Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия омодаи сармоягузорӣ дар тарҳи КАСА-1000 аст


Ба навиштаи матбуоти Покистон дар Исломобод дуввумин ҷаласаи гурӯҳи кории Покистону Русия баргузор шудааст.

Дар он ҷонибҳо ҳамчунин тарҳи бунёди хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро, ки CASA-1000 ном дорад, баррасӣ кардаанд.

Баъд аз машварати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи бунёди ин хати интиқоли нерӯи барқ, Русия изҳори омодагӣ кард, ки мехоҳад сармоягузорӣ дар сохтмони CASA -1000-ро бар ӯҳда бигирад.

Дар ҷаласаи Исломобод имкони пайвастани Русия ба ин тарҳ баррасӣ шуд. Дар сурати сармоягузорӣ, имкон дорад Русия ин хати интиқоли барқро зери назорати худ дарорад.

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

Гуфта мешавад барои иҷрои ин тарҳ, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод, беш аз 950 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Парлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи январи соли 2010 созишномаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар бораи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасвиб карда буд.

Вале бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон, ки худ ба камбуди барқ рӯбарӯст, танҳо дар сурати сохтани нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" метавонад ба Покистону Афғонистон барқи бештар интиқол бидиҳад. Дар ҳоле, ки сарнавишти ин нерӯгоҳи азим норӯшан боқӣ мондааст ва Бонки Ҷаҳонӣ низ ташхиси ниҳоии тарҳи "Роғун"-ро то ҳол эълон накардааст.
XS
SM
MD
LG