аз шаҳри Лондон хабар дод.
Ҷаноби Раҷабалиев афзуд, “Дар ин маросим раиси деҳаи олимпӣ, сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ва ҳайати варзишии кишвари мо ширкат доштанд. Мизбонон ба мо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Мо низ ба онҳо тӯҳфаҳо супурдем. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари парчамҳои миллии беш аз 200 кишвари ҷаҳон дар деҳаи олимпӣ то рӯзи 12-уми август парафшон хоҳад шуд. Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Лондон-2012, ки аз 27-уми июл то 12-уми август баргузор мешавад, 16 варзишгар дар 7 риштаи варзиш намояндагӣ мекунад.”
Ба гуфтаи раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ҳамин ҳол дар деҳаи олимпии Лондон 12 варзишгар ба сар мебарад: чаҳор нафар дар риштаи бокс - Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, 2 нафар оид ба варзиши сабук – гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко, 2 нафар оид ба дзюдо - Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, 2 нафар оид ба таэквондо - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, 1 нафар оид ба шиноварӣ - Катерина Измайлова ва 1 нафар оид ба тирандозӣ – Сергей Бабиков.
Чаҳор нафари дигар – гуштигирони тарзи озод Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, ки мусобиқаашон дертар, 10-уми август, шурӯъ мешавад, авоили август ба Лондон меоянд.
Дар маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ, ки 27-уми июл дар Варзишгоҳи олимпии Лондон барпо мегардад, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мебошад.
Ҷаноби Раҷабалиев, инчунин, иттилоъ дод, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ ба Лондон сафар хоҳад кард. Ӯ гуфт, “мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, бо варзишгарони тоҷик рӯзи 26-уми июл дар деҳаи олимпии пойтахти Бритониёи Кабир - Лондон дар назар аст.”
Бар асоси тақвими мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ нахуст рӯзи 28-уми июл соати 16 ба вақти Душанбе Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангча ба масофаи 10 метр ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.
Инчунин рӯзи шанбе ду муштзани тоҷик – Анвар Юнусов ва Собирҷон Назаров дар риштаи бокс дар даври 1/16-ниҳоӣ иштирок мекунанд. Рақобати Анвар дар вазни то 56 кг соати 17:30 ба вақти Душанбе ва қувваозмоии Собирҷон дар вазни то 75 кг соати 19:00 оғоз меёбанд.
Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:
28-уми июл
Тирандозӣ. 16.00. Сергей Бабиков (туфангча, 10 м, сабқати интихобӣ).
Бокс. 17.30. Анвар Юнусов (то 56 кг, 1/16 финал).
Бокс. 19.00. Собирҷон Назаров (то 75 кг, 1/16 финал).
30-юми июл
Дзюдо. 13.30. Расул Боқиев (то 73 кг, 1/4 финал).
Бокс. 18.45. Ҷаҳон Қурбонов (то 81 кг, 1/16 финал).
1-уми август
Дзюдо. 13.30. Парвиз Собиров (то 90 кг).
3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).
5-уми август
Бокс. 18.30. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/8 финал).
6-уми август
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).
10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).
11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).
12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).
Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд. Барои барандаи медали тилло 300 ҳазор сомонӣ, медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва нишони биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.
Бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба ғайр аз манзилҳои дуҳуҷраӣ, инчунин, унвони “Шаҳрванди ифтихории Душанбе” дода мешавад. Ба варзишгарони пойтахти кишвар, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои дувумро мегиранд, мукфотпулӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, 35 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон эълом кард, ки барои варзишгарони тоҷик - ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 манзили дуҳуҷрагӣ медиҳад.
Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Ориёнбонк” ба барандагони нишонҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ваъдаи навъҳои мухталифи мошини “Лексус” кардааст.