Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши тиҷоратии Покистону Тоҷикистон


Имрӯз, 31-уми май, нахустин ҳамоиши тиҷоратии Покистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Ба қавли Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 30-юми май ҳудуди 100 нафар тоҷир ва сармоядорони Покистон барои омӯзиши фазои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон, вориди Душанбе шуда
Барномаи КАСА-1000 ва ё сохтмони Роғун, ба ҳамкории Покистон чандон бастагӣ надорад...

буданд.

Раёсати ин ҳайъати покистониро президенти Палатаи савдои федеролии Покистон, сенатор Ҳоҷӣ Ғулом Алӣ, ба ӯҳда дорад ва имрӯз, 31-уми май, дар "Кохи Ваҳдат" форуми тиҷоратии Покистон баргузор мешавад.

Тоҷирони покистонӣ барои ҳамкорӣ дар бахшҳои нассоҷӣ, мошинсозӣ, саноат, тавлиди дору, саноати озуқа, алоқа, сайёҳат ва коркарди пӯст алоқамандӣ нишон дода, омода ҳастанд, ки дар ин бахшҳо сармоягузорӣ кунанд.

Саид Навид Қамар
Ин аввалин ҳамоиши тиҷоратии Покистон ва Тоҷикистон аст ва мақомоти тоҷик умедворанд, ки ин ҳамоиш ба тавсеаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар кӯмак хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ахири моҳи феврали соли ҷорӣ Саид Навид Қамар, вазири хусусигардонии Покистон бо як ҳайъат дар Душанбешаҳр буд ва дар иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои давлатӣ, масоили ҳамкориҳо дар бахши энержӣ, бахусус иҷрои тарҳи КАСА-1000 матраҳ буд ва ин кишвар алоқаманди ҳамкорӣ дар иҷрои ин тарҳ шуд.

Аммо дар форум ё ҳамоиши тиҷоратие, ки тоза ба кор оғоз кардааст, масъалаи ҳамкориҳои энержӣ матраҳ нест. Бархе аз коршиносон инро ба натиҷаи сафари ахири нахуствазири Покистон ба Узбакистон рабт медиҳанд, ки Узбакистон талош карда буд аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар бахши энержӣ ҷилавгирӣ кунад.

Саъдии Юсуфӣ
Мақомоти Узбакистон гуфта буданд, ки агар Покистон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон худдорӣ кунад, Узбакистон дар Покистон ду нерӯгоҳи обӣ хоҳад сохт ва ниёзи Покистон ба нерӯи барқ аз нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистонро аз байн хоҳад бурд.

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, ба ин далел Покистон масъалаи ҳамкориҳои энержӣ бо Тоҷикистонро дар ин форум матраҳ накард. Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси масоили минтақавӣ мегӯяд: "Барномаи КАСА-1000 ва ё сохтмони Роғун, ба ҳамкории Покистон чандон бастагӣ надорад. Ин барномаҳо аз Покистон дида, пуштибони қавитаре амсоли Бонки Ҷаҳонӣ дорад. Гузашта аз ин, Покистон аз иҷрои ин барномаҳо манфиат дорад."

Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳайати покистонӣ то рӯзи 3-юми июн соли ҷорӣ дар Тоҷикистон хоҳанд буд ва дар ин муддат дар сӯҳбату гуфтугӯҳо самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG