Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаҳоргона" дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва "Нақшаи роҳ"


Нишасти сарони Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон бо имзои як эъломияи муштарак ба поён расид.

Бар пояи ин эъломия самтҳои ҳамкории чаҳори кишвар мушаххас шуда ва қарор аст, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгaроӣ ва маводи мухаддир густариш ёбад.

Иҷрои тарҳи СASA-1000, ки интиқоли барқ аз Осёии Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро дар назар дорад, дар меҳвари музокироти чаҳор раисиҷумҳур -- Дмитрий Медведев, Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

ТАРҲҲОИ РӮЗИ МИЗ

Ин буд, ки ҷаноби Медведев дар поёни нишаст эълон кард, ки кишвараш аз тарҳи CASA-1000 ҳимоят мекунад ва омодааст. садҳо миллион доллар ба ин тарҳ сармоягзорӣ кунад, аммо то ҳанӯз расман даъват нашудааст: «Вақт аст, ки аз сухан ба амал гузарем, тавре ҳамтоёни ман ҳам имрӯз зикр карданд. Чанд тарҳ мавҷуд аст, ки ба истилоҳ, рӯи миз истодаанд ва ҳаракат намекунанд, аммо бояд амалӣ шаванд. Манзури ман, тарҳи CASA – 1000 аст, ки интиқоли энержӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. Русия омодааст, дар ин тарҳ ширкат кунад ва ҳатто маблағҳои бузург сармоягузорӣ намояд. Аммо барои ин бояд қарорҳои зарурӣ ва ташкилӣ ба тасвиб расанд, то моро ба он даъват кунанд. Ҳамчунин сухан дар бораи тарҳҳои фаромиллии бузурги газ, дар мисоли ТАПИ меравад, ки мо дар он низ омодаем, ширкат кунем.»

Раисҷумҳури Русия дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми нишасти чаҳоргонаи раҳбарони Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Русия дар Душанбе сӯҳбат кард. Ин нишасти саввуми чаҳоргона тайи се соли ахир аст, ки бо ибтикори Тоҷикистон ташкил шудааст ва дар оғоз як чаҳорчӯбаи баррасии масоили ҳамкориҳои иқтисодии чаҳор кишвар муаррифӣ шуда, масъалаҳои маҳдудтареро ба баррасӣ гирифта буд.

Аммо Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сароғоз аз масоили амнияти минтақа, бавижа вазъияти Афғонистон сухан кард: «Мо ба барқароркунии Афғонистон манфиатдорем ва ҷомиаи ҷаҳониро даъват мекунем, ки қарорҳои конфронси соли гузашта дар Кобулро ба куллӣ иҷро кунад. Мо пешниҳод кардем, ки соли дигар ин конфронс дар Тоҷикистон баргузор шавад. Мо бар ин боварем, ки кӯшишҳои мо дар ин самт дастовард дар пай хоҳад дошт. Агар аз ин воқеият бархӯрд кунем, ки ҳалли низомии мушкилоти Афғонистон вуҷуд надорад, амалиёти ҷоизи низомӣ бояд бо таҳкими артиши Афғонистон, тарҳҳои ғайринизомӣ мувофиқ бошанд, ки барои эҳёи иқтисодии кишвар равона шудаанд»

РОҲҲОИ БА СӮИ "ОБҲОИ ГАРМ"

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон низ аз ҳамкориҳои чаҳоргона рӯи муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ сухан кард, аммо аз мӯҳтавои нишаст бештар рӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ тамаркуз намуд: «Мо имрӯз имкон доштем, ки дар бораи «обҳои гарм» сӯҳбат кунем. Имрӯз мо тавонистем сари тиҷорат то «обҳои гарм», роҳҳои заминӣ ба «обҳои гарм» ва ҳамкориҳои минтақаву ҷаҳон музокираву сӯҳбат кардем. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ абарқудрати Чин, Русия ва ҳам Покистон барои ҳалли мушкилоти оянда дар минтақа нақши созандаро умедворанд.»

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби чаҳоргонаро қисмати мантиқии кӯшишҳои байнулмилал барои ҳалли масоили минтақавӣ, қабл аз ҳама Афғонистон унвон кард: «Аз ҷониби ҷонибҳо лутф шуд, ки ба масъалаи Афғонистон таваҷҷӯҳи зиёд карданд. Мо ҳам ба ҳамкории кишварҳои минтақа арҷгузорӣ мекунем. Ва нигарониҳои онҳоро дар робита ба Афғонистон дарк мекунем. Бовар дорем, ки самимият доред ва бо ҳам шоҳиди як ояндаи дурахшон ва шукуфони кишвари мо хоҳем шуд.»

ПЕШНИҲОДИ ТАҲИЯИ "НАҚШАИ РОҲ"

Дар изҳороти муштараке, ки пас аз нишасти раҳбарони Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон пахш шуд, низ бар ҳамкориҳои муштарак алайҳи терроризму экстремизм, рушди равобити иқтисодӣ, қабл аз ҳама соҳаҳои тиҷорат, энержӣ, мухобарот, рушди зерсохторҳо ва сармоягузорӣ дар соҳоти саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва кимиёву хӯрокворӣ таъкид шудааст.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки як «харитаи роҳ»-и ҳамкории дарозмуддатро вазоратҳои иқтисоди чор кишвар омода кунанд. Ҳамчунин ҷонибҳо аз талошҳои ҳукумати Афғонистон барои дастёбӣ ба мусолиҳаи миллӣ, ба ӯҳдаи нерӯҳои мусаллаҳои ин кишвар гузоштани амнияти кишвар дар ҷараёни «Раванди Кобул» ҷонибдорӣ карданд.

"Чаҳоргона" дар ҷустуҷӯи роҳҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
Линки мустақим


Дар ин нишаст пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ барои Афғонистон дар таърихи 26 — 27 март дар Душанбе низ ҷонибдорӣ шуд. Ҳамчунин даъвати Покистон барои баргузории даври навбатии нишасти чоргона дар Исломобод пазируфта шуд.

Раҳбарони Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон барои нахустин бор соли 2009 дар Душанбе дидор ва музокирот карда буданд. Бори дигар онҳо дар соли гузашта онҳо дар шаҳри Сочии Русия ҷамъ омаданд.


Бархе аз таҳлилгарони тоҷик бар ин назаранд, ки изҳороти Дмитрий Медведев дар заминаи омодаи ин кишвар барои сармоягузории иҷрои тарҳи КАСА -1000 ваъдае беш нест.

НАЗАРИ КОРШИНОСОН БА НАТИҶАҲОИ НИШАСТ

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, дар ин замина чунин назар дорад, «мо борҳо шоҳиди ваъдаҳои Русия барои сармоягузории лоиҳаҳо, ба хусус дар Тоҷикистон ва рушди иқтисодии ин кишвар шудаем. Аммо ҳамеша ин дар шакли ваъда аст. Русия на ҳамеша ба ваъдааш вафо кардааст. Ҳарчанд мо Тоҷикистон хостори ҳамкорӣ бо Русия ҳастем. Русия ҳеҷ гоҳ дар мавриди пиёда кардани ваъдааш манфиати бештари худашро сарфи назар намекунад.»

Ин аст, ки ҷаноби Собиров ин иқдоми Русияро як ваъда медонад вале ибрози умедворӣ мекунад, ки «Худо кунад, ки ин амалӣ шавад ва дар қиёс ба ваъдаҳои пешинаааш як амали мусбат анҷом ёбад.»

Аммо Давлатмурод Ҷумаев, раиси Ассотсиатсияи миллии дастгирӣ ва рушди соҳибкории Тоҷикистон иқдоми Русияро ҷиддӣ медонад. Зеро ба таъкиди ҷаноби Ҷумаев, «КАСА -1000 аз тарҳҳои сердаромад ба шумор меравад ва Русия аз тариқи сармоягузорӣ дар ин лоиҳа дар оянда маблағҳои ҳангуфте ба даст меорад. Чун иҷрои ин лоиҳа имкон хоҳад дод, то Русия, ки молики Сангтӯда-1 аст, битавонад нерӯи барқро ба Афғонистону Покистон бифурӯшад ва маблағи зиёде ба даст орад».

Ҷаноби Ҷумаев ба ин назар аст, ки ҳатто Русия метавонад ва алдоқаманд аст, ки 50 дар сади ҳазинаи ин лоиҳаро пардохт кунад.

Аз сӯи дигар Давлатмурод Ҷумаев мӯътақид аст, ки иҷрои ин тарҳ ва ба даст омадани маблағҳои ҳангуфт Русияро водор хоҳад кард, то худаш барои сохтмони неругоҳи Роғун алоқаманд шавад ва дар консорсиуми байналмилалии ин тарҳ ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG